Бахшҳо
07 авг 2014 10:01Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо ҳайати воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз омодагии сахти артиши кишвар ва муҷаҳҳаз будани он бо техникаҳои ҳарбӣ барои ҳифзу амнияти мардуми осоиштаи худ хабар додааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои пешин дорои артиш ва нерӯҳои махсуси аз ҳар ҷиҳат таъмину муҷаҳҳаз, пуриқтидор ва обутобёфта мебошад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома таъкид кардааст, артиши кишвар барои ҳифзи истиқлоли давлатии ватан ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардуми худ ҳамеша омодагии қавӣ доранд. “Тавре аён гардид, ҳайати шахсии воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар амалиётҳои озод намудани гаравгонон бо роҳи ҳуҷуми ногаҳонии ғофилгир, бо усули кӯҳнавардӣ ворид шудан ба ошёнаҳои болоии биноҳои бисёрқабата, истифода аз техникаю таҷҳизот ва яроқу аслиҳаи гуногуни ҷангӣ малакаи баланди касбӣ доранд”,-навиштааст торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар пайи мулоқоти рӯбарӯи худ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи ин ниҳод боздид намуд. Ӯ бо рафти дарсу машғулиятҳои назариявӣ ва амалии ҳайати шахсӣ шинос шуда, барои баланд бардоштани савияи маҳорату малакаи касбӣ ва обутоби ҷисмонию руҳии онҳо ба масъулин дастур додааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 7 август бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ва нерӯҳои марзбонии кишвар суҳбати рӯ ба рӯ анҷом дод. Бар асоси иттилои манбаи мо, оқои Раҳмон дар ин мулоқоташ аз амниятиҳо хостааст, дар самти мубориза алайҳи терроризм ва дигар ҷиноятҳо муборизаро пурзӯр намоянд.

Аз ин пештар, 10 июли соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Досдитонии кулли Тоҷикистон иштироку суханронӣ карда, дар баробари пешрафтҳо аз камбуди онҳо низ сухан гуфт. Оқои Раҳмон аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард ва гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.
Ӯ аз кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар даъват кард, агар сарфаҳми камбуди ҷомеа намераванду дар бораи онҳо хабар надоранд, курсиҳои худро холӣ кунанд.


АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо

АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо
Мӯҳр
Бехтарин икдоми Чаноби Оли, ки пойгоҳи воҳиди таъиноти махсуси зидди террористии “Алфа”-и Кумитаи амният барои амнияти миллат ва дар самти мубориза алайҳи терроризм ва дигар ҷиноятҳо муборизаро пурзӯр мегардонад.

Шукрия
Човидон боши Чаноби Оли. Аз хеч чиз хама чиз сохта шуд.

Амирчон
Узбако ана инашда чи меген? Рогун бомбаборон кардан осон нест!!!

одил
Чаноби оли, Худованд нигахбонатон бошад, ки точикро давлатдору артишдор кардед

Мошоллох!!! Бисёр хам хуб. Аммо шумораи аскарону сарбозонро хам менавистед, хубтар мешуд! Худо зиёд гардорад!!!

Ozod
Ba umedi I guruhi alfat nasha mardaki khub. Qumondonhoi behtarini az zindon raho kun.

шахрванд
Чуссаи хамин командири бузбала сипари боэътимоди Ватан аст! Офарин Чаноби Оли!

Шумораи ин аскархо шаш миллион )))) шаш миллион аскари чанги бех аз 600 миллион ))) Дар рохи Ватан мурдан зиндагонист...Ахсан шербачахои точик!!!

artish baroi amniyati millat boshad yo baroi amniyati janob?

Точикак
кучо буд ин алфаи таърифи вакте ки киргизхо мардуми осоиштаи Воруху Чоркухро тирборон мекарданд ва мекунанду заминхои точикро гасб мекунанд???????????????

Ворухи
Алфа дар кучо буд, Киргизо дар хоки точикистон точикоро куштанд. Алфаям наомаду беташам. Халк бо сангу чуб захватчикоро зада пеш кард мутаасифона бо чубу санг зидди автомат муваффак шудан душвор!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)