Бахшҳо

Зуҳури бонуи №1-и Тоҷикистон дар сиёсат: Чиро интизор бошем?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Таърихи 22-юми июн раисҷумҳури кишвар бо сафари расмие вориди Малайзия шуд. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро, ҳамсараш ё худ бонуи аввали кишвар Азизамоҳ ҳамроҳӣ мекард.

Бонуи аввал ва баҳсҳо атрофи рӯсарӣ


Раисҷумҳури кишварро дар Куала –Лумпур, пойтахти Малайзия Абдулҳалим Муаззам, подшоҳи Малайзия бо Шаҳбону ва Наҷиб Абдурразоқ – нахуствазири ин кишвар пешвоз гирифтанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ чанд аксеро аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Куала-Лумпур гузошт, ки дар он бонуи аввали кишвар ҳам дида мешавад. Дар он аксҳо ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон куртаи миллӣ ва рӯсарӣ дорад.

Вале, мавзӯи матраҳ барои мо дигар аст. Бояд гуфт, ки то кунун аксҳои дигари бонуи аввали Тоҷикистон дар канори ҳамсар ва фарзандонаш дастраси расонаҳо шуда, суханронии ӯ дар тӯйи писараш Рустами Эмомалӣ тавассути телевизиони К+ низ намоиш дода шуда буд. Вале дар солҳои охир бори аввал аст, ки ӯ дар як сафари расмӣ ҳамсарашро ҳамроҳӣ дорад ва дафтари матбуот ҳам аксҳои ӯро расонаӣ мекунад.

Фурсате ҳаст, ки бонуи аввал даст ба корҳои иҷтимоӣ бизанад


Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива +” дар сӯҳбат ба “Озодагон” аз ҳамроҳии бонуи аввал дар сафари расмӣ истиқбол намуд. Хонум Бобоназарова мегӯяд, ки ҳамроҳии бонуи аввал дар сафарҳои расмӣ ҷузъе аз фарҳанги сиёсӣ дар кишварҳои низомаш президентӣ буда, ки дар мо каме дертар роҳандозӣ шуд: “Вале ҳамоно дер нашудааст. Мо мебинем, ки бонуҳои аввал дар кишварҳои дигар чӣ нақш доранд. Онҳо бунёдҳои хайриявӣ мекушоянд ва бо корҳои иҷтимоӣ машғул мешаванд. Зуҳури ҳамроҳии бонуи аввали кишварро мо интизор будем.”

Роҳбари бунёди “Перспектива +” мегӯяд, ки дар ҷомеаи мо занҳо мушкили зиёде доранд. Ва бомаврид мебуд, агар аз ин ба баъд бонуи аввали мо ҳам як бунёди иҷтимоӣ таъсис бидиҳад. Ба занҳои бемор, муҳоҷир ва онҳое, ки худкушӣ мекунанд ёрӣ расонад. Мушкили иҷтимоии бонувони мо хеле зиёд аст.

Бонуи аввал ва эҳтимоли тағйири сиёсати гендерӣ

Зайтуна Наимова, мушовир оид ба масоили гендерии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) бар ин назар аст, ки бо як сафари бонуи аввал баъид аст, ки вазъи сиёсии занони кишвар якбора иваз бишавад: “Вале ба ҳар сурат ин рӯшноие дар охири нақб аст.” Зайтуна Наимова мегӯяд, ки умед дорад аз ин ба баъд дар сиёсати гендерӣ таваҷҷуҳи бештаре зоҳир хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива +” гуфт, ки машғулияти бонуи аввал ба Эмомалӣ Раҳмон низ имиҷи бештар хоҳад овард. Хонум Бобоназарова бо ишора ба нооромии кишвар гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд ин охири кор нахоҳад буд. Сабаби дертар “расонаӣ” шудани ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонро хонум Бобоназарова дар он арзёбӣ намуд, ки шояд то ин замон бонуи аввал ба тарбияи фарзандону наберагон машғул буд: “Ҳамаи мо медонем, ки оилаи калон аст, тарбия, вақт мехоҳад. Сабаби дигар шояд шаҳрнишин набудани онҳо бошад. Ин ҳам албатта фурсат мехоҳад.”

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки дар умум механизми машғул шудани бонуи аввалро шояд то андозае ба эътибор намегирифтанд. Ба бовари номбурда ҳар қадар расонаӣ ва ошкор шудани ҳаёту машғулияти бонуи аввал бар имиҷи раисҷумҳур холҳои зиёде хоҳад овард.

Зарафо Раҳмонова, ҳамсӯҳбати дигари мо низ аз ҳамроҳии бонуи аввал дар сафари расмӣ истиқбол намуда, изҳори умедворӣ аз он кард, ки ин зуҳури ягона бонуи аввал нахоҳад буд. Хонум Зарафо гуфт, ки эҳтимол аст ин сафар барои риояи он қарору қавонин, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шудааст, такони мусбате бидиҳад: “Мо фарҳанги доштани корҳои иҷтимоии бонуи аввалро надоштем. Аслан рӯшан нашудааст, ки чаро то имрӯз бонуи аввали мо ба корҳои иҷтимоӣ машғул набуд. Хабарҳое ҳастанд, ки духтари президент фаъолияти хайриявӣ дорад. Вале мо намедонем, ки ин хабар то чӣ андоза дақиқ аст.”

