Бахшҳо

Бекзода: “Тоҷикон Исои Масеҳро зиёрат ва ӯро аз марг наҷот дода буданд”

Сарабек БЕКЗОДА

ИДОМАИ ТОҶИК КИСТ?
ТУРКҲО

Калимаи Хуросон низ баромади авастоӣ дошта, маънии нур ё офтобро медиҳад ва дар ин кишвар сараввал қавми ориё-тоҷик ва гузаштагони онҳо зиндагӣ карда, ҷои зисти худро бо забони худ кишвари «Офтоб» номидаанд. Номи Помир - Поймеҳр низ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки халқи тоҷик мардуме ҳастанд, дар зери ҳимояи худои Офтоб зиндагӣ доранд, офтобнажоданд. Ба ибораи дигар Поймеҳр маконест, ки мардум дар пойгоҳи худои Меҳр (Митра) зиндагӣ доранд.

Мо дар мақолаи худ кӯшиш мекунем, танҳо бо назардошти устураҳои юнонию римӣ ва эронӣ, тибқи гузориши олимҳои аҳди атиқа ва асрҳои миёна ва ҳозира ва китобҳои Таврот, Инҷил, Қуръон, ҳадисҳои саҳеҳи ҳазрати рисолатпаноҳ Муҳаммад (с), ки дар асрҳои мухталиф кӣ будани халқи тоҷик ва ҳиссаи арзандаи онро дар таърихи башар чун бунёдгузори давлатҳои Эламӣ, Ҳахоманишӣ, Паҳлавиҳо, Сосониҳо, Кӯшониҳо, Ҳайтолиҳо ва Сомониҳо борҳо арзёбӣ намудаанд, ақида ронем ва қадаме аз ҳақиқати таърихӣ берун нагузорем. Дар мақолаи мазкур Шумо аз куҷо насаб гирифтани халқи тоҷик, аз кадом ситора фуруд омадани гузаштагони онҳо ва ҳиссаи арзандаашон дар таърихи башар, рушду камолоти динҳои насронӣ ва исломро нишон медиҳем ва ба даҳони пантуркистони нотавонбин муҳр мезанем, то ки онҳо ҳарзагӯиҳои худро қатъ намоянд ва худро дар байни оламиён бо дурӯғҳои беҳуда дар ҳолати ногувор намонанд.

Бояд тазаккур диҳам, ки аввалин оин дар байни аҳли башар оини Бонист, ки асосгузори он як тоҷик бо номи Тонпо Шенраб Мивоҷе буд, ки баъд аз созмон додани оини худ бо номи «Оини Бонӣ» аз Олмо-Лунринг, кишвари Тазик, Тагзиг, Татсиг то ба Тибет, ки ба ин кишвар ворид мешуд, паҳн намудааст. Консепсияи мазкурро Ҷон Рейнолде, ки ба оини Бон сарукор дошт (нигаред ба китоби муаррихи тоҷик Муҳтарам Ҳотам «Ориётоҷикон»), ба тарзи мушаххас баён кардааст ва дар он кишвари тоҷик бо номҳои Таҷиг, Тазик, Тагзик ва Татзик ном гирифта шуда, мавқеияти кишвари мазкурро мутобиқ ба Тоҷикистони кунунӣ медонад. Асри зиндагии Бонпо Шенрапро Муҳтарам Ҳотам бо истифода аз сарчашмаҳои тибетӣ 18 000 сол пеш аз рӯзгори мо, яъне соли 16016 медонад ва зодгоҳи ӯ тибқи ақидаи бисёр олимон ва таърихнигорон Тоҷикистони кунунӣ, аз ҷумла, Бадахшон мебошад. Олим ва таърихнигори рус Л.Н. Гумилёв баъди омӯхтани оини Бонӣ ва кишвари Тагзик ба хулоса омада, мегӯяд, бошандагони кишвари Тагзигро мардуми форснажод ташкил мекард, яъне аҳолии кишвари Тагзигро тоҷикон ташкил мекарданд.

15-18000 сол пеш, меояд дар китоби А.П. Садохин «Этнология» (Москва, Гардарики, соли 2006) «аҳолии замин аз 3 миллион одам иборат буд». Тибқи гузориши Муҳтарам Ҳотам бо истифода аз сарчашмаҳои тибетӣ аз се як қисми онро кишвари Тоҷик ташкил мекард. Аз инҷо бармеояд дар аҳди атиқа, ки гузаштагони дури халқиятҳои нажоди муғулию туркидошта ҳанӯз аз модар таваллуд нагашта буданд, гузаштагони тоҷикон, аз ҷумлаи Тонпа Шенраб оини худро пешкаши аҳли башар намудааст, то ки онҳо аз зиндагии барбарӣ ба зиндагии мадина аввалин гомҳои худро гузоранд. Гузаштагони тоҷикон ҳанӯз 18000 сол пеш кишвари худро бо номи Тоҷиг доштанд ва соҳиби оини Бонӣ низ будаанд.

