Гирдиҳамоии тоҷикони Бишкек дар эътироз ба ҳаводиси Хоруғ
Зодагони Бадахшони муқими Қирғизистон мегӯянд, дар эътироз ба тирпаронии рӯзи 21 майи шаҳри Хоруғ дар рӯбарӯи Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек даст ба гирдиҳамоии мусоламатомез мезананд.
Тавре созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ хабар додаанд, роҳпаймоии онҳо рӯзи 24 май сурат гирифта, дар ин бора низ аз шаҳрдории Бишкек иҷоза гирифтаанд.
Ин зодагони Бадахшон ҳодисаи ба миён омада дар шаҳри Хоруғро натиҷаи мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят донистаанд, ки ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Инчунин онҳо гуфтаанд, ин қазия норозигии шадиди сокинон аз ҳукумати марказӣ, аз ҷумла мақомоти қудратии тоҷикро нишон медиҳад.
Интизор меравад, дар пайи ин гирдиҳамоии худ, зодагони Бадахшон ба Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиатномаеро пешниҳод кунанд, ки дар он роҳҳалли мушкилоти пешомада дар Хоруғ зикр шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |