Бахшҳо

“Абдулқодир Муҳиддинов моро соҳиби давлат кардааст, на...”

Баҳсҳо дар бораи Садриддин Айнӣ ва осору кори ӯ миёни хонандагони торнамои мо идома дорад. Ҳар рӯз даҳҳо шарҳу назар ба тарафдорӣ ва ё муқобили ӯ меоянд, ки аксарияташон нашр ва бархеи онҳо ба далели он ки ҳақорат доранд, ҳазф мешаванд. Дар бисёре аз ин баҳсҳо хонандагон назару мавқеи шахсии худро баён карда, он чизеро, ки медонанд, мегӯянд. Хонандае дар пайи ин баҳсҳо бо номи мустаори “Як бандаи Худо” баҳсро ба сӯи Абдулқодир Муҳиддинов кашида, яке аз одамони асосӣ барои ташкили Тоҷикистони Шӯравӣ донистааст. Ҳоло шарҳи ин хонандаро ба нашр расонда, аз муаррихону донишмандон ва афроди огоҳ низ мехоҳем, назару мақолаҳои худро дар ин бора ба мо фиристанд.


“Дар ҳамон вақт ҳам пул роли асосиро мебозид. Агар Абдулқодир Муҳиддинов намебуд, ҳеч гоҳ Тоҷикистон давлати алоҳида намегардид. Ӯ ҚАҲРАМОНИ рақами 1 аст. Дигар ҳеч кас ёрои ин кори бузургро анҷом доданро надошт. На Садриддин Айнӣ, на Нусратулло Махсум ва на дигарон.

Ӯ буд, ки Нусратулло Махсумро то Маскав бурд, то бо Иосиф Сталин ҳамсӯҳбат шавад. Устод Айнӣ бо китобаш (Намунаи адабиёти тоҷик) ба худ шуҳрат дод ва ба ин васила мо ҳоло фикр мекунем, кори асосиро ӯ кардааст. Дигар нависандагон низ, ки Айниро бузург мешуморанд, дуруст аст, вале дар масъалаи миллӣ не. Танҳо масъалаи Фарҳангӣ ва забон.

Дар масъалаи миллии Тоҷикон дар асри 20 танҳо саҳми Абдулқодир Муҳиддинов чун ташкилкунандаи мубориза зидди пантуркистон нақши бориз ва ҳалкунанда дорад. Азбаски эшон мисли устод Айнӣ машғулияти эҷодӣ надошт, шуҳратманд нагардид. Аз ин рӯ, дар мафкураи нависандагону шоирон то ин дам хуб нақш набастааст.

Ҳар нависанда ва умуман эҷодкоре, ки ба саҳнаи илму адаб роҳ меёбад, маҷбур аст, устод Айниро дар масъалаи муборизаҳои зидди пантуркистӣ дар ҷойи аввал бигузорад. Ҳол он ки дар он давр на маҳсули эҷодие чун китоби устод Айнӣ, балки боз ҳам пулдории Абдулқодир Муҳиддинов роли асосиро мебозид. Яъне, ӯ моро соҳиби давлат кардааст.

Агар ҳазор Айнии донишманди бепул медоштему ягон Абдулқодири миллионер, ҳеч гоҳ имрӯз Тоҷикистон давлати ман гуфта намефахридем. Ҳам пул лозим буду ҳам дониши сиёсӣ ва худшиносӣ. Абдулқодир Муҳиддинов ин ҳардуро дошт. Аммо устод Айнӣ танҳо эҷодкор буду нависанда.

Як бандаи Худо”
Мӯҳр
.
На Айни, на Мухиддинов, на Нусратулло Махсум. Хамаи инхо пешка буданд. Рахматро ба Иосиф Виссарионович Сталин гуед. Ана хамон шахс Точикистонро ташкил кард.

Дар бораи милионерии ин Абдукодир Мухиддин накл кунед ако.

Садриддин Айни
Э монед мо бо хамин Абдулкодир Мухиддинов дар кабрхомон ором хоб кунем. Аз рухи моро гаранг кардана, бехтараш аз пайи кути лоямут барои бачахотон шавед.

