Бахшҳо
11 авг 2014 17:14Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯянд, ба Э.Раҳмон "гап" доранд

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон дар пайи ҳодисаҳои охир хостори мулоқоти рӯбарӯ бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон шудаанд. Онҳо дар иҷлосияи ғайринавбатии вакилони халқии шаҳри Хоруғ, ки ба хотири баррасии вазъи ин минтақаи кишвар баргузор гардиду дар он роҳбарони шаҳру вилоят ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳузур доштанд, ин дархостро кардаанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон дар иҷлосия аз раҳбарияти ин вилоят ва намояндагони мардумии тоҷик хостаанд, вохӯрии онҳо бо раисиҷумҳури кишварро барпо кунанд.

Сокинони вилояти Бадахшон гуфтаанд, ҳадаф аз мулоқоти рӯбарӯи онҳо бо раиси ҷумҳури кишвар баррасии масоили марбут ба ҳаводиси охири Хоруғ буда, мехоҳанд, бо Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ҷилавгирии такрор шудани ин гуна зуҳуроти нооромкунандаи ҷомеа, таҳким бахшидани муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои мардум бо мақомоти давлатӣ дар роҳи суботи кишвар ва рушди ватани азизро ба баҳс кашанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрванди ин минтақаи кишвар дар иҷлосияи мазкур инчунин таъкид кардаанд, ки баланд бардоштани мақоми шӯроҳои ҷамъӣ барои ҳалли ин гуна масоил ва нофаҳмиҳо ва пешгириии ҳар гуна зуҳуроти барои ҷамъият нораво ва ҳамгироии дастҷамъӣ дар рушду нумӯи кишвар бисёр муҳим буда, ибрози умедворӣ кардаанд, мақомоти давлатӣ бо дарки ин ҷониби ҷиддии фаъолият муносиботашонро бо мардум хеле наздик ва самарабахш ба роҳ хоҳанд монд.
Мӯҳр
В.в
Тани одам шариф аст бачони одамият, нахамин либоси зебо нишони одамият.

Шумо нодуруст маълумот медихед озодогон вилоятхо аз шахр фаркият дорад хорог ва намояндахои хорош мехоханд бисер чизро мехоханд Левин намоНдаи президент дар вилоятхо хаст бо у вохуранд кифоя президент Бахои худро дар бадахшон порсол ба чинояткорон дод онхо дар пеши конун бояд чавоб гуянд

О ту Шодихони Чамшед вазифаро гирифтй авзоро тинч кун. Президент дигар кор надорад, бо ду-се наркодилер гап мезанад. Курнамакй хам ба эбаш. Ба кавли сугдиён феламонро набиёретон. Барояш *тинч* кардани чунин разборкахо ду карат ду аст. Дар асоси конунхои ЧТ ва байналмилал гузаронидани "Амалиёт"-хои зиёд, ба мисли "Кукнор-2014", "Нашъа ва нашъачалобон", "Террор..." ва гайра. Ахиран, дар пеш чашнхои чумхуриявй ва байналмилалй Точикистонро интизор аст.

Бародарову хохъархъои азиз. Имруз президенти кишвар дар чараёни хаводс нест. Дар ин корхо худи макомоти болои даст доранд. Хуб мешуд ки президент як бор мардумро гуш мекард. На онхоеро ки дар вохурихо уро таърифу тавсиф мекунанд. Президент ба ин гуна таърифу тавсифхо эхтиёч надорад. Президент ба вокъетият эхтиёч дорад. Вагарна дер мешавад. Дар гирду атрофаш лаганбардорони муфтхуру кослесу порагир гирд омадаанд, ки хеч намехоханд Президент аз асли вазъи чомеа огох шавад. Чомеаи шавхрванди махз асли вокеъаро гуфтанист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)