Бахшҳо

Номаи саркушодаи Иззат Амон ба раиси Маҷлиси Намояндагон

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, бо нашри номае аз ҳарфҳои Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон дар бораи теъдоди муҳоҷирон ва ҳаққи онҳо барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ ба ҳайси номзад изҳори норизоӣ кардааст.

Матни нома:

“Шукурҷон Зуҳуров. Баҳси Шумо бо вакили Маҷлиси Намояндагон Мухиддин Кабириро дар бораи ширкати муҳоҷирон ба ҳайси номзад дар интихоботи кишвар маҷбур сохт, то ин сатрҳоро бинависам. Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки парлумони Тоҷикистонро хомӯштарин парлумон дар ҷаҳон меноманд. Тӯли таърихи 20-солааш он то ҳол нисбат ба ҳеч лоиҳаи пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар ва ё қарордодҳое, ки аслан ба манфиати давлату миллат набуда танҳо манфиатҳои гуруҳеро ҳимоя менамоянд, садо баланд накардааст. Мисолаш ҳамон озод кардани IRS аз супоридани андози давлатӣ бо вуҷуди номаълум будани раҳбарияти ин ширкат ва низ додани қисмате аз хоки кишвар ба Чин мебошад. Агар аввалиро ба сахтӣ ҳам бошад, фурӯ барем, охирӣ ба гумони ман нобахшиданист, ки муҷримҳояш ҳатман дар назди миллат ҷавоб хоҳанд гуфт.

Гузашта аз ин, аксарияти кулли парлумонро намояндаҳои як ҳизб ташкил медиҳанду лоиҳа ва ё қарордодҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар бидуни баҳс қабул ва тасдиқ мегарданд. Яъне, дар ниҳоди зери раҳбарии Шумо танҳо манфиатҳои ҳизби ҳоким ҳимоя меёбанд. Мешавад гуфт, вакилони халқро ба ниҳоди зери раҳбарии Шумо интиҳоб нею таъин менамоянд. Баъзеҳоро аз рӯи ҷои зисту маҳал, баъзеи дигарро аз доштани мавқеи сиёсӣ ва идеологӣ ба ин ё он гуруҳ. Албатта, шунидани ин ҳарфҳо сахтанд, аммо ҳақиқат ҳамеша талх аст, ҷаноби раис! Боре дар як суҳбат аз ҷаноби Кабирӣ, ки чандин сол аст, вакили парлумон мебошад, пурсидам: Оё чунин шудааст, ки парлумон кадом пешниҳоди ҳукуматро рад карда бошад? Гуфт, “бале”. Дар як вохӯрӣ президент пешниҳод кард, дигар маро “Ҷаноби Олӣ” нагӯед, мо рад кардему гуфтем: На, мо мегӯем.

Ҳоло бигзарем ба асли масъала. Дар он суҳбататон Шумо зикр кардед, ки шаҳрванд агар 5 сол аз кишвар берун бошад ба таври автоматӣ аз шаҳрвандӣ хориҷ мегардад. Шумо инро қонуни конситутсионӣ номидед. Ба гумони банда, ин банди қонунро оиди шаҳрвандӣ комилан бояд аз Қонуни асосӣ ҳазф кард. Конситутсия бояд мутобиқ ба шароит ва вазъи мардум навишта шавад, на ин ки тақлиди кӯр-кӯрона бошад. Тамоми кишварҳо кӯшиш менамоянд, то сафи шаҳрвандонашон зиёд гардаду барои ин барномаҳои гуногунро ба хориҷиён пешниҳод менамоянд, то шаҳрвандии он кишварҳоро бипазиранд. Мо бошем, бо гузоштани муҳлат ва шарту шароитҳои нофаҳмою номақбул сафи шаҳрвандони худро кам менамоем.

Дигар ин ки зиёда аз 2 миллион шаҳрванди мо феълан дар муҳоҷиратанд. Бо набудани ҷойҳои корӣ ва маоши кофӣ дар кишвар теъдоди онҳо сол аз сол меафзояд. Ин ҳақиқатест, ки бо омори дурӯғин намешавад онро рупӯш кард. Дар ин миён, теъдоде ҳастанд, ки ҳамеша дар рафтуомад байни ду кишвар қарор доранду баъзеи дигар ин имконотро надоранд. Вакили парлумон Галина Рабиева дар исботи даъвои худ, ки чаро муҳоҷирон ҳаққи ширкат дар интиҳоботи кишвар ба ҳайси номзадро надоранд, гуфтааст, муҳоҷирон аз асл ва равандҳое, ки дар кишвар мегузаранд, бехабаранд. Ба гумони ман, ин ҳарфҳо нисбат ба муҳоҷирон туҳмати хушку холӣ ва дараҷаи баланди беинсофист.

