Бахшҳо

Номаи хонанда: “Тоҷикон набояд хатои ироқиҳоро такрор кунанд”

Ин шабу рӯз аз хонандагони “Озодагон” номаву шарҳҳои зиёдеро дастрас мекунем, ки аз ҳамаашон барои ин кор сипосгузорем. Имрӯз корбаре бо номи мустаори “Деҳқон” нома фиристода, аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудратро дар даст дорад, ҳимоят намудааст. Ӯ аз мардум хостааст, аз борон гурехта худро ба жола назананд ва мисли мардуми Ироқ, ки замоне аз ӯ безор буданду ҳоло ба гуфтаи ӯ зораш ҳастанд, пушаймон нашаванд. Ин номаро нашр карда, мехоҳем, дигарон низ назари худро, албатта бидуни дашноу туҳмат ба якдигар, дар пайи ин нома бинависанд.


“Эй бародарон, худ як коргари одӣ ҳастам ва як фарзандам дар муҳоҷират қарор дорад. Ба ҳамааш бояд шукр кард.

Таърих гувоҳ аст, баъд аз 1 ҳазору 100 соли давлатдории Исмоили Сомонӣ Эмомалӣ Раҳмон дуюмин сарвар аст, ки давлати Тоҷиконро пойдор намуд. Мо хоҳему нахоҳем, ин дар таърих монда ва бо хатҳои зарин навишта мешавад.

Мо тоҷикон набояд хатоии мардуми Ироқро такрор намоем. Онҳо ба дасисаҳо дода шуда, Саддом Ҳусейнро сарнагун сохтанд ва имрӯз чи хеле телевизони НТВ нишон дод, дар орзуи онанд, ки ҷасадашро ёбанду бӯса намоянд. Лекин, сад афсӯс, ки ин ба онҳо муяссар намегардад.

Он муваффақиятҳое, ки дар давоми 20 сол ба даст овардаем, дар 70 соли Шӯравӣ ба даст наоварда будем. Он тинҷиву амоние, ки дорем, бехтарин неъмат аст ва мо бояд инро ба ягон сарват иваз нанамоем. Ё Шумо ҳам мехоҳед, ки Тоҷикистони мо мисли давлати ҳамсоя -- Афғонистон як умр ҳамчун давлати ҷангзада боқӣ бимонад. Худо аз ҳамаи ин нигоҳ бидорад.

Деҳқон
Мӯҳр
точик
Номаъкул карди. ин давлат демокарти аст хама хакки президент шудан доранд ва конун пешибини накардааст ки як нафар умрбод президент бошад ва мероси шавад ин макому ба фарзандонаш гузарад , агар аз як хонавода хама мансабдор шудан писарони дехконхои бечора ки диплом дар даст гуломи русхо шудаанд чи кор кунанд? ва дуввум ки ту дехкон нест аз кадом лонаи ххдт баромадаи.

Abdulloh
на окои дехкон баръакс мегуед

Точик аз Точикистон
Бародари азиз Дехкон ман нафахмидам шумо кадом мувафакиятхоро дар назар доред.Баръакс мо нисбати пеш 100сол кафо гаштем.Мо агар хохем нахохем чунин сиёсати давладори дер давом намекунад.Шумо агар сер бошед мардум 22-сол гурусна гаштанд.Хукумат то хол як програмаи муайян надорад.Мардум то кай шукрона карда меистанд. Вакте мешавад ки токати мардум намемонад.Сатхи зиндагии мардум сол ба сол не руз ба руз бад шуда истодааст.То кай токат кунанд.Мо хохем нахохем таърих чамъият пеш меравад ва вобаста ба ин шуур чахонбинии одамон васеъ мешавад ва онхо дарк мекунанд ки чи хатоии бузурге карданд ки умри худро бо "шукрона кунед" бархадар гузарониданд. Гап бисёр аммо фикр мекунам хаминаш кифоя.

ыва
Дехкон

Хамон дехкониатро карда гаштан бигир. Гапи туву чакидани саг.

пулож
"ЯК ЧАХОН ТАША КУРРРРРРРР!!!!!!!

"Дехкон"-и азиз! Он холату вазьияте ки дар Ирок шуда гузашт, ба Точикистон ташбех надихед. Ва дигар ин ки Чаноби Олиро мисли Шумо барин мансабдустдор Чаноби Оли кардед. Аслан, шумоен на дар гами шиками халк, дар гами шиками носери худед. Ва якин хонанда медонад, ки Шумо яке аз аьзоени активисти ХХДТ, ки бар ивази "захмат" хои кашидаатон "благодарить" кардаанд. Ва Точикистонро бо собик шурави киес накунед, хеч бехбудие нашудааст ва бехтар, ки шурави мемонд. Дар замони шурави халк бо кор таьмин буд, барк буд ва роххо пулаки набуданд. Чи дастовард кардед? Бале, сохтмони нотамоми Анзобро кард ва аз хисоби ки? На аз бучаи давлат, бо карз кард ва хакки мардумро бо бахонаи карз месупорад ва бо истифода аз пулаки он пулхоро ба офшор мефиристад. Бинохои обод кард мегуед? Дар Душанбе? Чи лозим барои миллати точик чойхонаи 60 млн доллара вакте, ки сахари чузь аз чойу нон чизи хурдан надорад? Агар, вичдон медоштед на ба халк нидо мекардед, балки ба хезумхар, ки хезумашро мекашонед, нидо мекунед то хешу барочиги накунад. Точик миллат лоики ин зиндагии имруза нест. Точикро гумрох кардед ва бо истифода аз ин гумрохи манфиат мечуед.

Далер
Чи бахс бо дехкон? Сатхи фахмиш ва дониш хамин кадар бошад, айбе ягон кас нест, айби худи дехкон хаст. Ирок ба ин сатх барои он расид,ки Саддом тамоми мухолифинашро несту нобуд сохт. Ва вакти худ сарнагун шуд, давлат умуман бе лидер монд. Иншоллох мо ба ин дучор намешавем. Дехкон, ба фикрам туро 7 пуштат дехкон омадаги барои хамин дехконита карда гард. ХАмчун дехкон хамавакт ба шох, дарбориен, раиси махалла, директори колхоз ва хатто бригадир сар хам мекарди барои хамин инро одат мегуянд. Ва аз одати худ гаштанро метарси.

Чии кори хуб карданд дар 20 сол самарканду бухоро кобулу мазору марву хирот ро озод кардед дар 20сол тамоми иктисоди точикистон дао дасти руссия гузашт точикон дар руссия мухочират шуданду чинихо дар точикистон. Чи чои шукр хаст хамин хам. Шумо бояд шукр кунед ки халк револютсия накунад

Салом бародарон, бенихоят хушдории хуб аз чониби Дехкон рахмат. Одамизод аз лихози аклрони ба 3 гурух таксим мешавад. Акли оли, боакл ва аблах. Акли оли - ба он шахсоне Худованд медихад, ки онхо дар асоси хатогихои дигарон ислох мешаванд, боакл - шахсе, ки худ як маротиба хато мекунад ва ба вай панд мешавад, аблах он шахсест, ки пайваста хатоги мекунаду боз такрор мекунад. Ба ин гуфтахо онро дар назар дорам, ки мардуми точикро ба сеюм категория дохил накунед Абдулло бо демократия. Хама акл дорад, дар хонае, ки садои хурсандии мебарояд хуб аст ё садои гиряву нола???????
Бо камоли эхтиром муалим аз мактаб.