Ҳудуди паҳншавии башарро дар ҳазораҳои 8-10 пеш аз милод, ки аҳолии он ба 25 миллион мерасид, олимон имрӯз ҳавзаҳои Мисри қадим, Месопотам, Ҳиндустон, дараҳои байни дарёи Хуанхе ва Осиёи Миёна мешуморанд. Чӣ хеле мебинем, китоби мазкур мавзеъҳои пайдошавии нажоди зардпӯстонро, ки ба он халқиятҳои турку муғул низ шомил мешаванд, ба забон нагирифтааст. Мавзеъҳои номбаршуда аз ҷумлаи Осиёи Миёна, Миср, Месопотам, Ҳиндустон ва дараи Хуанҳе воқеан дар аҳди атиқа ҷои зисти мардуми нажоди ҳиндуаврупоӣ будааст, ки олимони соҳаи нажодшинос ва қиёфашинос аз назари илми антропологӣ ва таърихнигорон ба истифода аз топонимҳо, гидронимҳо ва этнонимҳою теонимҳо арзёбӣ намудаанд. Петроглифҳои дар Бадахшон ва Кӯҳистони Масчо ёфтшуда, ки ба ҳазораҳои 8-5 пеш аз милод рост меоянд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Осиёи Миёна, яъне кишвари тоҷик аввалин марзу буми мардуми ҳиндуаврупоист, ки даҳҳо муаррихон ва солноманигорони аҳди атиқа, асрҳои миёна ва муосир дар асарҳои худ баррасӣ намудаанд.

Бо истифода аз китоби Муҳтарам Ҳотам «Ориётоҷикон: 18000 сол пеш» ба чунин натиҷа мерасем, ки гузаштагони халқи тоҷик бо номҳои Таҷик, Тазик, Тагзик, Татсиг 18000 сол пеш соҳиби давлату кишвари худ будаанд, ки дар сарчашмаҳои тибетӣ бо номи Тоҷик ба тарзи мушаххас баён шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ватани пайдоиши дини Меҳрпарастӣ (Митроизм) низ ҳавзаҳои байни Сирдарё, Амударё ва Зарафшон мебошад, ки баъдан оини мазкурро римиён то ба асрҳои 4-5 милодӣ мавриди парастиш қарор дода буданд ва оини мазкур яке аз рақибони дини насронӣ ҳисоб мешуд ва бояд фаромӯш накунем, ки тамоми рукнҳои дини насронӣ аз оини меҳрпарастӣ бе дигаргунии ҷиддӣ гирифта шудаанд ва гуфтан мумкин аст, дини насронӣ як шохаи дини меҳрпарастист.

Тибқи гузориши таърихнигорони аҳди атиқа оини мазкурро аз Эрон ҳарбиёни римӣ оварда, дар ҳавзаи Рими қадим паҳн намудаанд, ки баъдан ба дини давлати Рим мубаддал гаштааст. Легионерҳои Рим ҳамин хел тасаввур доштанд, ки худои Меҳр (Митра) боиси хушбахтии одамон аст ва барои зафар ёфтан дар набардҳо мусоидат мекунад. Аз ҳамин назар, онҳо оини баромади эронидоштаро бо номи Меҳргароӣ (Митраизм) қабул карда, парастиш намуда, дар ҳавзаи Рим паҳн намудаанд. Бар асоси шаҳодати таърих, ҳарчанд Константини Бузург Митраизмро душмани ашаддии дини насронӣ эълон намуда, бар зидди он муборизаҳои оштинопазир мебурд, аммо худаш то ба охири умр ин динро парастиш мекард ва танҳо пеш аз фавтиданаш дини насрониро қабул намудааст.

