Бахшҳо

Видеои дарси нону самбӯсапазии хонандагон дар мактабҳо

Бо дастури дастури Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар макотиби шаҳру навоҳии ин минтақа тадриси фанни рӯзгордорӣ барои духтарон оғоз гардидааст. Тавре шабакаи “Симои мустақили 1”-и Хуҷанд гузориш медиҳад, фанни рӯзгордорӣ дар макотиб оғоз шуда, ҳоло барои духтарон давоми як соат аз насби танӯру нонпазӣ то самбӯсаву дигар корҳои рӯзмарра омӯзонда мешавад.

Муътабар Калонова, омӯзгори фанни касбу ҳунар дар яке аз мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат бо ин шабака гуфтааст, дарси рӯзгордорӣ миёни донишомӯзон як андоза фазои меҳнатдӯстию муттаҳидиро эҷод мекунад. Ӯ мегӯяд, “ман ба ҳамаи ин духтарони синфи ҳафтум хамир карданро омӯзондам, ки алакай онҳо ин корро дар хонаҳои худ анҷом медиҳанд.”

Ба иттилои манбаъ, аз моҳи марти соли ҷорӣ дар мактаби миёнаи рақами 31-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадриси фанни рӯзгордорӣ ташкил шуда, тамоми маҳсулоти зарурӣ, аз қабили орду равған аз ҳисоби донишомӯзон мебошад. Хонум Калонова илова дорад, ки дар оянда духтарон метавонанд, аз ин касби рӯзгордории омӯхтаашон истифода карда, ҳамчун соҳибкор фаъолият кунанд: “Вақте дар пӯхтани ғизоҳо устод мешаванд, дар оянда метавонанд, фармоишҳои ҳамсояҳои худро, ки тӯю маърака доранд, иҷро кунанду маблағ ба даст оранд ва ҳоло худи ман бо духтаронам ин корҳоро анҷом медиҳам.”

ВИДЕО АЗ ТВ СМ-1



Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ахиран дар пайи як иқдоми ногаҳонии худ дастур дода буд, то дар аксар макотиби миёнаи шаҳру навоҳии минтақа танӯру “дегдон” (оташдон) шинонанд. Дар ҳамин ҳол, масъулони Раёсати маорифи вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфта буданд, маъракаи танӯршинонию “дегдон”-монӣ аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ идома дорад ва ҳадаф омода кардани духтарон ба рӯзгордорист.

Ба иттилои манбаи мо аз Раёсати маорифи вилояти Суғд, феълан дар макотиби миқёси вилоят ҳудуди 300 танӯр, беш аз 500 дегдон шинонда шуда, 109 маҳфили қолибофию кашидадӯзӣ ва рӯзгордорӣ ба роҳ монда шудааст. “Вобаста ба мавзӯи дарси таълими меҳнат ва ё дар маҳфилҳои иловагӣ хонандагон метавонанд, боз аз наздик бо танӯру ошдон шинос гарданд”,-афзуд манбаъ. Дар мавриди харидорӣ ва шинондани танӯру дегдон манбаъ гуфт, он бо ташаббуси бархе аз падару модарон, маъмурияти мактаб сурат гирифтааст. Мақомот харидории маҳсулот барои хӯрокпазиву нонпазиро ба хоҳиши падару модарон вогузор карда, мегӯянд, «он маҷбурӣ набояд бошад» ва дар ҳолате, нонро пӯхтанд, метавонад, онро ба хонаашон бубаранд.
Мӯҳр
Чунайд
Оё бе мувофика бо Вазорати маориф раиси Сугд хак дорад ба речаи дарсии мактабхо тагйирот ворид кунад. Ачиб аст ки кадом фанро аз реча бардошта ба чойи он дарси кодири меомузанд

.
СаНбуса не, саМбуса.

Муборакшох
и раиси сугд дигар кор наёфтай чи дарси самбуса пазиро дар мактабхо илова кардай . монен хами дарсхошона хонад дарси исломи илова кунед рузгордорира ай очашон ёдгиран точик дигар дар мактабхо фанхои самбуса пазию ошпази мехонанд ягбора бесаводиш кунен . ин кортон айбай дар мактабхо танурчаспони

Духтархо хамир карда нон мепазанд, писарьо чи кор мекунанд? Дар як соати дарси намешавад аз ду фан дарс гузашт, касби устогиро дар назар дорам дар мактаб, то нон пухтани духтарон писархо ба чи кор машгул мешаванд? "мисли панчакентихо сергапи карда бошам бахшиш"-у як гуптемдия.................

Ба духтарон ёд додани хамир кардану самбуса пухтан ин вазифаи ҳар як модар аст на муаллимон. Рузгордориро низ ҳар як духтар аз модар ва аз хона меомузад. Ин иқдоматон маҷбурист муаллимҷон ман худам дар мактам хонадаам ва медонам... нону самбусаҳоро ки пухтанд ба пеши шумою дигар муаллимон мегузоранд..ин пухту пазҳо то ба даҳон ва хонаи ин толибилмон намерасанд

Гумонам ба писарон кундакафони ва чи тавр побел кардани заминҳоро меомӯзонанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)