Бахшҳо
01 авг 2014 09:15Тоҷикистон / Сиёсат

Норозигии ҲНИТ аз тарафдорони “зуҳури имом Маҳдӣ” ва ҳукми Адолатов

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба 5 соли зиндон равона шудани Саодатшо Адолатов, раиси бахши худ дар вилояти Бадахшонро маҳкум карда, онро як амали интиқомҷӯёна ва иғвогарона аз тарафи баъзе мақомот хондааст.

Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲИНТ, аз ҷумла омадааст, “бо пахши ин баёния бори дигар диққати роҳбарияти кишварро ба ин раванди номатлуб ҷалб менамояд, ки иқдоми лозимиро бияндешанд, то баъзе афрод ва ниҳодҳо Тоҷикистонро ба як кишвари дорои ҳокимияти комилан худкомаи саркӯбгар табдил надиҳанд.”

Масъулини ин ҳизб гуфтаанд, мақомот дар ҳоле Адолатовро ба барангехтани адовати динӣ, аз ҷумла таҳқири пайравони ғайри мазҳаби Ҳанафия айбдор карданд, ки ӯ дар рӯҳияи бародариву ҳамзистии байни пайравони мазҳаби Ҳанафия ва Исмоилия ба воя расидааст: “Саодатшоҳ Адолатов роҳбарии як шуъбаеро ба уҳда дорад, ки қисми зиёде аз аъзои ҲНИТ пайрави мазҳаби ғайриҳанафӣ, яъне бародарони исмоилия мебошанд.”

“Тавре маълум гашт, афроде дар ин минтақа шуруъ ба таблиғ кардаанд, ки мансуб ба мазҳабҳои анъанавӣ, мисли ҳанафӣ ва исмоилия нестанд, балки бо истифода аз арзишҳои ҳарду мазҳаб худро омодакунандагони «зуҳури имом Маҳдӣ» эълон намуда, мардуми диндорро ба гумроҳӣ кашидаанд. Аз чумла, таблиғи онҳо боиси он гаштааст, ки шуморе аз сокинони ин минтақа ба хотири "омода кардани худ ба зуҳури қарибулвуқуъи имом Маҳдӣ" аз молу мулк ва зиндагии рӯзмарраи худ даст кашидаанд, ки баъдан ин раванд онҳоро дар вазъи душвори иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ қарор додааст. Адолатов ҳамчун шаҳрванд ва сокини ин маҳал қарзи худро анҷом дода, онҳоро даъват кардааст, ки аз ин гуна таблиғоти беасос ва мухолиф ба ақидаи мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоилия даст бикашанд, то боиси гумроҳии худ ва дигар шаҳрвандон нашаванд. Ин амалест, ки ҳар рӯз намояндагони ташкилотҳои динии кишвар, кормандони мақомот ва дигар шаҳрвандон барои пешгирӣ аз нуфӯзи андешаҳои инҳирофӣ байни диндорон анҷом медиҳанд ва касе то ҳол онро ҷиноят надонистааст”,-омадааст, дар баёнияи ин шӯро.

Дар охири масъулини ҲНИТ аз мақомоти кишвар талаб кардаанд, дар робита ба қазияи Саодатшо Адолатов бознигарӣ карда, даст аз таъқибу фишори пайравони ин ҳизб бардоранд.

Додгоҳи ноҳияи Ванҷ Саодатшо Адолатов -- раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшонро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ баъд аз зӯҳри 30 июл эълон ва бо вокунишҳои тунди бархе аз сокинон рӯбарӯ гардид. Аз ин пештар, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси додгоҳи Ванҷ хоста буд, Саодатшо Адолатовро, ки ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ чаҳор моҳи қабл боздошт шуда буд, барои 8 сол равонаи зиндон кунад. Ба гуфтаи пайвандони Адолатов, айбдоркунандаи давлатӣ раиси ҲНИТ дар Бадахшонро бар асоси моддаи 189 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор хондааст. Раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд. Боздошти Саодатшо Адолатов дар ҳоле сурат гирифта, ки бист рӯз пеш дар нашрияи расмии ҳукумати вилояти Бадахшон ва рӯзи 5 апрел дар "Ҷумҳурият" бо имзои И.Мироҳаниев дар бораи ӯ мақолаи интиқодомезе ба нашр расида буд.
Мӯҳр
Вақти суди Кабирӣ ҳам расид. Бгиренш. Чӣ даркор як инсони озодандеш, стратег, токтик ва сиёсатмадор? Устухоне дар гулӯи ҳукумат

Оё музахрафоте бештар аз ин чое дида ва ё шунидаед? Саодатшо мардумро ба рохи рост хидоят кардаасту барои ин амалаш 5 сол зиндонаш карданд. Аз додгохи як кишвари диктотури чизи дигареро набояд интизор шуд.

ф
Хамаи аъзоени хизбро охиста-охиста шинода истодаанд у ин Кабири изхорот дода гаштааст. Бас кун рохбарии хизбро Кабири, лоик нести.

rishavr
ф,
salom. ba fikram in shaxs kormandi fabrikai gap ast

Магар ин додрасҳои мо шарм намекyнанд ки як инсони бегуноҳро сифр бахотири изви наҳзат бyдан, 5 сол равонаи зиндон карданд. О Саодатшо барои ба фитна гирифтор нашyдани ин навдиндорҳо ки як мазҳаби нав ва аҷибy ғарибро ба ин води ором оварданд, насиҳат мекард. Инҳо мyдати 10 сол мешавад ба ин фитнаангезии хyд дар байни мардyми мусалмон дар Ванҷ машғyланд ва шояд ҳам ҳаминҳо ҷосyсон аз кадом кишварҳо бошанд то мардyмро ба ҳараҷy мараҷ бо ин талимоташон дават кyнанд. Вале як инсони миллатдyст ва ҳақталаб ки ороми ва осyдагии муҷтамаро аз ҳама чиз авлотар медонист маҳкам карданд.

Чеймс Картер
Агар аз ман пурсанд ман тамоми ин хизбхоро бархам медихам.Ин хизбхо назди чомеъаи чахони обуре надоранд ва манфиатхои давлату миллатро химоя карда наметавонанд ва аз дасташон низ чизе намояд.Агар хизби мустахкам мешуданд лоакал гардани Жирка Жириноскыйро мешикастанд,то нисбати давлату миллат суханхои пасту баланд назанад.

Сиёсатшинос
Парвандаи сирф сиёсит. Мисли Зайд Саид, Кудратов, Ё.Салимов ва хазорон тани дигар.

Мухидин кабири як гуломи ерон аст дигар хичи

Салам
Охирин навбати махкам кардани Кабири мебошад бовар кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)