Муъҷизаи тоҷикон ва гузаштагони онҳо, ки ситораи мавлуди пайғомбар ҳазрати Исои Масеҳро дар олами Шарқ дида, дар байни инсоният аввалин шуда, ба зиёрати ӯ рафта, тифли 13-рӯзаро зиёрат намуда, дар навбати худ аз марг наҷоташ додаанд, се тоҷик бо роҳбарии Ғосифар - зодагони кишвари Парфия будаанд. Мо барои хонандаро ба шубҳа нагузоштан таърихи мазкурро аз китобҳои Инҷил аз Матвей ва китоби солноманигор Марко Поло, ки зодаи асри 13 милодӣ ҳаст, бе дигаргунӣ пешкаши хонандагон мегардонем.

Як гурӯҳ ҳакимони тоҷиктабори дар дини Зардуштӣ буда, бо роҳбарии Ғосифар аз ҳавзаи давлати тоҷиктабори Паҳлавиҳо (Парфянҳо) ситораи Исо (а)-ро аз ҳисоби илми ситорашиносӣ (астрология) дар олами Шарқ дида, барои зиёрати ӯ ва модараш ба ҳавзаи Иерусалим (Байтулмуқаддас) сафар менамоянд. Баъд аз 13 рӯзи таваллуди ҳазрати Исо (а) ба назди шоҳи яҳудиҳо Ирод омада, чунин муроҷиат менамоянд: Куҷост шоҳи навтаваллудшудаи қавми яҳуд? Мо ситораи ӯро дар Шарқ дидаем ва омадаем, то ӯро зиёрат намоем. Ҳакимони тоҷиктабор бо роҳбарии Ғосифар ба хонаи зисти тифли навзод, ки дар канори модараш Марям қарор дошт, ворид шуда ӯ (ҳазрати Исо (а) ва модараш Марямро зиёрат намуда, боз ба кишвари худ бармегарданд. Ин таърих дар саҳифаи якуми «Аҳди ҷадид» («Новый Завет») аз Матвей ба тарзи мушаххас навишта шудааст.

Дар ин ҷо дида мешавад, аз байни тамоми инсоният танҳо гузаштагони тоҷикон ситораи пайғомбар Исои Масеҳро дида ва аз марги нобаҳангом наҷот додаанд. Беҳуда Саиди Андалусӣ дар китоби «Табақот-ул-умам» нафармудааст, ки ориё-эрониҳо ба илми ситорашиносӣ майл доштанд ва аз рӯи гардиши ситорагон китоби «Коинот»-ро навиштаанд. Дар китоби «Книга о разнообразии мира» Марко Поло (1254-1324) дар яке аз сафарҳои навбатии худ ба Эрон дар шаҳри Сава, на он қадар дур аз Теҳрон, ҷасадҳои ҳар се марди тоҷикро дар дахмаҳои чӯбин мебинад, ки тибқи гузориши ӯ ҳар як дахма бо мақбараҳои гирдаи чоркунҷа печонида шуда буданд. Ҷасад ва ришу мӯйҳояшон бе дигаргунӣ боқӣ мондаанд.

Мутобиқи баъзе ривоятҳо онҳо аз шоҳзодагони давлати Парфия буда, яке Ғосифар, дигаре Волтасар ва сеюм Мелхиор ном доштаанд. Ба назардошти Марко Поло зиёрати ҳазрати Исо дар синни 13-рӯзагияш аз тарафи се марди тоҷик воқеӣ буда, характери таърихӣ дорад. Муъҷизаи тоҷик дар он аст, ки аз байни башар тибқи гузориши китоби Инҷил аз Матвей ва китоби Марко Поло «Книга о разнообразии мира» танҳо гузаштагони тоҷикон бо роҳбарии Ғосифар сабаби зинда мондани ҳазрати Исо мешаванд, ки аҳли муслимин дар симои ӯ пайғомбар ва аҳли насронӣ фарзанди Худоро мебинанд ва эҳтиромаш медоранд.

