Бахшҳо

Номаи як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик ба ҳимоят аз мардуми Фаластин

Корбарони гуруҳи “Тарбияи имонӣ”-и шабакаи Фейсбук ва ҷавонони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо нашри номаи боз ҳимояти худ аз мардуми Фаластинро эълон карда, дар робита ба ҳаводиси ахири навори Ғазза ҳамдардӣ баён кардаанд.

Онҳо дар ин номаашон меҳру муҳаббати шаҳрвандони Тоҷикистон ба мардуми Фаластин, аз ҷумла ба сокинони Ғаззаро баён намуда, таъкид кардаанд, ки ҳарчанд амалан дар бари эшон қарор надоранд, вале ҳамеша дар дуои худ аз онҳо ном мегиранд. Дар ин номаи гуруҳи ҷавонони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ба мардуми Фаластин, ки дар торнамои расмии раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон – Юсуф Қарзовӣ низ бо забони арабӣ нашр гардид, аз ҷумла омадааст, “сокинони Тоҷикистон ҳамеша дар мусибати Шумо шарик буда, ҳар зулму истибдоде, ки болоятон раво дида мешавад, аз он ранҷ мебаранд. Аз рӯзҳои аввали ҳамлаҳои хунину ваҳшиёнаи нерӯҳои Исроил ба навори Ғазза мардуми Тоҷикистон худро бетараф нагирифта, ба даргоҳи Худованди бахшандаву меҳрубон алайҳи душманонатон, ки онҳоро душмани худ низ медонанд, дуо мекунанд”.

Ин гуруҳи ҷавонони кишвар дар идома изҳор доштаанд, мардуми Фаластин, аз ҷумла сокинони навори Ғазза бо ин муборизаву истодагарии худ алайҳи нерӯҳои Исроил обрӯ ва мақоми миллати Исломро дар ҷаҳон боло бардоштанд.

Ин номаи бози корбарони гуруҳи “Тарбияи имонӣ” дар ҳолест, ки онҳо қаблан низ бо навиштани чунин нома аз раҳбарияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар хоста буданд, дар эътироз ба ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин садо баланд кунанд.

Дар номаи ин корбарони тоҷик ба унвони Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин аз ҷумла омада буд, “тақрибан тайи ду ҳафтаи ахир мардуми солҳо азияткашидаи Фаластин дар навори Ғазза аз тарафи режими ишғолгари Изроил мавриди ҳуҷум қарор гирифтаанд. Даҳҳо тифлакони маъсум, занони бечора ва пирамардону мардуми осоишта дар натиҷаи ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи бераҳмона ҷони худро аз даст додаанд. Ғайр аз ин садҳо, бал ҳазорҳо нафар аз ин тӯпу туфанг захм бардошта, маҷрӯҳ гаштаанд. Ин амалиёти ваҳшиёна мардуми озоду огоҳу бедори мардуми ҷаҳонро ба пой хезонд ва дар аксар кишварҳо барои пуштибонӣ аз ин мардуми азиятдида барои тазоҳурот ба хиёбон рехтаанд.”


Дар акс: Абдуллоҳ Оқилзода, яке аз муаллифони нома ба мардуми Фаластин
Мӯҳр
ба фаластин кумаку химояти маънави не кумаки моливу харби лозим аст!

нола аз чудои
Номау дуо чизи хубаи вакте, ки рух дар бани одамият бошад. Имруз шайтон дар руху тани Яхуд лона сохтааст ва ба такдири инсоният бози карда истодааст. Ба назар чунин мерасад, ки проблемаро факат Худои Холик худаш хал карда метавонад.Чунки мо мусулмонон ва Шаихони Араби милярдер аз илми вокейят бисёр дур рафтем ва гумрох шудем.. имруз аз лихози техникау олоти мухофизи ба мукобили Яхуде, ки 5,5 млн дар Исроил ва чамъи Яхуд худуди 15 млн дар дунё нуфуз дорад ё надорад, ягон чизро гузошта наметавонем. Мусулмонон 1,5 млярд... Муъмин бародари муъмин чиход зидди бародар эълон кардаанд, якдигарро метарконанд,месузонанд, гасбу горат ва таъкир ва фиреб мекунанд. Бо ин ахвол то кучо мо мерафта бошем.

Бехтарин икдом Абдуллоҳ Оқилзода, аммо чойи таассуф аст ки ягон маротиба дар хакки мардуми мазлуми Фаластин алалхусус Ғазза дар масҷидҳо дуойе карда бошанд.Ҳар гоҳ бо умед меравам ба масҷид кош имруз дуойе бикунад ........афсус............................ Эй мардуми Шарафманди Ғазза шумо ҳеҷгоҳ танҳо нестед Мо бо шумоем Худованд бо мост .

Мошо аллоҳ Офарин ба шумо ҷаноби Оқилзода

Рахматулло
Дар матни охир ба чои Исроил, Изроил омадааст

сорбон
шумо як гурух бо ном чавонони точик ба мардуми фаластин баройи чи дифоъ мекунд баройи онки шумо мучохидед бас кунед номи точиконро паст накунед агар ба шарте точики асил бошед чи магар араб нисбати миллати мо чи котилиеро мчро кард намедонед е дониста тарафдори мекунед е шумо хам халтабадастхойи давлатхойи араби хастед бас кунед шармарндагиро

Сино
Устод Абдуллох Окилзода рохбари гурухи Тарбияи имони буда харруз аз навигарихои Ислов ва чахон аз иктисод, фарханг ва илму техника ва гайра барои корбарони гурух хабар медихад ва хамзумон аз насихат ва пандхои худ ва дигар бузургони чахони Ислом корбаронро бахравар мегардонанд Устод инсони босавод ва хеле зираканд аз Худованд барои Устод сарбаланди хидматхои шоиста ва авфи камбудихоро хохонам. Омин!

Дар гуруҳи тарбияи имони ҳама салафиҳо фаъоланд.
як ҷумла зидди террористсалафия нест.
як ҷумла дар бораи мазҳаб нест!
таблиғи салафия.
Фаластин руйпошии башараашон аст.
мақом пайдо карданашон аст.

Abdulloh
Ba Corbon! In tu hasti ki nomi Tojikro past mezani! Dar tamomi dunyo chi musulmonu chi gayri musulmon tazohurot barpo karda istodaand.
Ba hanafi: tu durug meguyi az xudo tars ! Shoyad kadom rofizi hasti ki tuhmatro ba xudat ibodat mehisobi!

Ин Абдуллора ика реклама кардесте.
Нисфи салафихои Точикистон шогирдошан.
ДОЪИШ бас набуд?
Озодагон?
Монед мусалмонона зиндаги кунем. Таблиги амиора накунен илтимос.

нозир
Дуруст кайд карди бародари азиз Абдуллох мохам котиона инро махкум мекунем, ва дар хакки мардуми мазлуми Фаластин дуогу хастем. Худо нигахбонатон бародарони азиз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)