Бояд зикр кард, солҳои охир аз Тоҷикистон на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишмандону олимон ва ходимони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ низ ҳиҷрат мекунанд. Ҳиҷраташон ҳам танҳо ба хотири ёфтани як даҳон нон мебошад. Аксарияти онҳо дар марказҳои илмии Русия кор менамоянд. Дониста бошед, ки танҳо дар ҳудуди Маскав ва навоҳии он зиёда аз 200 нафар омӯзгор дар донишгоҳҳои муҳтарами ин кишвар машғули тадрисанд. Ба гумони Шумо, ин устодон дар асри 21, асри илму техникаву интернет метавонанд аз равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварашон бехабар бошанд?

Албатта не. Бинобар ин, ман суханҳои Шуморо дар ҳаққи ин устодони муҳтарам таҳқир мешуморам. Ба ҳамагон маълум аст, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирон 80 дарсади буҷаи кишварро ташкил медиҳад. Мувофиқ бо омори расмии Тоҷикистону Русия муҳоҷирони корӣ солона 4,5 – 5 миллиард доллар ба хонаводаҳояшон пул мефиристанд. Мешавад гуфт, бонкҳои Тоҷикистон танҳо ва танҳо аз ҳисоби маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон фоидаҳои ҳангуфт ба даст оварда, андоз месупоранд. Яъне, дар умум ҳаминҳоянд, ки иқтисоди хнаводаҳоро мечархонанд.

Чизи дигаре, ки ба ҳама маълум аст, ин шумори ҷасадҳои ба Ватан овардаи муҳоҷирони корӣ мебошад. Солона мо зиёда аз 3 ҳазор тобут аз ин кишвар ба Ватан мефиристем. Қисмате аз инҳо ба таври маҷбурӣ аз дасти нажодпарастон кушта шудаанд. Яъне, муҳоҷирон ҷон дар каф гирифта, хонаводаҳои худ ва ҳукуматро мехӯронанду мепӯшонанд. Бар ивази ин ҳама ҷонбозиҳо ҳукумати кишвар чӣ хидмате барои муҳоҷирони ҷон дар каф анҷом додааст? Кай ва кадоме аз Шумо – намояндагони парлумони кишвар ва вакилони халқ боре ба суроғи муҳоҷирон омадед? Оё боре шудааст, ки Шумо ҳамчун раҳбари ниҳоди қонунгузор ва вакили халқ боре ба аёдати муҳочири бемору дилшикаста ва ё таъзияи хонаводаи муҳоҷир рафта бошед? Гумон накунам.
Намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар, яъне сафорату консулгарӣ ва Хадамоти муҳочират низ нисбат ба муҳоҷирон дақиқан ҳамон мавқеъеро доранд, ки Шумо доред. Боре надидаем, ки сафорату консулгарӣ ба суроғи муҳоҷири тоҷик рафта бошанд. Корашон танҳо фурӯши варақаҳои бозгашт ва бизнес мебошад. Бовар накунед, аз худи муҳоҷирон пурсед.

Ман ҳам муҳоҷирам. Инак, 15 сол аст, ки дар ҳиҷратам. Моҳе як бор ба ватанам танҳо ба хотири муҳаббати доштаам ба ин Ватан сафар мекунам. Дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Русия таҳсилу тадрис кардаам. Ҳамеша дар маҳфилҳои сиёсию фархангии ин кишвар даъват мешаваму аз мавқеи Ватану миллатам дифоъ мекунам.

Дар охир аз Шумо ва Галия Рабиева талаб менамоям, барои таҳқири зиёда аз 2 миллион шаҳрванди муҳоҷири тоҷик узрхоҳӣ кунед. Дониста бошед, Шумо ҳамеша наметавонед вакили халқ ва раиси парлумон бошед. Рӯзе мерасад, ки ҳар яке аз мову Шумо барои ҳар ҳарфу амаламон назди ин миллат ҷавоб хоҳем гуфт. Хуб аст, агар ин ҷавоб пешопеш гуфта ва карда шавад.