Модари тоҷик пайғомбар Зардушти Испотамонро ба арсаи ҳаёт баровардааст, ки парастиши Худои ягонаро дар симои Аҳурамаздо аввалин шуда, пешкаши аҳли башар намудааст. Ба вақти пурсиш аз Арасту «Нахустин мутафаккир кадом аст ва нахустин китоб чӣ буд?» ӯ ҷавоб мегардонад: «Нахустин муттафаккир Зардушт аст ва нахустин китоб Авастост». Олимони Рими қадим иброз медоранд, «Рӯшанӣ аз Шарқ аст, аз ҷумла аз Эрон». Олими асри яки милодӣ Плинияи Бузург ҳанӯз дар асри яки милодӣ фармуда буд, «Бохтариҳо (тоҷикҳо - С.Б.) геноми рустаниҳои ғалладона, аз ҷумла гандумро дигар карда, навъи нави гандумро ихтироъ кардаанд,ки ҳаҷми он хӯшаро мемонад». Яъне ҳар як донаи гандум ҳаҷман хӯшаро мемонд. Геноми рустаниҳоро дигар кардан ва ҳосили фавқулодда гирифтан баланд будани сатҳи дониш ва тафаккури худодод доштани халқи тоҷикро нишон медиҳад аз як сӯ, аз сӯи дигар шояд аз дигар ситорагон фаромадани гузаштагони тоҷиконро нишон диҳад, ки геноми рустаниҳоро баъди обхезии ҷаҳонӣ барои зинда мондан дигар намудаанд. Беҳуда олимон ва нависандагони римию юнонии аҳди атиқа, аз ҷумла Плинияи Бузург иброз надоштаанд, ки гузаштагони тоҷикон аз галаситораи Ориён ба замин фаромадаанд.

Тоҷики дигар Григорияи Муқаддас (номи аслияш Анахшоди Суриён) дар асри 4 милодӣ шахсест, ки қавми ориёнажоди арманро ба дини насронӣ гаравонидааст ва мо таърихи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

ИДОМА ДОРАД
Мӯҳр
.
Э бародар, ин точикхоро ба осмони хафтум баровади ку? Ин хама таърихи Эрони кадимро гирифта ба точикон оварда часпонди, мисле ки узбакхо таърихи Осиеи миенаро аз худ кардани хастанд. Дар асл, ба фикрам точик хеч гохе дар таърих ягон мавкеи баланд надошт. Як нигар ба точики имруза, ин хамон як мардикори бесаводу бехукук аст. Дар гузашта хам ахволи точик хамин буд.

Вайс
биёед хамин афсонахои 18000 соларо як тараф монему дар фикри имруз бошем, ки чи тавр зиндагии арзандаю осоиштаро барои худ ва миллатамон мухайё намоем.
Гирди номи падар чи мегарди,
Падари хеш шав агар марди

Миллате, ки бо гузаштагони худ фахр мекунад ин миллат пир шудааст.,

Хурдтаракони азиз имруз ман ба шумо киссаи курбокаи налдорро накл мекунам?!
Аляскаро ба русхо
Фаластинро ба Яхуд
Истанбулро ба Юнонихо
КРимро ба Укрхо дихем ё надихем.

Комил бекзода! Ту фикр мекуни бо ин маколаат худатро сафед куни!? Хеч гох! Бале точикон миллати бузург буданд, вале аз чунин насле мисли ту безоранд, то он даме ки тавба куниву вучуди худоро тасдик куни. Эй кошки дар хаёт тавба мекарди ва ба худои якто имон меоварди. Он гох мардум бо мухаббат ин маколахоятро мехонданд. На бо нафрат!!

А-а
лукмон, Бекзода кист ? ва дар кучост? маълумоти мухтасар мешуд хуб мешуд..

Тошкул Душанбе
Таьрихи бофтае.ки базур худро миллати мустакил кардани ин точикхо.Охир шумо бародарони точик ягон китобе биеред.ки дар он давлати точик вучуд дошта бошад.Таьрихи аввалинатон соли 1925-26 аз чоп баромадВайро хам хамони Айнии эрони навишт то забони форсиашро нигох дорад.Агар он вакт форс менавишт китобашро чоп намекарданд.Сони халки Бухорву Самаркан.ки пайвандони узбек хастанд хаммаш худро узбек мегуянд.Факат каме эронихо ки бо узбек издивоч мекардаги худро точик мегуянд.Вакти он расидааст,китамоми мардуми Кургонтепаю Кулобу Каротегинухам як рефрендум гузаронанд мисли Кириму ба УЗБЕКИСТОН дароянд.Бо вилояти Сугд ягон мушкили нест вайхо тайеран худи пагах дохил шаванд.Факат хамин районхои Помирро монед ки нотинч аз барояш нашавем.Мо ки хамхуну хаммазхабу хамзабонем бояд якчо бошем ва Рогунатонро месозем.

Гуё ки нависандаи матн 18000 сол пеш будиву хамаро диди ва бе тарсу вахм чунин менависи. Рост аст ки миллати точик дар гузашта бузург ва сохиби тамаддуну империяи чахони доштанд аммо то он дарачае ки ту мегуи хеч бовар кардани нест. Бояд дар баробари хар чое ки номи точик нависи хатсан (форс ё эрони кадим)ро нависи барои он ки мо хамон эрони ва хамон эрони точик аст.