Иброхим
Офарин!!! Афсус ки хизматхои Абдукодир Мухиддинов ва Нисормухаммади Афгонро барои миллати мо, касе ба хотир намеорад....

.
Иброхим,

Кадом рохбар дар мамлакатхои шарк ба мардум хизмат кардааст? Мардумро гулом карда хунашро мемаканд.

эй бандаи худо Худованд илохо ба ту акл бидихад,ки дурустро аз нодуруст фарк карда тавони. Ин чи кутохандеши ки Абдукодир Мухиддинов гуе ин кадар мубориз будааст. Агар устод Айни исбот намекард,ки Исмоили Сомони ва Рудакиро тухо дар асорати Туркестанский Округ мемондед. Мемури як таърихро бодиккат ва дурусттар бихонй.

Монед хамон гузаштагонамона тенч дар кабр хоб кунанд ки давлати Точикистона чудо кард сахми ки хаст хамаша худо медонад аз Точикистони хозира гап занед давлату хукуматро ба чи расондайсодем кучо рафтестем сатхи зиндагии мардум зери сифр Точикистона ба як давлати хонагии дароз мудат кадем аз он точикистоне ки мефахридем нишоне намондаст.!!!

Аъзам
Бародар сафсата нагу,гир китобро хон аввалан вакти таксимоти марзи ва бумии Точикистон ин мардум зери таъсири пантуркизм монда буданд,хатто вакто,ки казоку киргизхо пичинг партофта тарафи точиконро гирифтани мешуданд барои чумхурии худмухтор ин бародарон Чинор Имомов,Мухиддинов ва Хочибоев хеста чумхурии мухъторро рад мекарданд ва мегуфтанд,ки барои мо вилояти автономии Точикистон дар хайати Узбакистони бузург басанда аст.Хайрият он давра масъалаи мухторияти вилояти Бадахшон пеш омада буду дар хайати вилояти автономи мондани вилояти автономии дигар мумкин набуд аз ин ру чумхурии мухтор доданд.Агар вилояти мухтори точики мемондем худо медонад,ки чи мешуд мисли карокалпокхо бе чумхурии иттифоки мондан мегирифтем.Гир китобхо Масов хон.

Набераи Айни
Хар пойлучу почакандаву беэзор имруз бахс мекунад, ки Садриддин Айни чи кор карду чи кор накард. Бовар дорам, ки аксари онхое, ки дар инчо бахс доранд ва хатто масъулине, ки ин бахсхоро мекоранд, асархои Садриддин Айниро ба пурраги нахондаанд. Ва ин навиштаву ин бахсхо кори як расона набуду нест! Ин чуз як сахифапуркуниву ба гапи кампири момам русияхкуние беш нест. Маро бубахшед, агар ба иззати нафсатон расида бошам. Мегуянд, ки "агар буз хирман мекуфт, хочат ба барзагов набуд". Барои хамин кори худатонро кунеду хабар нависед! Агар рисолататон хабарнависи бошад!

Хуб худоро шукр ки хар чи ки буд сохиби ватан шудем он мардум чон канданд то миллату фархангу замини Точик аз байн наравад. Аммо ое фири имрузаву ояндар мекунед?
Имруз миллат ба нести расида истодааст. Ое эхсос мекунед ки афгону. эрониву хитои имруз бесохибии шуморо дида истода миллатро дурага карда истодаанд ое эхсос мекунед ки кисме аз заминхоятон барои абади фурухта шуданд ба Чин ва кисме дигараш ба муддати ним аср ичора дода шуд ки худо медонад ки дигар бигиред заминро бозпас ва кисме дигараш артиши дигар давлат мустакар гардидааст. Хама магзхо аз кишвар барои абади хичрат карданд. Чавонхо аз шахрванди даст кашида ба Руссия рафтанд барои абад. Агар Самарканд дар дасти чунин хокимон мебуд барвакт инашро хам фурухта будед.

