Бахшҳо

Бозгашт ба баҳси Тутубалина, зиёиён ва “наҷосат”-и Ленин

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии вакилони мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ва муҳаррири он - Олга Тутубалина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахтро ба баррасӣ мегирад. Тавре аз "Азия-Плюс" хабар доданд, ин мурофиа бояд баъд аз зӯҳри 29 апрел дар додгоҳи пойтахт баргузор мешуд, вале додрас онро ба 30 апрел гузоштааст.

Баррасии шикояти кассатсионии вакилони мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ва муҳаррири он - Олга Тутубалина дар ҳолест, ки ахиран Созмони хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз додгоҳи марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон даъват карда буд, қарор нисбат ба рӯзноманигор ва нашрияро бекор кунад.

Ин созмон қарори додгоҳ, ки Тутубалинаро муваззаф намудааст, барои таҳқири қишри зиёӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад, беасосу ғайримантиқӣ ва як зарбаи сахт барои рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон хонда буд. Созмони хабарнигорони бидуни марз ёдрас карда, ки Сарқонуни Тоҷикистон кафолати баёни озодонаи фикр ба ҳар шаҳрвандро додааст ва Тутбалина низ бо истифода аз изҳороти Ленин назарашро баён кардааст: “Аз додгоҳи марҳилаи касатсионӣ хоҳиш карда мешавад, ки бо назардошти талаботи қонун қарор алайҳи Тутубалинаро бекор кунад, чун он зарба ба тамоми журналистикаи Тоҷикистон аст.”

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ дар мавриди баҳси додгоҳии як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” қарор кард, ки ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва ӯ бояд 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунад. Аммо вакилони мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ва муҳаррири он - Олга Тутубалина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикояти кассатсионӣ бурданд.

Тутубалина дар матлаби баҳсбарангезаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
Чи хел интеллигентхои як миллатеро гавно мегуфтасту боз ин озодии сухан будаст? Боз уро чарима накунанд, ки зарба ба журналистика будаст? Яъне интеллегенти точик гавно аст? Пас: Барзу Абдураззоков, Далер Назаров, Тимур Зулфикоров, Зебо Аминзода, Бозор Собир, Мухсин Мухаммадиев, Рашид Рахимов, Акбар Турсун, Муъмин Каноат, Сайрам Исоева, хочи Акбар Турачонзода, Афзалшо Шодиев ва гайра ...инхо ки хастанд? Тутубалина кур хонди! Ту дигар дар Точикистон ч,ой надори, хама ба ту нафрат мехонанд, бехтараш худат аз Точикистон рав!Интелегент - ин забони халк мебошад, вакте Интелегент - забони халкро гавно мегуяд, дигар халки одди низ ба таври автоматики гавно хисоб меёбад. Дар болои хар чапана савор карда уро аз Точикистон берунаш кунед, уро пеш кунед.

тамк ин
ольгабону дар хакикат сухани дуруст гуфтааст о нимзиеие чи хафа мешавед баръакс ба худ хулоса кунед ки бештари шумо номи зиеиро хор кардед лагандбардоред през идент гуяд готов шумо бошед всегда готов мегуед.Шумо зиеи бошед чаро хомушед чаро мушкилоти чомеаро руирост ба мардум намефахмонед дар хонаи худ танхо як чойник чойро пешатон гузошта чукур фикр кунед ки насли хозираву оянда ба шумо нафрат мекунад чаро хомушед чаро метарсед шумо тарсу шудед

сухан
ольга зани зебост канд зан

Бале, вокеан хам зани зебост. ин хел зани зеборо чарима кардан хайф аст, агар Тутубалина дилашро ба ман дихад ман ваъда медихам ки карзашро , яъне 30000 сомониро ба чои у месупорам...( бовар кунед, ман чидди гуфтам)

Саид,
Саид! 30000 ба Тутубалина дихи барои дилаш кудаконат чи мехуранд???

Яъкуб.
Дар Точикистон аслан зиеи вучуд надорад.Пас Олга хонум ин маблагро ба ки бояд пардозад.На танхо ачоиб балки ачоибот суду судчхо дорад ин режим...

ali
Самад, ту Ольгаро хато фахмиди. Вай на хамаро дар назар дошт...Лекин фикри у дуруст аст, кани бигу кадом интеллигент як бор ба Раисон гуфт, ки халк дарди дигар дорад, хама интеллигентон мадху сано гуянд, ё ин ки ба лаб кулух молидаанд. Ба фикрам Ольга зиёии хакикии миллат аст. Дили у дар хакикат ба халки Точикистон мусузад. Зинда бод Ольга!!! Нест бод начосат!

дар вохуриии президенти кишвар бо равшанфикрони кишвар ягон зией рочеъ ба проблемхо ва шароити паст ва барои рахои аз зисту зиндагии мардуми оддй ягон сухан карда буданд? боз ин кадар ба Ольгаи хакикатгу часпидаанд? албатта Ольга рост гуфта ва ин зиеихо ое онхо зиеиянд магар ки ин кадар хафа шудаанд? Ачабо зиеии хакики чизе дар ин маврид намегуяду ким кадом ки худашро зией гирифтааст судбозиву пулталабй мекунад, э охир шарм доред.

Samad,
ба фикрам як хел одамо ба хар чапа шишта ба шахри Душанбе омадагиан.
То хол нафахмиданд, на Душанбею, на шахрванд буднашро. Афсус.

Ольгаро набояд чарима кунанд, балки БОЛОИ ХАР ЧАПАНА савор карда аз Точикистон бояд берун кард. Ин асосан шоиру нависандахо, хунармандон, санъаткорон, рассомонро дар назар дорад ва хатто барои мисол бубинед ки номи шоир Бозор Собирро низ дар маколааш овардааст, хамин хел хаст ё нест? Агар ин номи ягон сиёсатмадорро меовард , дигар гап буд, лекин у номи шоири бехтарини точикро овард. ТУТУБАЛИНА РАВ АЗ ТОЧИКИСТОН!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)