Бахшҳо

Ваъдаи "Toyota Camry" ва хонаи сеҳуҷрагӣ ба онҳое, ки...

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар суҳбат бо ҷавонони ин минтақа ваъда додааст, ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии 2016 медал ба даст меоранд, мошини “Toyota Camry” ва хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа хоҳад кард.

Қодирӣ рӯзи 21 май дар чорабинии махсуси бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и вилояти Суғд гуфтааст, ҳар варзишгаре, ки дар ин бозиҳои олимпӣ медали тило ба даст меорад, соҳиби мошини “Toyota Camry” ва хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Қодирӣ, барои соҳибони медали нуқра дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ тақдим шуда, барандаи медали бринҷӣ соҳиби мошини сабукрави “Toyota Camry” мешавад.

Раиси вилояти Суғд дар идома аз нақши варзишгарони номии минтақа дар баланд бардоштани шарафи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ситоиш карда, ҳадаф аз туҳфаҳои гаронарзиши ваъдадодашро ҳавасмандкунии варзишгарон унвон кардааст. Гуфта мешавад, Бозиҳои олимпии 2016 дар шаҳри Рио-де-Женейрои Бразилия баргузор хоҳад шуд.

Дар бозиҳои тобистони олимпии соли 2012, ки дар Лондон гузашта буд, аз миёни 16 варзишгари тоҷик танҳо муштзан Мавзуна Чориева соҳиби медали нуқра гардид. Дар пайи ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд. Инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонд.
Мӯҳр
.
Уток калимаи турки аст. Илтимос хамин калимаи гушхарошро дигар истифода набаред.

хучра гуйтон уртокон

e kand zaned xujandiho-raisoni viloyati xatlonu kulob chi va'da medoda boshand???

дилсуз
Ачабо, дар назди худ падару модари Шахболи бечора ба як тин мухточанд, ин раиси вилоят гуе ки намедониста бошад аз холу ахволи ин сарбоз. Ту бисер не, суми хамин як мошини ваъдагиятро ба хамин бечора хайр кун, охир ин варзишгарони мо ба фикрам аз ин хел тухфахоя сер шудаги. Аз ин кори савоб дида бехтар коре нест, азбаски худ имкони чунин кумакро надорам

Раиси вилояти Сугд ба аскарон аз номи худ зиёфат ваъда медихад аммо ташакилу сарфи маблагашро аз корхонахо чаъм мекунанд.Пули мошинаю хонаи ваъдагиро ки чаъм кард медода бошад!

Салмон
Медали нукра не биринчи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)