Бахшҳо

Муҳиддин Кабирӣ: “Қудратҳо, худкомаҳо ва ифротгароён мусалмонҳоро қафо мебаранд"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон, абарқудратҳо, ҳукуматҳои худкома ва ифротгароёнро аз дастандаркорони асосии қафомонии мусалмонҳо дар ҷаҳон номидааст, ки дар зоҳир бо ҳам мубориза мебаранду дар асл шарики якдигаранд.

Ҷаноби Кабирӣ ин ҳарфҳоро ҳангоми суханронияш дар ҳамоиши “Таҳаввулоти олами араб: Роҳ ба куҷост?” изҳор доштааст. Ӯ бо ёдоварӣ аз ҳаводиси ахири ҷаҳони араб илова гуфтааст, баъзеҳоро бовар кунондаанд, ки “зиндагӣ кардан дар як ҷомеаи пешрафтаи озод, доштани каромату шараф ва истифода аз неъматҳои зиндагӣ гӯиё танҳо хоси миллатҳо ва кишварҳои ғайримусалмонист. Гӯиё, мафҳумҳое мисли интихоботи озоду шаффоф, тағйирёбанда ва ҳисоботдиҳанда будани ҳукуматхо ва ҳокимон, баробарии ҳама назди қонун ва адолати судӣ мафҳумҳо ва арзишҳое мебошанд, ки ба фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва боварҳои диниву инсонии мусалмонҳо созгор нест.”

Кабирӣ дар идома афзудааст, мардумро ба ин қаноат расонидаанд, ки фасоди моливу идорӣ, идоракунии шахсӣ ё хонаводагии давлатҳо, фақру камбизоатии мардум, муҳоҷират ва фирор аз кишварҳои худ воқеиятҳои доимӣ ва ҳалнашавандаи зиндагии мусалмонҳо дар гузашта ва оянда хоҳад буд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, ин ҳолати ноумедӣ ва надидани уфуқҳои беҳтар аксари миллатҳои мусалмониро фаро гирифтааст: “Бузургтарин мушкилии олами Ислом надоштан ва ё надидани уфуқи умедворкунанда ва ноумедии насли ҷавон аст.”

Ба бовари Муҳиддин Кабирӣ, ин ҳолатро се гурӯҳ ба манфиати худ истифода мекунанд: “Аввал, қудратҳои ҷахоние, ки рушд ва пешрафти олами ислом ба нафъашон нест ва мехоҳанд мусалмонҳо ҳамеша ақабмондаву ноумед боқӣ бимонанд. Дуюм диктаторҳо ва ҳукуматҳои худкомаи олами Ислом, ки камтарин озодии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандонро таҳдид ба идомаи қудрати шахсии худ медонанд. Сеюм ҳизбу ҳаракатҳо, ҷараёнҳо ва ашхоси ифротгаро, ки пешрафти ҷомеъаҳо, интихоботҳои озоду шаффоф ва озодиҳои бештари мардум заминаи фаъолияти рушди онҳоро аз байн хоҳад бурд.”

Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, зоҳиран ин се гурӯҳ мухолифи ҳам мебошанд ва ҳар кадом зарурати вуҷуди худро дар мубориза бо дигар мебинад: “Аммо дар амал ин се гурӯҳи ҳамкор ва шарикони стратегӣ мебошанд, ки бидуни яке вуҷуди дигар имконнопазир мегардад.”

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, аз беҳтарин кумаки сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва расонаии кишварҳо ва ҳукуматҳо, диктаторҳои олами Ислом бархӯрдор мешаванд, ки шиорашон "тақвияти озодӣ ва демократия дар ҷаҳон" аст: “Дар сурате, ки маҳз ҳукуматҳои худкомаи ғайримардумӣ дар олами Ислом ва пуштибонони хориҷии онҳо, сиёсатҳои ғалати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва динӣ, маҳдуд кардани озодиҳову ҳуқуқи мардум боиси пайдоиш ва рушди ифротгароён, террористҳо ва ҷудоихоҳон мегарданд. Аз тарафи дигар, террористҳо ва ифротгароён, ки худ сохтаву бофтаи низомҳои худкома ва пуштибонҳояшон мебошанд.”

Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, дар ин бозии хеле нозук ва хатарноки ин се гурӯҳ қурбонии асосӣ миллатҳо ва арзишҳо гаштаанд ва вақте расидааст, ки ба таври ҷиддӣ раванди "муколама байни худ ва бо ғайри худ" оғоз шавад.
Мӯҳр
да вы правы господин Кабири. а где выход?

малика
тахлили дуруст ва бомавриду мантик

Cархад
Кабири худ аз ухдаи аъзохояш баромада наметавонад. Боз ба давлатхои абаркудрат сарукор мегирад.

Ватандор
Я РАД ЧТО У НАС ЕСТЬ ТАКОЙ УМНЫЙ И СПРАВЕДЛИВЫЙ ПОЛИТИК !!! ХУДО ДОИМ ДАР СОЯИ АМРИ ПАРВАРДИГОР БОШИ БАРОДАР ... ХУДО ЧАШМИ БАДИ ДУСТ МОНАНД ВА ДУШМАНТА КУР КУНА !!!

худованд аз чанги душмано нигабонатон бод

кабири у худ кафо барандаи мусалмонхо аст ки мусалмонхоро тафрика карда истода аст .хизби у мусалмонхои моро ароканда карда ба кафо мебарад.хизб шудан ин худ пароканда шудан аст.агар у чамъ шудани мусалмонхоро мехост харгиз хизб намешуд

хакикатхох
Муҳиддин Кабирӣ: “Қудратҳо, худкомаҳо ва ифротгароён мусалмонҳоро қафо мебаранд"
мисли хизби нахзат ва аьзоеонаш ки худ худкоманд ислом дар кучову онхо кадом тараф рафтестан ислом чи мегуяду хизби нахзат чи мегуяд ин худкомиву ифротгарой аст мухтарам кабири худаторо нашинохтед еки ба ислом бози мекунед лекин ин бозихо пеши худо чазо дорад дар зехнат бошад
илтимос чоп шавад

КОМДЕ
КАБИРИ МУДРЫЙ ПОЛИТИК!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)