Таърихдон
Рост мега ин бандаи Худо. Абдукодир Мухиддинов писари Мухиддин Мансурови миллионер буд дар замони хукумати мангитихо. Дар Бухорои аввали асри 20 чанд нафар миллионер ба сар мебурданд, аз чумла амир Олимхон ва Мансур Мухиддинов (падари Абдукодир Мухиддинов).

сухроб
Агар хамон Мухидинови шумо гамхори миллати точик буд чаро дар бухоро натавонист точикхоро якчо кардан.Аммо он вакт барои вазифа шуда ба узбакхо хизмат мекард.Агар одами бадавлат мебуд чаро нахест ба мукобили узбакхо? Кам зиеиени Бухор ба миллаташ хизмат карданд.Хизмати Айни барои точикон он вакт мисли обу хаво буд.Мухидинов як мансабталаб буд на миллатпараст.Ф.Хочаев, А.Рахимбоев, Мухиддинв ва дигарохизмати хирсона ба точикон карданд

Аъзам,
мубориз,
Рахмониен,
Худои (Ҷ) ба ҳамаамон таҳаммул бидиҳад. Ин чӣ беҳурматӣ ба фикру андешаи як ҳамватан? Муаллиф ончи медонист, навистааст. Вақте мутахассисони соҳа худро ба канор мегиранд, пиромуни далелҳои таърих хамуширо аъло медонанд, дару дарвозаи архивҳо бо қулфои бузург бастаанд, пас, ашхоси қаторӣ худашон сай мекунанд, ки сирру асрори гузаштаро ошкор намоянд. Ҳамин тавр не? Тоҷикистон давлати ҷавон аст, гӯё як ҷавони 22 сола. Амирони мо таҷрибаи давлатдорӣ надоранд. Аз ин хотир гуногунандешагӣ ва калавишҳо дар байни мардум ҳоло солиёни дароз тул хоҳад кашид. Ва мо, эҳсосотро як су гузошта, ба ин бояд одат бикунем. Зимнан дар ифодаи гуногунандешагӣ торнамои ОЗОДАГОН хизмати базург карда истодааст, таърихӣ ҳам гӯем мешавад. Ин хизмат солҳо пас арзёбии дуруст мегардад. Ба назари ман ҳеҷ як нашрияи кишвар инқадар зиёд ихлосманд надорад! Дӯстдорон фақат ба ҳамин торнамо арзи дил мекунанд. Дигар нашрияҳо эҳтиёткориро пешаи хеш кардаанд. Магар ҳамин тавр нест? Бо вуҷуди ин пирӯзӣ, аз ОЗОДАГОН хоҳиш мекардам, ки касе бо забони фачу пур аз хатои тоҷикӣ, пусханду дашном, шарҳе мефиристад, ба ҳурмати забони модарӣ, он шарҳ чоп нагардад. Зеро баъзе аз шарҳҳо тамоман маъно надоранд. Аз дигар дӯстдорони торнамо аввал таҳаммулпазирӣ ва сонӣ иззату эҳтиром ба якдигарро таманно дорам. Ҳама саломат бошем!

ман дар фикри гуфтаам мемонам. Барои он ки устод Айни буд.ки миллати точикро шаходатнома дод.ва сабаби эхеи Чумхурии Точикистонро дар кушишхои устоди бузургвор мебинам.

Хидмати Мухиддинов дар ташкилёбии чумхурии Точикистон бузург аст, аммо устод Айниро ба чашм кам набинед.Махз устод Айни Мухиддинову Рахимбоев ва чандин тани дигар, ки дар ботлоки пантуркизм гута хурда буданд, берун кашид. Мо барои ин забони пок ва ин Ватан пеш аз хамаву беш аз хама аз устод Айни бояд миннатдор бошем!
Рости, хидмати Мухиддинов аз Нусратулло Махсуму Шотемур кам нест. Месазад, ки дар баробари онхо ба А. Мухиддинов, Чинор Имомов ва Хочибоевниз кахрамони миллат дода шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)