Бахшҳо
18 июн 2014 16:00Тоҷикистон / Сиёсат

Алим мегӯяд, “пешниҳод карданд, Тоҷикистонро тарк намоям, вагарна...”

Алим Шерзамонов, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон ва узви кумисюни муштарак барои таҳқиқи ҳодисаи тирпаронии 21 май дар Хоруғ, мегӯяд, ба ӯ фишор овардаанд, то кишварро тарк намояд, агар не, бар муқобили ӯ парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Ба қавли ӯ, ин фишорҳо гӯиё баъд аз боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонто, ки мақомот дар ҷосусӣ муттаҳамаш мекунанд, афзоиш ёфтааст.

“Ба ман гуфтанд, агар аз инҷо наравам, обрӯямро мерезонанд. Ҳеч зиддияте надорам. Дар кадом асос нисбат ба ман парвандаи ҷиноӣ ҳаст, намедонам”,-гуфт Алим Шерзамонов дар тамоси телефонӣ.

Мусоҳиби мо илова кард, баъзе “намоядагон”-и мақомот аз ӯ хостаанд, ба Маскав биравад ва дар он ҷо барояш тамоми шароитро муҳайё хоҳанд сохт. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Шерзамонов, “ҳеч намефаҳмам, ки чӣ халал мерасонда бошам. Ман як инсони муътадилам”. Вале мақомоти кишвар расман ироаи чунин як пешниҳод ба Шерзамоновро тасдиқ накарданд.

Маврид ба зикр аст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон Александр Содиқовро рӯзи 16 июн, ҳангоми суҳбаташ бо Алим Шерзамонов боздошт карданд. Алим дар оғоз гуфта буд, мақомот мехостанд, ӯро ҳам бигиранд, вале дар пайи пофишории тарафдоронаш раҳо намудаанд.
Мӯҳр
Ба назди Додочон Атовуллоев ва Умарали Кувватов рав.Дар Точикистон дигар ч,ой нест.Насли нав аз фарзандони баландпоя руз то руз зиёд шуда истодаанд.

Пешниходи хуб бирав ба маскав ин чо калаи мардумро гаранг карда мегарди.

dovud
ин Алим марди майдон будаст - нотарсу истодагар аст дар акидаи худ
чаро ки уро истифода накунанд ба нафъи халку давлат?
ааа ай дангара нестай ку...

Ismaili
Салом. Аллакай бар зидди Алим Шерзамонов тарики телевизиони Бадахшон баромад намуданд. Содиковро мачбур карданд то бар зидди Алим чанд суханеро тарики телевизион ироа намояд ва таваччухи мардумро бар зидди ин шахс хезонанд. Алим гуё дар вохури бо Содиков харфе задааст, ки мардум гуё баъди вокеахои соли 2012 ба кормандони Хазинаи Волохазрат бовари надоранд. Ин сафсатае беш нест. Мардум хуб медонанд, ки ин тахти фишор ба Содиков аст ва рахоии у танхо дар сурате ба миён меояд, то у бар зидди Алим баромад кунад ва мардуми шарифи Бадахшонро низ бар зидди у шуронанд. (чанги информациони) бар зидди Алим ва мардуми шарифи Бадахшон сар шуд.

Сарафруз
Хамин мардуми Бадахшон орому осуда мехоханд зиндагй кунанд. Лекин Алим баринхо мудом вазъро ноором мекунанд.Пешниходи хуб кардаанд, ки аз Содиков ё Огохон пул гирифта ба ягон чумхурии хоричй равад.Ман хам тарафдор хохад як микдор пул медихам. То ки бо бачахоямон осуда бизием.

Исмоил.Аз буни
Ismaili,Бародари Исмоили Шерзамонов рост гуфт.ки мардум ба кормандони Хазинаи он Волохазрат дар хоруг кам бовари доранд.чунки онхо пули хазинаро несту нобуд карданду ягон обьектро то охир нарасониданд.Нисфи коргарон аз хисоби хазина ва фиреби халк барои худ касрхои бохашамат хам дар Хоругу,хамдар Душанбе сохтанд.Агар гапмам дуруг бошад гайр аз купурукхо ягон обьектеро номбар кун .ки баьди сохтанаш кор карда истодаанд.Вале ин гап ба худи он Волохазрат хеч рабте надорад.чунки мардуми Бадахшон мумкин гайр аз Хоруг на танхо бовари балки чони худро барои у дарег надоранд.

Сарафруз,
Эй, Тролли имиҷмейкери ҳукумат! Ту худат бовар дорӣ ба гуфтаҳоят? Оё Алим Шерзамонов мардумро зидди ҳукумат шӯрондааст? Гуфтааст, ки "хезед, ҳама силоҳ ба даст гиреду ба хонаи ҳукумат парронед"? Агар ин тавр мебуд, ӯ кайҳо паси панҷара менишаст. Магар ту амниятиҳоро чунон аҳмақ шумурдаи, ки Шерзамонов гунаҳкор бошаду, озод дар кӯю куча гардад? Ту ё бесаводи, ё як нафар маошхӯри иғвогари (провокатор). Аз алафчариат намон. Агар Шерзамонов ба Маскав равад, ӯро ҳамонҷо нобуд мекунанд. Русия ҳамоно бародари бузурги Тоҷикистон аст, маҷбуракӣ! Махсусан пас аз "гурехтани" Украина, Русия дигар шариконашро аз даст намедиҳад, хоҳанд нахоҳанд. Намебинӣ, ки фишор ба нирӯҳои демократӣ афзойиш ёфта истодааст..... Инҳо боз як ҷанги дигарро сар карданиянд. Зинда бошем мебинем, лекин Худо (Ҷ) нигаҳ дорад. Астағфуриллоҳ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)