Бахшҳо

ВИДЕО: Ҳимояти президент аз “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзода ва ёрони ӯ

Фарҳод Раҳимов, президенти Академия (Фарҳангистон)-и улуми Тоҷикистон, аз маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и гуруҳе аз донишмандони тоҷик, ки миёнашон файласуф Комил Бекзода низ ҳаст, ҳимоят кард. Ӯ дар нишасти хабарии 10 июл дар Душанбе гуфт, “бигзор ҳамин маҳфил бошад”.

Ҷаноби Раҳимов илова намуд, аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” озоданд ва касе ҳақ надорад, иҷборан пеши роҳи онҳоро бигирад. “Дар мавриди китобе, ки онҳо ба нашр расонданду мавриди баҳс қарор гирифт, бигзор, мардум хонда худашон баҳо диҳанд”,-таъкид дошт Фарҳод Раҳимов.



Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти "Кайҳон" ба табъ расонданд, ки аз чиҳил саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзуъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошанд.

Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, баҳори соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо Озодагон гуфта буд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуда, ҳатто худи ӯ мавриди танқид қарор гирифтааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, балки он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.

Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо афзуд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили Ҷаҳони андешаро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем.”
Мӯҳр
.
Чи меояд аз дасти ин се-чор нафар? Инхо аслан зидди Худо неву, зидди Ислом хастанд

безор
нав фаромуш карда будем, боз кохи кухнаро дар мохи рамазон бод медихи, ту дига кор надори

Фарход
Ин академияи бемахсул тамоми илмхоро тахкик намуданд, ки акнун навбати вучуди Худо расидааст? Аз инхо ба чониби Худо панох металабам.

Равоншинос
Ҳайф, ки мағзи тоҷики вайрон шудааст.
Рост гуфтааст Паёмбари Ислом (с), Рӯзе мерасад, ки хоин амонатдор шуморида мешавад ва амонатдор хоин, ростгӯ дурӯғгу шуморида мешавад ва дуруғгу ростгу. Дар ҳақиқат чунин рузҳоро низ дидем, ин аломатҳои қиёматанд. Наход мағзи тоҷикӣ то ин ҳад....

аб
Ҷаноби Раҳимов мардум кайҳо он китобро хонда боҳои онро доданд.

Саидчон. Якутия.
Худованд аз шари шаётин нигахбон бошад маро ва тамоми мардуми мусулмонро. Инаст пешравии олимхои Точикистон? Боз шарм надошта хар хафта дар журналхо пахш мекунанд. Охир як чизеро бинависед,ки як хонанда ибрат бигирад ё чизеро нависед,ки пешравии чамъият бошад.

Панчакенти
Фарход Кодирович, бахудо аз Шумо ин дарачаро умед надоштем. Кучо шуданд андешаву гояхои Рудакиву Лоик...
Дар бисоти нуктадонон худфуруши шарт нест,
Ё сухан дониста гу, эй марди бихрад, ё хамуш

Зихи Фарход Рахими бо чунин афкору андешаи созанда!!! Рахими аввалин олими физики замони иктиклоли Точикистон аст, ки бо афкору андешаи нав аз ояндаи илми точик дастгири мекунад!!!
У аввалин олимест, ки бар мукобили фанатизм, ки аз бесаводи ба вучуд омадааст гом бардоштааст. Мухаккикест дигарандеш ва диди нав ва афкори нав. Офарин барои чунин як часорати созанда барои халку миллати точик!!!
Дар ин рох ба Фарход Рахими барор мехохам!!

Озод
На хама инсонхо фашист хастанд. Вучуди андешаи дигар дар чомеъа зарур аст ва Президенти АИ ки олим аст инро ба хуби дарк карда аст. Агар андешаи дигарро муллохои мо дидан намехоханд, ин бемории онхо аст ва бигзор ба чои бастани кадом як махфил рафта асаби бемори худро табобат кунанд.

ТАШАККУР БАР ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ ФАРХОД РАХИМИ! У БОРИ ДИГАР ИСБОТ НАМУД, КИ МО ДАР ДАВЛАТЕ ЗИНДАГИ МЕКУНЕМ, КИ ДАР ОЯНДА АКСАРИЯТИ АФРОДИ ЧОМЕА НА БА ХУРОФОТ, БАЛКИ БА ЧАХОНБИНИИ ИЛМИ ТАКЯ ХОХАНД КАРД. У ТАВОНИСТ МАВКЕИ ЧИДДИРО НИСБАТ БА ОЯНДАИ ИЛМ ГУСТАРИШИ ЧОМЕАИ МО НИШОН ДИХАД. У ТАВОНИСТ БО ЧУНИН МАВКЕЪГИРИЯШ ЗАРБАИ ЧИДДИЕ БА ШУУРИ ХУРОФОТЗАДАИ ИЧТИМОИ ЗАНАД. У БА АХЛИ ЗИЁИ ГУМРОХШУДА ХУШДОР ДОД, ТО БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ФАРХАНГ КУШИШХОИ ЧИДДИ НАМОЯНД! АХСАН ФАРХОДИ ШЕРДИЛИ ЗАМОН!

А-а
метарсам,ки монанди Синоу ва Рудаки нашави Фарход. Халк холо ба ин акидахо тайёр нест.

ВАЛИ
РОСТ ....БИГЗОР ИНХО ХАМ БОШАНД....ОХИР БЕХУДОЙОН КИ НАБОШАНД МАЗЗАИ МУБОРИЗА КАМ МЕШАВАД .....ХАФФОШОНИ ХУРШЕД АЗ НУРИ ОН ЧИЗЕРО КАМ НАМЕКУНАНД...ИНКИ БАЬЗЕ ДАВЛАТМАРДОНУ САДО ВА СИМОИ ТЧ МУХР БА ДАХОН ЗАДАНД БА ХОТИРИ ХАВОДОРИИ ИН АНДЕША АСТ.....ИНХО ЧИЗЕРО КАШФ КАРДАНИАНД КИ АЗОЗИЛ ДАР АВВАЛИ ОФАРИНИШ КАШФ КАРД ВА МАЬРУФ ШУД.ХАЙР БИГЗОР ШУХРАТ НАСИБАШОН ШАВАД
СОКИЙО БОДА ЯКИ КУН ЧАНД БОШАД АРБАДА
ДУСТОН З-ИКРОР МАСТУ ДУШМАНОН З-ИНКОР МАСТ..........

Бехудо
Натичаи кори 20 солаатон маълум:Насронихо дини исломро кабул кунанд,шумо вучуди Худовандро инкор мекунед!Во-ачабо!

Бародарони шахрнависе, аз ин китоб ва ин андешахо дастгири мекунед ва инро хурофот мегуед, ба шумо мегуям, ин мавзуи бебахс аст. Агар вучуди Худо набошад, 1400 сол ин андеша намемонд. Имруз 40 фоизи артиши Росия мусулмонанд, Олмон дини исломро кабул кард ва хазор далели дигар метавонем биёрем. Як нукта бас аст, агар шуур аст, Варна чу чарог пеши гур аст. Афсус, ки шумо шууратонро аз даст додаед.

Рустам
Ба чахонгири рустам аз номи Рустами одди.
Бас кун хамин афсонахоятро, дар Точикистон одамон динни насрони ва дини мардуми Кареягиро кабул карда истодаанду, ту боши аз паси афсонахои хазору як шабат гашта истодаи. Ин афсонахоятро ба бесаводоне, ки дар кишлоканд гуфта гард. Афсус ки кишлокихо хам аз тарси Шумо барин афсонагуйхо аз тарс ба лаб, мухри хомуши зада гаштаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)