Бахшҳо

Дастур барои қатъи мошинхарии мансабдорони тоҷик то 3 соли оянда

Бар асоси як дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон мансабдорони кишвар вазифадор шудаанд, ки давоми се соли оняда барояшон мошини хидматӣ нахаранд. Дар ин бора Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар нишасти матбуотии 29 июл дар Душанбе хабар дод.

“Давоми се соли оянда кормандони давлатӣ мошинҳои доштаашонро таъмир карда, истифода хоҳанд бурд”,-афзуд ӯ.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тасдиқ кард, ки, воқеан, мошинҳои хидматии бархе аз кормандони вазоратҳо хеле гаронарзишанд. Қодири Қосим тарафдори савори мошинҳои гаронарзиш шудани кормандони вазоратхонаҳо набуданашро иброз дошт ва афзуд: “Ин мошинсаворӣ ба обрӯяшон зам намекунад. Беҳтар аст, ки фаъолияти хуб нишон диҳанду ба ҳамин минвол нуфуз ёбанд.”

Ӯ дар идома ба масъалаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» низ дахл кард. Қодири Қосим гуфт, ба хотири беҳбуди вазъи молии ширкати “Тоҷик Эйр” қарор кардаанд, 6 ҳавопаймои ин ширкатро, ки боқимондаи Шӯравист, ба фурӯш гузоранд. “Феълан тариқи интернет нархномаҳои тайёраҳоро, ки ба ҳисоби миёна аз 250 ҳазор сомонӣ то 1,5 миллион сомонӣ арзиш доранд, пешниҳод кардаанд ва раванди фурӯш идома дорад”,-таъкид дошт ӯ.

Дар посух ба суоли “Озодагон”, ки оё нияти фурӯши саҳмияҳои “Тоҷик Эйр”-ро надоранд, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ афзуд, то ҳадди имкон талош мекунанд, вазъи ин ширкатро беҳбуд бахшанд: “Дар сурати ноил нашудан, баъд чораҳои дигар, аз қабили фурӯши саҳмияҳо низ аз эҳтимол дур нестанд.”
Мӯҳр
Хобу бедори
Ин икдомро бояд аз огози ташкили Кумитаи марбут ба рох мемонданд. Аз огоз ачиб менамуд- Давлата бучааш хароб , мардумаш камбизоат, аммо Рафтору тарзи зиндагии Мансабдоронаш ба Образи Зиндагии ПРИНС ЧАРЗ монанд.

Петрович
Самалётора мансабдорон бигиранд,барои он ки то 3-сола мошихои нав харидан барояшон манъ шудааст,дар бораи самалёт хридан бошад холо дастури манъ кардан нест.

Дилёб
мебахшед анадк галат шудааст "дастур барои катъи ба номи худ гузаронидани мошинхои гаронарзиш аз чониби мансабдорон" Яъне баноми писар, духтар, зан ва ё келинхояшон гузаронанд шудан мегирад.

хеч гап не, ман мошин намехарам, бигузор шоферам мошин харад, ха ха ха

125
Саривакти солхо шурави танхо вазир якто газ 24-и кухна дошту халос холо чи мошинхои вохкаиманок сиехшиша гаронханрч ва хоказо.дар олмон чиновнико бо велик мегарданд!

Бобои Зард Дангара
Акаи Косим Ин коро бояд Хукуматдорон аз соли 1993 огоз мекарданд чунки ин Хукуматдорон 3 мошини Хизмати дошта бошанд 2 тоаш Шабу руз дар хизмати Янга хаст Даркор шавад Вазир Ё Раисро Янга мегуяд ки мошини Сеюмашро хам дар ихтийри ман дихед Худатон Такси кати рафтан гиред Таксии 3 СУМА кати Офарин ба шумо Хукуматдорон ИН монинхои Давлати 3 сол не 10 сол бояд хизмат кунад Илтимос чоп кунед Он чизе айон хаст Хочат ба баён нест

вафо
мошинсавори ки дар хукумати Точикистон хаст дар ягон давлат нест
хатто дар Фаронса дар хар вазорат 1 е 2 мощин доранду халос - он хам барои вазирон ба парлумон рафтан
дигар хама бо наклиети чамъияти е шахси ба кор меоянду мераванд
дар точикистон - хар вазир 2 то мошин дорад - 1 то барои кор, 1 то барои янгаю бозор

Рустам
Точик
Бехтарин икдом аз тарафи Чаноби Оли. Худованд Чаноби Олиро тансихат ва дар тамоми дунё сарбаланд бигардонад.

Ахмадшо
Чаноби Раис Шумо як бор мард шуда ба ЧО пешниход намоед, ки фурухтани амволи давлатиро манъ карда он заводу фабрикахои фурухташударо давлати карда аз хисоби грантхо таъмир карда ба кор огоз бахшед мардуми точик дигар ба мардикори намеравад. Кормандони Вазорату Кумитахои мавчударо дар доираи аз 50 то 60% кам кунеду маблаги сарфшударо барои сохтумони ГЭСи Рогун сарф намоед. Чи кадар чаноби оли бобати ихтисори бастхои кори гап мезанад аммо ягон тои он ичро намешавад. Тамоми хисоботхом рохбарони Вазорату кумитахои оиди ихтисори кормандон дуруг аст.Онхо ин корро карда наметавонангд чунки хамаи авлоди худашонро ба кор гирифтаанд. Танхо як рох хаст ЧО тамоми бастхои кории Вазорату комитетхоро аз назар гузаронида худаш бояд шумораи кормандонро муайян карда бокияшро ихтисор намояд дигар рох нест. Чи кадар ЧО дар бораи ихтисори кормандон гап занад шумораи кормандон хамон кадар зиёл мешавад.Ташаккур.

точик
мошин мумкин набудааст... самолёт харидан мумкин будааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)