Бахшҳо

Аксу бардоштҳои як хонандаи “Озодагон” аз вазъи Украина

Як хонандаи “Озодагон”, ки ахиран аз Украина боздид кардааст, таҳлилҳо дар мавриди ба миён омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишварро дур аз воқеият хонда, гузориш ва ахбори расонаҳои Русияро ҷуз ҳангомае беш намедонад.

Ин манбаи муътамади мо, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “умуман мардуми Украина зираку ҳушёр ҳастанд. Ягон нишонаи сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дида намешавад. Ҳама ҷо орому осуда буда, ягон харобкорие ба ҷуз чанд бинои сиёҳи дудолуда ба назар намерасаду ҳама аз паси кору бори худанд.”

Ба гуфтаи ӯ, ВАО-и Русия барои нишон додани ҳақиқиати вазъи феълии Украина дур аз воқеият хеле талош дорад ва ҳатто русзабонони муқими ин кишвар низ аз амалкарди Кремл сахт норозӣ мебошанд: “Ҳатто русҳое, ки бо онхо мулоқот доштем, аз амалкардҳои Русия сахт нороҳат буданд.”

Дар мавриди кинаву адоват миёни русзабонон ва украиниҳо мусоҳиби мо илова менамояд, “ҳама ҳуҷҷатгузориҳо бо забони русӣ ва украинӣ буданду шабакаҳои телевизионӣ ва радиошунавоии русӣ низ бе маҳдудият фаъолият доштанд. Дар телевизионҳо барномаву филмҳои русӣ ҳамоно дар намоишанд. Каналҳои махсус кушода шудаанд, ки ба онҳо мардуми гуногун занг мезананд ва ибрози ақида менамоянд. Баъд коршиносону масъулон даъват карда мешаванд, то саволу ҷавоб сурат гирад. Дар саросари Украина ҳама бо русӣ ҳарф мезананд касе монеа ё нигоҳи ноҷое надоранд. Вале танҳо тамоми шахсиятҳое, ки аз Русия ба Украина ва баръакс сафар менамоянд, дар фурудгоҳҳои ҳарду ҷониб мавриди пурсуҷӯ ва кофтукоб қарор мегиранд. Ҳатто ба куҷо равонию туро кӣ пешвоз хоҳад гирифт, мепурсанду ба ӯ телефон ҳам хоҳанд кард.”


Ӯ баъд аз сӯҳбат бо сокинони Киев ба натиҷае расидааст, ки онҳо бо хоҳиши худ ба майдон баромадаанду мақсади ягонаашон равона сохтани кишвари худ ба самти демократия будааст: “Ман асосан бо олимон будам ва хулосаву мулоҳизаҳои онҳоро пурсидам. Онҳо мегӯянд, шахсони дорои ору номус ҳастанду зиёӣ ва бидуни ягон сармоягузории хориҷӣ ба майдон баромада, инқилоб кардаанд. Онҳо мегӯянд, мо ягон хел “бандерӣ” нестем. Аз оне, ки моро ВАО-и Русия намоиш медиҳад, сахт нороҳатем. Мо ба русҳову дигар қавмиятҳо эҳтиром қоилем. Аммо шиори мо он буд, ки Украина барои меҳанпарастони Украина аст! Ҳама маблағ ҷамъ мекарданду чой ё нони инқилобчиёнро таъмин месохтанд. Дар бораи он ки чаро алайҳи ҷудосозии Қрим аз Украина ба набард нахестем, ин аст, ки мо сӯи демократия ҳаракат дорем ва намехоҳем, худро ҳамчун ашхоси ваҳшӣ нишон диҳем.”

Ба қавли хонандаи мо, гӯиё мардуми Украина дар ин моҷароҳои худ аслан ба мансабдрони Ғарб ё кишварҳои Аврупою Амрико такя ва эътимоде надоштаанд: “Дар мавриди Созмони Милали Муттаҳид, украиниҳо мегӯянд, ки мо ба умеди Амрико ва Аврупо нестем. Зеро онҳо ба ҷуз "мо хеле мутаассирем ва хавотирем" дигар кору амале анҷом нахоҳанд дод.”

Мусоҳиби мо изҳор дошт, ҳоло тамоми мардони аз 18 то 40-сола дар Украина ба хидмати ҳарбӣ даъват шудаанд, ки миёни онҳо донишҷӯён ва устодони донишкадаву муассисаҳои илмӣ низ ҳастанд: “Чанд тан аз дӯстони ман, ки устоди яке аз донишгоҳҳои Киев мебошанд, гуфтанд, ҳоло барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ довталабона дар навбат қарор доранд. Мизони ҳиссиёти меҳанпарастии мардуми Украина аз ҳад боло рафтааст.”

Ӯ такя ба гуфтаҳои коршиносон ва олимони украинӣ дар мавриди пирӯз шудани гуруҳе дар интихоботи ояндаи президентии ин кишвар чунин ибрози ақдида намуд: “Бархе аз коршиносон тахмин мезананд, ки шояд дар интихобот соҳиби шоколадои “Рошен” ғалаба кунад. Баъзеи дигар аз номзадии Юлия Тимошенко нигаронанд ва шак доранд, ки ӯ ба Ватанаш хиёнат кардаасту шояд дубора кунад.”