Ҳамроҳии бонуи аввали кишвар бо раисиҷумҳур ва он ҳам бо либоси милливу русарӣ баҳсҳоеро дар пай овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз либоси миллӣ доштани ҳамсари раисҷумҳури кишвар истиқбол мекарданд. Вале гурӯҳи дигар бо ишора ба рӯсарии бонуи аввал аз он дар тааҷуб буданд, ки чӣ гуна барои дигарон дар саросари кишвар пӯшидани рӯсарӣ дар муассисаҳои таълимиву давлатӣ мамнӯъ аст.

Ба ҳар ҳол мунтазир мебояд шуд, ки бонуи аввали Тоҷикистон минбаъд рӯ ба корҳои иҷтимоӣ меорад ё хонашиниро авло мешуморад.
Мӯҳр
Худованд хамай занонни точикро хади акал тавфики чунин либос дихад

Саидчон
Ассалому аллайкум хамватанони гироми! Ин хеле хурсандиовар хаст,ки Шохбонуи азизи мо бо либоси милли ба чахониён муарифи шуд. Ахсант ба ин Зан-Модар. Чи хеле, ки руссхо мегуянд "так держать"...

Ворисон
Ба рости ин икдоми наку, боиси сарфарози хамагон гашт. Таассурот нек бахшид, махсусан бо либосхои милли.

лола
офарин! симои зани точикро дуруст муаррифи намудааст. албатта, ин ифтихори балани мо нишон додааст.

Исроил
Аку Худо дод и журналистону "равшанфикрон"ро другу рост хамачиро навиштан мегиранд. Халолаш бод Чаноби Олиро ки чунин хамсар дорад. Апаи Азизамоҳ агар руйсари мепушид е намепушид гайбаташ мекардед. Агар ЧО-ро нагз намебинед ба хамсари у чи кор доред ки занакойи лави ов барин гайбаташ мекунед?

агар куртаи точикии чаканро дар бар ва докаи сафедро дар сар медошт оличаноб мешуд.

Абдуллох
Хуб мешуд, ки ба занову духтарони дигар хам хамингуна ичозат диханд, ки русариву куртахои милли ба бар кунанд!!! Лекин то кучое, ки банда огохи дорам аксар вазифадорон занони худро зери чодар нигох медоранд, вале ба занони дигар ичоза намедиханд, аз чумла вазири маориф!!!.

нигина
ОФАРИН!!!!!!!!
ДАР ХАКИКАТ МОДАРИ ТОЧИКРО БО СИМОИ ЗЕБОИ ТОЧИКОНА БА ЧАХОНИЙОН НИШОН ДОДЕД!!!!!
ОБРУИ ЛИБОСИ МИЛЛИ ИФТИХОРИ ЗАНОНИ ТОЧИК...........

Раиса Максимовна коро сар мекунад

Салом. Вокеъан зебо ва таъирбахш бехтарин.

hama davlatho prezidentu zanash chi xel libos pushand xalkash haminxel mepushand.zanhoi korgaru studentu maktabho boyad az moment istifoda bared.satri zan hamin ast fakat mui sar pushonda boshad behtarin ast.

Шоди ДУШАНБЕ
Бузургии инсон дар либосу зару зевар нест.Хирад.рафтор.гуфтор сарбаландии инсон аст.Сони модарро бо тарбияи фарзандашон аз руи муомилаи онхо муносибати онхо ва рафтори онхо кадрдони мешавад.Ман бо ин миллати точик хайронам харруз дар сомонахо аз рафтори фарзандонаш нола мекунанд,ки ин авлод хуни моро макида истодааст ва аз тарфи дигар мегуяд модари точик симои зеборо ба чахониен нишон дод.Бо симои ин модар моро намешиносад дар чахон,лекин бо мошиндуздию.фасоду чамшуд машхур щудем.Бинобар ин ман мехохам.ки модари точик бо дастоварди бузург дар тарбияи фарзанд,ахлоки хамидаи онхо,дониши баланд бо пешравии илми.ватанпавару миллатдусташ ба чахониен худро нишон тихад.Он гох на танхо ифтихор бо у мекунам балки зери пояш худро мепартоям.Бароям чунин модари точик лозим.ки на танхо фарзанди худи балки тамоми миллати точикро фарзанд барин дуст дорад.Бо шавхараш Сайл кардан бароямон лозим не агар шавхарашро гуяд аз миллати гарибат шарманда намешави ва чи хел ин нон аз гулуи шумо ва фарзандону хешу акрабатхот мегузарад бехтар аст

Aкбар
Модоме, ки ҳамсараш русари дорад пас чаро худаш душмани сатр аст?

сино
апаи Ойнихол аз фол дидана чаро намегуед ки Эмомали худаш русариро манъ мекунад боз худаш хамрохи оилааш онро итоат намекунад. Агар конун хаст барои хама бошад агар нест барои хама нест. Чи конун призидентро ичозат медихад ки онро итоат накунад. ?!!!

Ба Бону.... Ана хамин хел аз бади мекафед. Акалан фавтидагонро нарасед причем тут Раиса Максимовна. Ахсан ба бонуи АВВАЛ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)