дар китоби таърихи табари омадааст. зардушт шогирди узайр пайгомбари ислом буд баъд куфр варзид ба эрон омад. Хамчунин Бузургмехр вазири Анушервон ба далели куфр варзидан ба дини зардушти ва руй овардан ба дини Ислом, ки хануз зухур накарда буд ба дор овехта шуд.
харчанд Руйпуш карда иникос карда бошад хам хатто дар китоби тозанашри академияи илмхо низ зикр гардидааст, ки бузургмехр исломро пазируфтааст.
ту бек Иброхим пайгомбара гуй ки пеш аз зардушт ва точик буд номаш хам точики ва аз насли у ирки арабу яхуд ба вучуд омада буд. ва хамаи ин маълумотхо дар китобхои дини ва таърихи чи точику чи яхуди зикр гардидааст.
бовар кунед аз озодагон дилам сард шуд. боз хам аз кормандони озодагон хохиш мекунам, ки илтимос ин матлаб тахкик ва дастраси омма гардад

Инсоф
лукмон, ин нафар комил бекзода нест, ба номаш аҳамият деҳ, ин кас таърихнигор аст, мегуфтагии шумо ба истилоҳ файласуф аст.

Муҳсин
Бекзода! Ту худат ба ҳамин сафсатаи навиштаат бовари дори?

Сомони
Маколаи Сарабек Бекзода дар сатхи хеле паст ва гайри тахассуси навишта шудааст. 18 000 сол пеш ягон миллат ва давлат хануз ба вучуд наомада буд. Киса дар бораи се муг ва таваллуди хазрати Исо аз афсона беш нест. Таърихро дар асоси санад ва далелхои боэътимод ва санчидашуда баён кардан лозим.Хуб мешуд агар онхое ки макола менависанд китоби таърихи халки точикро як варак зананд, санадхои одди онро ба хотир гиранд. Таърихнигори афсонабофиро намепазирад, макола ва китобхои гайри тахасуси обуруи илми таърихро паст зада хазорхо хонандаро гумрох месозанд.

Паниронист
Тошкул хохи нахохи чунин миллате чу озбак вучуд надошт ва находа дошт.Сарзаминхои Самарканду Бухороро бошад,иншоллох аз узбакхои фисинак хатман кашида мегирем.

ПАНИРОНИ ЗУРАТ НАМЕРАСАД ШИКАСТА ВА БАЪДАН ИСЧЕЗ МЕШАВИ.

ТОЧИК
Мана аклу мана акл. Канд занед точикон. Махз ана хамин миллатдустии Шумо буд, ки Бухорову Самарканд ва дигару дигархоро аз даст додем. Махз ана хамин чахонбини буд, ки касе нахохад, омада моро чанг дохта, аз дур нишаста ба холамон хандида гаштааст. махсусан узбакхо. Бародарон узбакхоро агар зур ояд, дарав мо хама мусулмонем гуфта, худро бо точикон хешутабор мегиранд ва айни хол низ дида мешавад. ки махз он шахсоне, ки дар инчо харзагуи карда истодаанд узбаканд ё ин ки узбактабор. наход Точики хакики ба таърихи худ ва гузаштаи худ ва олимони худ чунин рафтор кунад. Ба фикри ман ин муносибат аз бадбинии нисбати халки Точик доштаи коментнависон хабар медихад. Хой бародарон ин холатхои таърихие, ки Бекзода гуфта гузашта истодааст, дар сарчащмахои мухталифи таърихи нишон дода шудаанд ва ин олими намоёни точик дар асоси махз ана хамин фактхои таърихи маколаи худро навиштааст. Хайфи Шумо бародарон. Аз биннии худ дуртар чизеро намебинед. Агар хамин макола дар бораи ягон мулло мебуд, Шумо ва муллохоятон чунон ин маколаро дастгири мекардед ва маколанависро авлиё мехондед. аммо хакикати таърихи ва илмхои дуняви ба Шумо маъкул нест.
Хазор рахмат ба Шумо Бекзода, ки чунин маколаи саривактиро ба мо бесаводон навиштаед, ки гайри афсона гуш кардан ва афсона гуфтан, чизи дигареро кабул надорем. кани он точикони хакики, кани он точиктабороне, ки сухани худро гуянд, ё ин ки миллати точик кадре надорад, ки Шумо ба ин узбактаборони коментнавис чавоб гуед, ё ин ки модари точик дигар точик таваллуд карда натавониста истодааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)