Бахшҳо
31 июл 2014 15:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Барканории раисони “Саховат”-у “Деҳқон” барои поин наовардани нарх дар бозорҳо

Раҳбарони бозори “Саховат” ва “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе, ки аз ҷумлаи бузургтарин бозорҳои пойтахт дониста мешаванд, аз мақоми худ сабукдӯш гардидаанд. Ин тасмим дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, ки субҳи 31 июл баргузор шуд, аз сӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев гирифта шудааст.

Дар оғози моҳи шарифи Рамазон оқои Убайдуллоев дар як ҷаласаи худ хитоб ба роҳбарони бозорҳо гуфта буд, дар сурати назорат карда натавонистани нархҳо аз вазифаҳояшон барканор хоҳад кард. Ба қавли манбаи мо, ки дар ҷаласаи 31 июли шаҳрдорӣ иштирок доштааст, раҳбарони “Саховат”-у “Деҳқон” ба далели контрол карда натавонистани нархҳо дар моҳи Рамазон ва шкиоят аз болояшон барканор гардидаанд.

Ҳар сол дар арафаи Рамазон ва иди саиди Фитру Иди қурбон нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои кишвар, бахусус Душанбе, якбора боло рафта, баъд аз гузаштани моҳи мубораку идҳои мусалмонӣ низ поин намешаванд. Ҳарчанд ин мавзуъ дар сатҳи шаҳрдорӣ ва ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ гардид, аммо тоҷирон нархҳои гузоштаи худро иваз накарданд.
Мӯҳр
Директори шохмансур чи? уро ба зиндон партоян

Dima,
ура хозир не, камтар кор куна ба. а бача доля вазбинай!

Тагойи ва *криша*-и директори Шохмансур худи Махмасаид Убайдуллоев да!

Харидор
Нархо дар мохи Рамазон: 1- килоаш:
гушт=40 сомон
себ=20-25 сомони
шафтолу =20 сомони
мандарин= 30 сомони
зардолу = 15 сомони
олуча= 15 сомони
харбуза=25-30 сомони
оле ки дар телевизион факат рекламаи президент бо богхое аст, ки ба гуфти сохибонашон бо кумаки чаноби оли сохта шудаанд, агар рост бошад чаро ин нарх дар фалак аст, то вакте ин богхо набуданд нарх арзон буд, барои чи мардумро фиреб мекунед росташро гуед ё ин богхо боз аз кадом хешутабори болоанд ё пеш аз рузи ид ин мевахои салафенпечу гогазпечро ягон мансабдори болои боло ба кишгвар ворид кард ва садхо миллион доллар аз кисаи мардуми камбагали бечора ба чайби нахангмоанандашону шикамхояшон ки хеч вакт сер намешаванд сарозер шуд. ин зулм то кай? дуруг то кай?

Худта чи гам мети бачаи оча хамун русхора дуо кун ки дарша бачахои мову туда кушошада мондай ки кор кунен зиндагитона бинен гуфтай акаи Путин,, Акаи Харидор

Ахмадшо
Офарин акаи Махмасаид хуб кардед локин ягон одами дигарро монед бехтар мешуда бошад.То ягон директори бозорро барои бемасъулияти ва бепарвои ба вазифа суд накунед дигараш хеч вакт нагз кор намекунад. О бародарон Шумо намедонед, ки гушт ин аз Алимардонов богхо хам аз Вайю ЧО бо умеди пастшавии нарххо дар солхои наздик нашавед, ки ноумед мешавед.

Ворис
Бояд директори бозори шохмансур ро аз вазифа гиранд!!

Акмалшо
То вакте ки маслихатчии Раиси шахр пирамардхое чун сафиаллоеву Абдулло Хабиб академики аз иктисоди сармоядори камхабари саттори хаст бозор хои душанбеда сер иву пурри ва арзони намешавад!!! Ва то вактхое ки Хамин одамхо ба монанди директори бозор хои шохмансуру дехкон баринхоянд ба обруйи Раиси шахр кор на мекунанд!

мисли занхо барин сухбат мекарда будастед. Мардхои ба номуси точик ахсан ахсан.!!! сухбатхоро гарм кунед. Дар таърихи дуне ягон марди бо шарафу номус ба сафсатагуи машгул набуд. Миёнхоро баста кор кунед охир вактатонро бехуда сарф накунед. Хонед кор кунед гукр гуед мебинед руз аз руз зиндаги хуб шудан мегирад. Аммо марди зукоки аз зкидана коки. Ба фикрм хамин аст шиори Шумо аст. Ахсан ахсан давом дихед.

Имруз 3 августи 2014 дар бозори саховат будам. Нархи пиёзро пурсидам 4 сомон гуфтанд, пурсидам чаро нархномаи пиёз 1,50 дирам овезон ку? савдогар гуфт. Ин барои реклама, хаст аммо хело майда. Ин дар холе ки алакаи раиси бозори Саховат аз макоми худ сабукдуш шуда буд.
Акнун аз кризиси картошка халос шудему ба кризиси пиёз ру ба ру шудем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)