Ҳушдори сафорати Бритониё аз хушунатҳои нав дар Хоруғ
Сафорати Бритониёи Кабир дар Душанбе бо нашри изҳороте аз хушунати нави эҳтимолӣ дар Хоруғ ҳушдор дода, шаҳрвандони кишварашро, ки дар вилояти Бадахшон қарор доранд, ба эҳтиёткорӣ ва ҳушёрӣ даъват кардааст.
Сафорат дар иттилоияи нашркардааш менависад, ки шаби 10 ба 11 июн, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, наздикии шаҳри Хоруғ тирпаронӣ сурат гирифта, ҳузури низомиёни тоҷик дар ин минтақа зиёд ба назар мерасад. Дипломатҳои Бритониёи Кабир дар хитоб ба шаҳрвандонашон таъкид кардаанд, “агар нафаре аз Шумо дар минтақаи Бадахшон ҳузур дорад, хоҳиш, ки ба маконҳои таҷаммуи одамон наравед ва ҳушёрию эҳтиёткориро аз даст надиҳед.”
Дар идома сафорати Бритониё изҳор доштааст, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар ин минтақаи Тоҷикистон таҳти назорати Вазорати умури дохилӣ қарор дошта, шаҳрвандонаш метавонанд раванди ҳаводис дар Хоруғро аз сомонаи сафорат пайгирӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |