Бахшҳо

Мавзӯи Ҳукумов ва камбудҳояш дар нишасти роҳбарияти Роҳи оҳан

Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, тамоми камбудҳое, ки дар даврони раҳбарии Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов) сабт шуда буданд, дар вақташ бартараф гардидаанд. Усмон Қаландаров, муовини раиси корхонаи Роҳи оҳан, ки дар нишасти хабарии 22 июл суҳбат мекард, гуфт, санҷиши фаъолияти корхонаи онҳо то моҳи ноябри соли 2013 идома карда буд, ки он замон раҳбарияшро худи Ҳукумов бар уҳда дошт.

“Он вақт камбудҳои зиёд ё ҷиддӣ набуданд. Дар корхона камбудҳои хурду бузурге, ки буданд, барҳам дода шуданд. Кадом корхонае аст, ки камбуд надошта бошад? Корхонаи мо низ камбуд дорад. Дар вақти Ҳукумов ҳам дошт, ҳоло ҳам дорад. Мо кӯшиш мекунем, ин камбудҳоро бартараф намоем”,-афзуд ӯ.

Ҷаноби Қаландаров дар посух ба суоли он ки сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон дар чӣ вазъ қарор дорад ва оё дуруст аст, ки Амонулло Ҳукуматуллло техникаҳои муҳим барои бунёди ин роҳро бурдааст, гуфт: “Ин нодуруст аст. Пудратчии асосӣ “Роҳсоз” буд, мондааст. Сохтмон мувофиқи нақша сохта мешавад. Техникаҳое ки дар он ҷо ҳаст, ба фикрам, ҳеч кас бурда наметавонад. Нисбат ба ин ки гӯиё Ҳукумов санҷиш мешавад, дар ахбори Вазорати корҳои дохилӣ баромада буд, нодуруст аст. Ин “утка” аст. Мо аз ин гапҳо хабар надорем”.

Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол зимоми ин корхонаро дар даст дошт ва моҳи феврали соли ҷорӣ ба нафақа “гусел” карда шуд. Дар оғоз ба ҷои ӯ Асадулло Зоиров, роҳбари корхонаи фаръии сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати Роҳи оҳан, таъин шуда, аммо баъд аз мулддати кӯтоҳ ба таври ноаён аз мақомаш барканор ва ба курсии ӯ Комил Мирзоалиев нишаст.

Номи Ҳукуматулло дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор дошт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.

Номи Расули Амонулло дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли гузашта дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали садамаи шаби 9 октябр Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Вале ҳоло нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гӯиё гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти ахири хабарияш аз бозтоби қазияҳои марбут ба писаронаш дар расонаҳо изҳори нигаронӣ карда ва гуфта буд, баъд аз анҷоми тафтиш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад. Ӯ ҳатто ба хабарнигори "ИмрӯзNews", ки бо Рустам Ҳукумов вориди як баҳси додгоҳӣ шуда буд, таъкид кард, ки эҳтиёт бошанд, чун ӯ медонад дар пасашон кӣ меистад.
Мӯҳр
Падар
Хукумов дар вакташ барои тарбияи онхо вакт чудо мекард, холо сархаму ангушти ишорат намешуд.

Ревиза
Кадом корхонае аст, ки камбуд надошта бошад? Корхонаи мо низ камбуд дорад. Смотря, Раисаш ким.

Ин ачоиб ку вакташда гуфтед 45 миллион долара дуздидаст ба Олмон гурехта рафтаст муфаттишон хонаашро кофтанд ин чихел мушуд ха ??????? ! Озожагон мебпхшеду лекин хамин шумо рузноманигорон дили мохона хунук каретон. Хамин макола "Амонулло Хукуматулло подозревается в присвоении 46 миллионов долларов" хам дар азия плюс буд хам дар озодагони шумо хам дар точнюс вакте архиви шумохона кофтем на дар азиплюс меёбем на дар озодиву озодагон ина чи хел фахмем ? Мабодо шуморо хам аз боло фармон шуда бошад ки чунин маколахоро бардоред. Бо баъдан хабри дигар навишта будед ки 60 миллион сомонии Амонуллои Хукума хукумат бахшид эй худо худуш хайронум и барои чи инкадар чи фикр карден ин мардум циркда калон шидагиян хутон масхарабозу мардум тамошобинан?.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)