Бахшҳо
24 июн 2014 10:46Тоҷикистон / Сиёсат

Шарҳи ВКД дар бораи “сангпартоӣ” ба сафорат, баъд аз ду ҳафтаи ҳодиса

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гузашти ду ҳафта ҳодисаи рӯзи 10 июни соли ҷорӣ дар назди сафорати Бритониё дар Душанберо шарҳ дода, мегӯяд, ҳадафи афроди гирдомада мулоқот бо сафири Бритониё - Робин Орд-Смит будааст.

Ин ниҳод рӯзи 24 июн бо пахши як изҳорот гуфт, ин гуруҳи сокинон баъд аз огаҳӣ ёфтан дар бораи сафари Робин Орд-Смит ба вилояти Бадахшон дар назди сафорат гирд омада, бозгашти ӯ ба Душанбе ва мулоқоташ бо онҳоро талаб кардаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ВУД, сафари сафири Бритониё ба Бадахшон барои он боиси хашми ин гуруҳи сокинон гаштааст, ки сар задани нооромиҳо дар шаҳри Хоруғи Бадахшонро аз хориҷиҳо гумонбар шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳодисаи рӯзи 10 июни соли ҷорӣ дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе ҳудуди 45 - 50 нафар иштирок дошта, эътирози онҳо тақрибан 30 дақиқа идома ёфтааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз тарафи ин ниҳод нисбати 5 нафар аз иштирокдорони ин таҷаммуъ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бар асоси моддаи 461-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, нисбати 15 нафари дигар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва дар оянда такрор накардани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо қатъиян огоҳонида шуд. “Бо 27 нафар сӯҳбатҳои инфиродӣ-профилактикӣ барои роҳ надодан ба чунин бетартибиҳо гузаронида шуд”,-омадааст дар изҳорот.

Инчунин, манбаъ таъкид кардааст, ин сокинони гирдиҳамомада аз болои масъулини сафорати Бритониё дар Душанбе ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кулл ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Таҷаммуъгарон аз мақомоти тоҷик хостаанд, дар робита ба сафари ғайриқонунии дипломатҳои Бритониё ба Бадахшон чораандешӣ кунанд.
Мӯҳр
.
Точикистонро шарманда мекунед бо ин усулхои кориатон. Мардуми бесаводу гумрохро чамъ намуда ба сафоратхову дафтари хизбхо мефиристед. Худатон ташкилкунандаи ин амалхо хастед, вале худро мусичаи бегунох нишон дода, мегуед, ки мардум ба хашм омада ин корро кардааст.

шОДИ
Аввалан дар ТтОЧИКИСТОН гирдахмои мумкин нест аз руи конунатон.Баьдан ин нафарон вакти заминфуруши хашмгин нашуданд? Маймунбозии кудаконаатонро бас кунед

Сорбон
Эътирозгарон кори хубе карданд. Ин давлат бесохиб нест. Номаъкул мекунад ин сафир, ки холо тафтишоти худи макомоти чумхурй тамом нашудасту онхо биниашонро мехалонанд. Ин кори кардаи точикон заррае аз кори кардаи украинхо зидди сафорати Русия аст.

Бародар ягон чои шармандаги нест. Кандаша занад раиси КДАМ ки инхоро бо усули худашон МОТ мекунад.
Кори сафорат аз пешбарии хамкорихои ду давлат иборат аст. На он, ки чори кардани идеологияи худ. Барои ин Созмонхои Байналмилали вучуд дорад.

Ин чанобони инглис ба фикрам точикону точикистониенро НЕДООЦЕНИЛИ.

савол
сокинони гирдомада аз болои масъулини сафорати Бритониё ..... ба Дастгоыи ичроия. додситни кул ва вазора умури дох шикоя аз сафарашон бурдаанд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! Ачиб кихоянд онхо ва чи хак доранд ба ин!!!

123
боз хам аблахи карданд. Ба кавли руси "непрофессионализм" дар дарачаи оли! Э ин камбагалоро чамъ оварда, ба дари сафорати Британияи Кабир бурда, мачбур карданд, ки митинг кунанд. Хара хандаш мегирад))). Агар ин ва дигар давлатхо паи хам дари сафораташонро дар Точикистон махкам кунанд, ана баъд 1000% гуломи русия мешавем! Гулом кучо?! Моро русия хамчун халкият ва давлат ликвидировать мекунад. Хай рафтаст Хоруг, дидаст ва омадаст, ягон чиз кам шуд??? Агар бошад мехаросанд))))))

Ismaili
Салом. Двузначный Закон Таджикистана гласит. Одним можно митинговать, а другим нет. За каждый митинг они получают кругленкую сумму от бюджета страны. То нападают на офиси других партии, то на посольства. Одни и те же лица, кстате и в интернете тоже. Кто громче арёт тому побольше. Знаете в чем дело, нынешнему таджикскому правительству уже никто не доверяет, поэтому сегодня они не получают те безвозмездные помощи и гранты, которые просто так получали раньше. Вот и рассердились. Честно говоря я бы обрадовался, если зарубежные компании и страны наложили санкции в отношение определенных чиновников нашей страны, их зарубежным активам, фирмам и компаниям. Неплохо было бы увидеть реакцию наших чиновников.

YatimUfff
Xush omaded ba boghchai bachagonai KDAM.... ha ha ha ha

Бекор
Озодагон, илтимос номхои дар ин гирдихамои иштироккардаро ба мардум гуфта мегузаштед. Зеро мо бесаводони аз сиёсат кафомонда бояд дар оянда, ба фарзандонамон кахрамонии онхоро чун афсона гуфта мегаштем.

точикписар
Шумо гайр аз харсавори ва говсавори ягон чизе дигарро ёд мегиред.? ё-не.Ин мазхака-кори ва сохтакорихо бас будагист.То ба кай аз номи халки точик тахкирбозиро мекунед.Ба хама маълум аст ки ин 50-60 кас кормандони ВКД ва КАМ будагианд .Давлатдори ин бозордори нест.........ёд гиретон- .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)