Ozodagon, iltimos chop kuned.
Na oqoi Dehqon, nodurust gufti. On dastovardhoe ki dar davrai 70 soli shuravi ba dast ovarda shud, 500 soli digar dar Tojikistoni sohibistiqlol ba dast ovarda nameshavad. Misoli odi sohai maorif va tandurusti (man baroi chi in 2 soharo qaid kardaniam, chunki in sohaho asosi peshravii har yak jomea meboshand). On sohai maorif va tandurustie ki umruz vuzud dorad dar davlathoi qashoqtarini dunyo ba monandi Somali, Uganda va gaira dida nameshavad. Hato davlati hamsoyi mo Afghoniston ki shumo hamchun davlati jangzada gufted, az mo farsaxho peshraftatar hast.
Dar davrai shuravi sohai tandurustii dar Tojikiston yake az peshqadamtarin ba hisob meraft va baroi tabobat az digar davlathoi shuravi ba Tojikiston omadand va muolija meshudand, holo boshad kasalihoi oditarinro dar Tojikiston muolija karda nametavonand va mardumi nochor baroi muolija ba digar davlatho meravand (misoli odie ki ba nazdiki sarbozi latukubshudai qushunhoi sarhadi Shahbol Mirzoev-ro tabiboni Tojik chunin azryobi kardand, ki u ba muolija niyoz nadorad va padarash bo puli khudash uro ba Rusiya baroi muolija burd).
Dar sohai maorif tamoman gufta nameshavad. Dar davrai shuravi farq nadosht pisari yo duxtari dehqon va pisar va duxtari president dar yak maktab mexondand. Hozir boshad puli mardume ki nisfashon dar Rusiya gulomi kardestand va nisfashon az subh to shab bo azobu mashaqat ba dast mebiyorand hamchun andoz ba bujai davlat rafta in hukumatdoron pisaronu duxtaroni xudro ba litceyahoi ki khudashon soxtaand baroi xondan medihand. Yo ki ba khorija baroi khondan mefiristonand
Ana oqoi Dehqon muvaffaqiyathoi davomi 20 sol. Dar injo bisyor masaloi digarro ovardan mumkin ast, lekin afsus vaxt va imkoniyat mahdud hast.

Мухаммад
Дар хакикат дехкон будаи, гап нест.

дехкон
Эее дехконе дехкон,дехкони дунё бехабар бра камтар тахкик кн баъд биё гавзан,,,,,

Адл
Дар ин лахзае, ки мактуби "Дехкон"-ро мутолиа намудам, танхо 2 нафар корбарон тахти номхои "Точик" ва "Абдуллох" оиди мактуб изхори назар навишта буданд. Албатта онхо хак доранд, ки чунин назар дошта бошанд, лекин ман ба акидаи Дехкон рози хастам. Худои таоло шукрона карданро дуст медорад ва меписандад. Ношукри ба кашокки оварда мерасонад. Шукри Оллох, ки холо мардуми Точикистон аз хорию зори баромад. Мухочирати мехнати тарзи нави зиндаги аст. Ба гайр аз шахрвандони Точикистон сокинони дигар мамлакатхо, аз он чумла аз мамлакатхои абаркудрат хам ба мухочирати мехнати мераванд. Касе мехнат мекунад рохаташро мебинад. Бинобар ин кадом шахрванди Точикистон аз чониби мардум Президент интихоб шудааст, хама уро эътироф ва Президенти худ медонем. Имруз бошад барои мардуми Точикистон Эмомали Рахмон Президент аст. дуо мекунем, ки то он рузе, ки дар ин мансаб Худои таоло нисибашон карда бошад, комёбихо ёраш бошад. Омин.

Яъкуб.Душанбешахр.
Бобои Дехкон як сухане гуй ,ки ба хакикат наздики дошта бошад.Кадом пешравиро дар назар дори,ки дар хафтод соли собик шурави ба даст наоварда будем.Ирокро намардум балки худи Рохбарон ба чунин руз оварданд.Имруз Афгонистонро мисоли манфи меори як бор ба интихоботи онхо назар кун алакай мардум афгон аз мо садсолахо пеш рафтанд.Урупо бо демократия чунин пеш рафт на бо диктатурае,ки дар давлатхои Осие Маркази хаст.Дар тамоми чахон сарватмандон агар точирону ихтироъкорон бошанд дар мо хама мансабдоронанд.Як корманди оддии андоз е гумрук хатто аз вазирони давлатхои пешрафта сарватмандтаранд.Имруз агар як ду сол дар ин соха (андрзу гумрук)ифои вазифаи мекарда сохиби хонаи бохашамату мошинхои гаронбахо мешавад.Агар дар мо камтар буе аз демократия мешуд албатта ин маблагхо ба буча мерафту холати ичтимоии мардум бех мешуд на чанд нафаре......

Дехкон! чаро дуруг мегуи кори худата карда гаштан гир туро чиву ба сиёсат кор гирифтанат чи ки президент мешавад ва ки намешавад, ки аз ухдаи кор мебарояд ва ки аз ухдаи кор намебарояд ту инро аз кучо медони мухтарам дехкон, вактатро нагузарон об чуйборо шуста бурд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)