Бахшҳо
30 апр 2014 09:48Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев дар Русия ба таъхир афтод

Ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик, ки интизор мерафт, 30 апрел дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав сурат бигирад, ба таъхир уфтодааст.

Нуъмон Мирзоев, падари ин сарбози латту кӯбшудаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, рӯзи 30 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба хотири баланд шудани ҳарорати бадан (темпаратура)-и Шаҳбол ҷарроҳии ӯ мавқуф гузошта шудааст. Ба гуфтаи Мирзоев, санаи дақиқи ҷарроҳии писарашро муттахассисони бемористони низомии Красногорски Русия гуфтаанд, баъд аз 1 майи соли ҷорӣ муайян хоҳанд кард.

“Феълан бархе доруҳои фармудаи табибони русро барои нигоҳ доштани ҳарорати баданаш медиҳем, вале ҳоло рӯзи дақиқи ҷарроҳӣ муайян нест”,-афзуд ӯ.

Шаҳбол Мирзоеви 23 сола фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорский интиқол ёфт.

Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, дар сӯҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфта буд, мақомот ба ваъдаи худ дар мавриди кумак ба писараш вафо накарда, ба қавли ӯ, беҳуда онҳоро нигоҳ доштаанд: “Агар онҳо ваъдаи хушку холӣ намедоданд, хеле барвақт худам бо фурӯхтани замину хона писарамро барои табобат мебурдам. Чи хеле имрӯз ҳамин корро кардам.”
Мӯҳр
номаълум
Худо шифо дихад бародар.

Худованд шифо дихадномаълум,

худованд шифо дихад

Cахрои
Намунаи олии ноодамгарии макомот нисбати сарбози камбагали точик, ки хини адои ХИЗМАТ маъюб шуд ва руирост аз хиссиёти бемасъулияти ва якрави ёри нарасониданд ва бечора падари камбагали мардикори Шахбол дар Россия саргардону дастнигар. Бовар кардем, ки шумо давлати кашшок, сум надоред, лекин як сумиву дусумми аз кормандон чамъ кардан мумкин буд ва сарбози маъюбро дар клиникаи Ибни Сино чаррохи мекард ва хочати мусофирату саргардони набуд. То ин дарачара президентро дар чашми халк шуму бемасъулият нишон надихед "мухтарам" макомдорони бемаком!

Бародарон хозир асри 21 аст чавонони хозира харруза хама чизро дар интернет мебинанд баъди ин наворхо ки ба хизмати харби рафтан мехохад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)