Аксу бардоштҳои як хонандаи “Озодагон” аз вазъи Украина

Аксу бардоштҳои як хонандаи “Озодагон” аз вазъи Украина

Аксу бардоштҳои як хонандаи “Озодагон” аз вазъи Украина

Аксу бардоштҳои як хонандаи “Озодагон” аз вазъи Украина

Аксу бардоштҳои як хонандаи “Озодагон” аз вазъи Украина
Мӯҳр
Фарзанд
Акачони номаълум хамин аксхои фиристои шумо бозгуи дигар чизанд ба суханхои гуфтаатон мувофик нест

ЧИ БА ХИДМАТИ ХАРБИ РАФТАН ДАР НАВБАТАНД. МАГАР БАРОИ ХАМШАХРВАНДОНИ ХУДРО КУШТАН ДАР НАВБАТАНД. МАН БА ИН МАКОЛАИ ЧОПШУДА БОВАР НАДОРАМ.БА ВОСИТАИ АХБОРИ УМУМ ДИДА ТАХЛИЛ КАРДАМ КИ УКРАИНА ДАР ХАТАР АСТ ВА ХУКУМАТРО РАДИКАЛИХО БАНДЕРОВЦЫ ГИРИФТААНД ВА БО МАСЛИХАТИ ДУШМАНОНИ РУСИЯ АМАЛ ДОРАНД . ИНРО ХАМА МЕДОНАНД.

Акаи маълум
Ин акаи номаълум аз думравони "Правий сектор" аст. Агар хич гап наюошад, ними Украина номаъкул карда бинохоро забт мекунанд. Хама чонибдор бошад, барои чй армияро ба сари мардум оварданд. Бечорахо гушнаву ташна аз мардуми махал нону об гирифта истодаанд. Таблигат ба кор намеравад. Точикора гул назан...

Эълон
Барои ёфтани муаллифи ин мавод президенти конунии Украина - Янукович мукофот дар хачми 25000 $ мукарар кардааст. Янукович хамзамон иброз доштааст, ки почерки ин муаллиф ба муаллифи аз барномаи интихоботии у истифода карда хеле монанд аст. Эхтимол аст, ки ин олими чавон бошад. Биёед ба Янукович кумак мекунем ва хам сохиби мукофот мешавем. Ба пеш!

Рахмдил
Хамин ба баъзехо хайронам о ин мард бо чашмонаш дидааст. ВАО-и Руссия дуруг мегад гуфтесай ку.

Аз ин чанги Америкаю Русия монда фоида нестай. Проста ин мардаки ба чашмош дидаги Украинара мехохад гранти ай хоричихо гирифтагиша халол куна. Мо дурак нестем ки дуруги ВАО-и гарб ва русияра надонем. мора дарс нате "рахмдил" мардаки бугу ки муаллиф худти. чи бо номи рахмдил каментария менависи? Мардак номашро чогах намекна. Акалан псевданим ё лакабта менавишти. О и читари хабарай ки муаллиф номша наовардай.

Русиях госиб аст ва он кореро ки дар Точикистон солхои 90ум кард мехохад дар Украина кунад.Украина давлати алохида аст ва у мухтор аст ки бо кадом давлате набошад хамкори кунад худи Русиях 10 сол даводави кабул шудан ба НАТО ро дошт ва 12 сол шарики ЕВРОСОЮЗ буданро ва уро шармандавор пеш карданду кабулаш накарданд инак чун Украинаро кабул карданд Русиях ин бозиро сар кард....Точикстонро ин хама проблема аз Русиях аст мисли дигар собик республикахои шурави

Дустони азиз, муаллиф дуруст мегуяд!
Дируз тамошо кардам худ Путин икрор шуд, ки дар тамоми паси инкилобчиёни чудохох ва тарафдорони федрализм армияи мо меистад! Ин хама заминхои Хукумати подшохии Рус хастанд, ва мо намедонем барои чи хукумати Шурави хамаро ба Украина дод! (Путин дирузакак)!
Ба ин чи мегуед мардум???
Путин мехохад бо дасисае хамаи шахрхои ба таърих ба онхо наздикро бо хар дасиса бигирад!!!!!!!!!!!!!!

Сафар
Вакте,ки ба андешахои бесаводона ва бемантики дустон назар медузи дуд аз димор мебарори!Бародарони азиз ахолии Украина зиёда аз 85 фоиз украинихо хастанд.Дар кадом асос федерализация?Ин амали русхо тамоми чумхурихои собик шуравиро аз худаш мегурезонад.Дар вакташ худи хамин русхо аз СССР ру гардонида,зиёда аз 15 сол аъзои НАТО шудан хостанд,лекин онхоро рох надоданд.Холо бошад дар бархе аз шахру вилоятхои Украина ба мардуми бекор пул дода,онхоро хезонида истодаанд.Сценарияи соли 92 и Точикистон ва соли 94 и Чеченистонро ончо рохандози карда истодаанд,лекин халки украини аз русаш низ безор асту аз янкихояш низ.Мардуми украини аз ивасоити ахбори оммаи дуругини русхо,ки хамаи онхоро бендер хонда истодааст ба шур омадааст.Мана дина руз пасхаи православиро аз калисохои Маскаву Крим нишон доданд.Ончо ин мурдум бахри химояи "рустаборон"гуён бархостаанд.Аз тарики телевизионхои Украина аз калисохо бошад попи Украина Руссияро игвогар ва душман дониста,мардумро ба якдили ва химояи марзи ягонаи Украина даъват кард.Наход ба шумо матбуоту телевизиони дуругини русхо,ки солхои 92-93 -200 хазор точики бегунохро катли ом карданду дигар нагмаро месароиданд дарси ибрат нашуда бошад?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)