Бахшҳо
08 авг 2014 08:05Тоҷикистон / Сиёсат

Тақозои берун кашидани нерӯҳои иловагӣ аз шаҳри Хоруғ

Вакилони Маҷлиси Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, бо пахши муроҷиатномае аз мақомот хостаанд, нерӯҳои иловагии сохторҳои интизомӣ ва қудратиро аз қаламрави ин шаҳр берун кашанд.

“Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳаргуна нооромӣ ва таъмини амният дар Хоруғ бояд нерӯҳои иловагии мақомоти интизомию қудратӣ аз шаҳр берун кашида шаванд. Инчунин, гаштугузор бо либоси низомӣ ва аслиҳа дар дохили шаҳр билкул манъ карда шавад”,-гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

Ба иттилои як манбаи “Озодагон”, намояндагони маҷлиси шаҳри Хоруғ тасмими ихроҷи нерӯҳои изофиро бо дархости намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ гирифтаанд. Фароҳам кардани шароит барои мулоқоти намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмон аз дигар дархости онҳо буда, инчунин тақозо шудааст, барои назорати таҳқиқи марги ду сокини ҷавони Хоруғ як кумисюн ташкил ва мардум аз натиҷаи он огоҳ карда шаванд. Аммо то кунун мақомоти расмӣ ин хабарро тасдиқ накардаанд.

Нерӯҳои изофӣ баъд аз нооромиҳо дар охирҳои моҳи майи соли равон ба маркази Бадахшон фиристода шуданд. Дар ҳамин ҳол, шаби 4 ба 5 август дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ ҷасади ду ҷавон ёфт шуд, ки бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шуданд. Ба дунбол, Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон гуфт, 4 август чархболҳои ҳарбӣ озими Хоруғ шуда, аз дигар минтақаҳо ҳам ба Хоруғ ОМОН омадааст.
Мӯҳр
Рустам
Нирухои хукуматиро берун кащед, ки боз чанд бинои носухтаро оташ зананд. Э.Рахмон месозад, бачахакои помирй оташ мезананд. Дар инчо бинохои зебо лозим нестанд. Ба пеш !!!

Сникер СИ
Ачоиб, Алим Шерзамонов раиси Хизби СДТ дар Бадахшон ё намояндаи ОБСЭ

Бечора А.Шерзамонов Агар яке мурдаи парранда дар /Хоруг ёфт шавад, даррав мегуяд, ки ин парранда бо максади фишор овардан ба у кушта шудааст!!!! Он не оппозиционер, а еврропейский подпевала

Сканворд
Хукумат босаводона бояд амад кунад.Помир марзи мухимтарин дар силсилаи кургирехи Помиру Хиндукш махсуб ёфта,дар ин стиковка чанд фарханги чахони(исломи,насоро,конфузияи чини,хиндуия)амъи ахолии гирди ин стиковка беш аз миллиард хаст.Точикистон ин СССР нест,ки чахон аз у тарсида ба Помир назар накунад.Аз ин ру барои инкишофи ин минтака ва рекламаи Помир бояд мо миллиардхо доллар сарф кунем.Акалан ба афгонхо нигох кунед:биринчи"Помир",чойи "Помир",авиакомпанияи "Помир",мотоцикли "Помир".Ана ин мардумро давлатдор мегуянд онхо медонанд,ки ин стиковка чи мавкеъияте дорад.Мутаасифона сисёсатмадору тахлилгаре имруз миллати мо надошта,хама бо хавою андешаи танг муносибат доранд инчо,ин кор нохуб аст.

Сатор
Аз Хукумати ЧТ хохиш дорам ки ягон неруро аз каламрави Бадахшон набарорад ки боз Силохбадастони Бадахшонро Худо метияд Ё ба гуфти Шерхон Салим Мухамадбокиро бояд ба чавобгари кашанд Чунки Мухамадбокир барои мардуми Бадахшон мисли ОГОХОН 4 МЕБОШАД Чихеле ки мардуми Бадахшон УЛТИМАТОМ мемонанд Хукуматхам УЛТИМАТУМ монад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)