Иззат АМОН,
Раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия”
Мӯҳр
ТОЧИК
Боракаллоҳ чи номаи воқеъбинонае...

Билол
Зинда боши Иззат Амон аз мухочирхо туву Кабириву Зоиров дифо накунад дигархо намекунад.

Бекори мачбури
Номаи Иззат Амон хакикати хол аст ва агар бачам хар мох аз мардикории Россия ду се танга рои накунад, оилаи 6 нафараи мо аник аз гушнаги мемурем, худочон Россия модарчонро нигох дорад то фарзандони мо сихат саломат бошанд.

тоҷик
Як чахон ташаккур!!!

Хонанда
Саломат бош! Бародари азиз!!! Кам мондаанд Шумоёнбарин чавонмардони гами мухочирину миллату давлатро дарк мекарда. Ахсан бодат!!! Ахсан чавонмарди Мухочири дардманд!!!!!!

Мухочир
Чаноби Иззат! Хукумат ва мансабдорон кайхо боз сарзамини Точикистонро байни худ таксим кардаанд ва миллати точик дар ватани худ гуломи халкабардуш аст! Барои хамин аз 2 миллион мухочири кори безоранд ва намехоханд шунаванд ки онхо низ шахрвандони Точикистон хастанд, зеро чои инхо танг мешавад.

Иляс
Иззат 150 % рост мегуянд!!!
Шукурчон бояд узурхохи кунад

Азиз Кахорзода
Сафсатахои подархавои зиёд гуфти Иззат. Ба ту чавоб гуфтан вакти худро зоеъ намудан аст. Ун устодони дар назари ту нобига, манзурам Кабириву Хусайни дар парлумон лоихаи конуни худро бо назардошти манфиатхои шахсиву хизбиашон пешниход намудаанд, ки он ба хеч вачх кабул нахохад шуд. Дар як даъват як лоихаи пур аз хатову бемазмун пешниход мекунанду ба тамоми дунё хангома мебардоранд.

хатлон
салом ва паём ба бародар изат амон ин мардум парвои мухочирон надоранд барас раванди мухочират ба манфиати хукумат аст чор кампир ва муйсафед дар кишвар монда аст мардум ру ба мухочират оварданд ва мухочирин барои инхо кадре надоранд

1212
А. Каххорзода ту хам як лагандбардори чи. Хакикиатро чашмонат намебинад. Аз пушти ту баринхо ин миллати бечора хору зор аст.
Эй хамватанон миллати ман хор шудааст,
Айби дигарон ба гарданаш бор шудааст,
Эй хамвататанон санги газабро бибиред,
Хоки Ватанам зи мурда безор шудааст.
Туву дигару дигархоят аз пули мухочирон маош мегири ва кату кут мекуни.

Бале, вокеъбинона. Саломат Бошед Иззат Амон.

Мухочир
Офарин бародар Иззат Амон!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Парлумони кунунии точик парлумони мардуми нест ва нахохад шуд. Шукур Зухуров хатман бояд дар назди мардуми точик узрхои кунад. Вакилони дар ном мардумии точик, нангу номусашонро ба ивази пулу моли ин дунё фурухтаанд.

Парвиз
Чи сафсатае??? Шумо иззат(хатто намехохам номатро бо харфи калон нависам,чунки сазовор нести) ва шахсоне,ки ба шумо монанданд хуни мухочиронро дар руссия мемакед,ягон мухочир ба руссия дупутатшави намеравад.ин гапхо махз барои шумо барин шахсоне ки дар дур нишаста аккос мезанед,равона карда шудааст.ба хеч вачх мондан даркор нест ба шумо монанд одамон ба сиёсат ворид шаванд,ки руйдодхои солхои 90 такрор мешавад.аник аст,ки шумо ба он маблаге ки аз хочагонатон мегиред бояд чавоб дидед,барои хамин монанд ба ин мактухои популистии худро менависед.худо хохад хеч вакт шумо ва шумо баринхо ба сиёсати мо ворид намешавед.

Суханхои дуруст задед бародар! Обод бошед ва чунинхо бояд хукмрон бошанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)