Бахшҳо
09 авг 2014 07:51Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Фармони хароб кардани бозори “Саховат”-и ҳамсари Кабирӣ

Бобоалӣ Табарзода, раиси шаҳри Турсунзода зери фармони тахриб кардани бозори “Саховат” ва ба ҷои он бунёд кардани муҷтамаи варзишӣ имзо гузоштааст.

Ин бозор дар гузашта ба ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таалуқ дошт, аммо бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ додгоҳи Турсунзода моҳи апрели соли равон қитъаи заминеро, ки дар он бозор мавҷуд аст, ба ҳисоби давлат гузаронд. Дар фармони ҷаноби Табарзода бошад, гуфта мешавад, бозори “Саховат” акнун ба тавозуни мақомоти Турсунзода гузашта, то ҷудо шудани қитъаи замин барои сохтмони бозори нав иҷрокунандаи вазифаи раиси бозор Муҳаммад Бодаков тренери Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъин шудааст. Дар фармон ҳамчунин омадааст, дар ҷои бозори пешин варзишгоҳ сохта мешавад. Як далели даъвогарони баҳси додгоҳӣ ҳам ин буд, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ пешниҳод карда буд, агар мақомот барои онҳо замин ҷудо кунанд, аз ҳисоби тоҷирони бозор муҷтамаи варзишӣ хоҳанд сохт. Ё ин ки маблағи иҷораи варзишгоҳҳоро пардохт мекунанд, аммо ин пешниҳод аз тарафи даъвогарон рад шуд.

Масоҳати бозори “Саховат” 1 гектару 77 сотих буда, дар ноҳияи Турсунзода ҷой гирифтааст ва гуфта мешавад дар он ҷо наздик ба 700 нафар машғули коранд. Ин бозорро соли 2009 Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, аз соҳибмулки аввалинаш Лутфия Неъматлулоева ба қимати 836 ҳазор сомонӣ харидааст.
Мӯҳр
Вахдатали
Ана ин корро беакли мегуянд.Инчо худ аз худ хис мекуни,ки на вахдат балки минтакагарои афзуда,сари миллатро мехурад.Ин миллат дар хакикат бесавод аст.

Минимаркет
Умуман тафаккури БОЗОР- билкул аз магзи сари Точик шустан даркор. Чи гапаи хамаи рохбарон ва мардуми мо ба бозор часпидагианд. Дар Точикистон тамоми бозорхоро бархам дода, ба супермаркетхо гузаштан даркор. Дар чои бозорхо Институт ва лабораторияхои тадкикоти: Физика, Химия, биология ва кайхоннавардию барномасозии технологияи муосир бунёд кардан даркор.

тайлок (дангараги)
Минимаркет,
ин хел нагуед, бо раисои бозора барои "формат"-и сархошон сузандору нагузаронанду бозорошона гиран. Хай бозор хеччи неку мардум хайф мешаванд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)