Зайд Саидов то моҳи октябр дар СИЗО хоҳад монд

Додгоҳи олӣ рӯзи 22 август бар асоси дархости нави Оҷонсии зидди фасоди молӣ қарор кард, ки Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав, то ду моҳи дигар дар СИЗО хоҳад монд.
Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон хоста буд, то анҷоми санҷиши айбҳои наве, ки алайҳи Зайд Саидов баъд аз маҳкумияташ эълон шудаанд, ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ шавад. Қаблан, моҳи июни соли ҷорӣ низ Додгоҳи олии Тоҷикистон иҷоза дода буд, Зайд Саидов ду моҳ дар СИЗО биистад.
Ҳоло ки муҳлати додаи додгоҳ ба анҷом расидааст, Оҷонсӣ мехоҳад, бори дувум ин муҳлат тамдид карда шавад. Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд ва ҳоло тафтиши он идома дорад. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.
Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили ягонаи Зайд Саидов мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |