Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Исфандиёр: “Ҷафо, ки аз ҳад гузашт, на фақат ман, балки дигарон ҳам мераванд” » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 июл 2019, 07:05

Исфандиёр: “Ҷафо, ки аз ҳад гузашт, на фақат ман, балки дигарон ҳам мераванд”

25 август 2014, 10:45

Cайф САФАР

Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон” бо адиб ва журналист -- Исфандиёри Назар аз марги Симини Беҳбаҳонӣ, бонуи ғазали Эрон, шурӯъ шуд ва суоли аввал ҳам ин буд, ки кай бо шеъри Симин ошно шудед?


Исфандиёри Назар: “Номи Симин барои Тоҷикистон ошно буд, аммо ман ба “восита”-и Аҳмад Зоҳир бо шеъри ӯ шинос шудам. Аҳмад Зоҳир ғазалҳои “Чун дарахти фарвардин” ва “Ситора дида фурӯ басту орамид биё”-и Симинро мехонд. Бо номи Симин бори аввал тавассути Ҳайдар Аюбӣ ном шахси огоҳ, фориғуттаҳсили факултаи забонҳои шарқ, шудаам. Ӯ дар даврони Шӯравӣ панҷ ғазал аз хонум Симин Беҳбаҳониро чоп кард ва дар миёни онҳо яке аз ғазалҳое, ки Аҳмад Зоҳир мехонд, низ буд. Чун марзҳои Шӯравӣ баста буду бо хатти форсӣ ошноӣ надоштем, китобҳои зиёди форсӣ низ дар дастраси мо набуд, то битавонем бо осори Симин ё ҳар шоири дигари ҳамзамони Симин ошноӣ пайдо кунем. Он чи дар дастраси хонандаи тоҷик буд, маҷмӯаи дастҷамъие буд, ки ибтидои солҳои 80 то 90 ё аз 70 то 90 дар ду маҷмӯа яке бо кӯшиши устод Лоиқ Шералӣ дар Маскав чоп шуд ва яке дигар зери назари устод Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон чоп шуда буд. Яке ҳам номи “Мушоира” дошт ва онҷо ашъори шоирони порсигӯйи Ҳинду Покистон, Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон ҷой дода шуда буд. Ончи ки номи Нимо Юшиҷ ё Ахавони Солис ё Сӯҳроби Сипеҳриро шунидем, аз он маҷмӯаи солҳои 78-79-уми асри гузашта нашршуда бо хатти кириллӣ буд.”

Озодагон: Номи Симин ҳам буд?
Исфандиёри Назар: “Номи Симин ҳам дар ҳамин маҷмӯаҳо ҷой ёфта буд, вале аз зеҳнияти мураттибон ва аз тарзи интихоби онҳо ҳис мешуд, ки шеъри сапед ё нимоиро онгуна, ки имрӯз бо ҳама паҳлӯҳои худаш роиҷ аст, қабул нашуда буд. Шеъри нимоӣ дар адабиёти Шӯравӣ ба гунаи шеъри Владимир Маяковский, дар адабиёти худамон ба гунаи шеъри Пайрав Сулаймонӣ аз худи устод Айнӣ шурӯъ мешуд. Ман фикр намекунам, устод Айнӣ ё Пайрав бо осори Нимо Юшиҷ шинос буданд. Дар мо буд, навъи шеъре, ки мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст ва паҳлӯҳояш рӯшан нашудааст, масалан ман ҳам фикр мекунам, устод Лоҳутӣ яке аз поягузорони шеъри ҷадид ҳаст.”

Озодагон: Шеъри Симин чӣ чизи хос дошт, ки то ин ҳад писанди мардум шуд ва ӯ ҳатто ба унвони “бонуи ғазали Эрон” даст ёфт?
Исфандиёри Назар: “Ин ки Симинро ҳамчун устоди ғазал мешуморанд, пеш аз ҳама фитрати зотии ӯст. Вақте ҳамсолону устодон ба ин даъво хестанд, ки ғазали форсӣ мурдаасту аз дасти ғазал ягон кор намеояд ва гӯиё қофия дар ғазал дасти шоирро кӯтоҳ мекунаду намегузорад масъалаҳо матраҳу баррасӣ гарданд, Симин ба ғазал даст зад. Ӯ хост, исбот кунад, ки ғазали форсӣ паҳлӯҳои бозу ношинохта дорад ва дар он метавон ҳар коре кард, ки Нимо, Шомлу ё Суҳроб дар шеъри нав кардаанд. Симин инҳоро ба маърази ом овард ва исбот кард, дар ҳақиқат ғазали форсӣ ҳанӯз ҳам ва барои садсолаҳо имкони гуфтугӯ карданро, чӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ, чӣ дар масоили ошиқона ва дар ҳар масоили дигаре, ки хоҳем, дорад.”

Озодагон: Дар Тоҷикистон Симин то чӣ ҳад шинохта аст?
Исфандиёри Назар: «Фикр намекунам, дар Тоҷикистон насли 20 соли охир бо номи Симин ошно бошад. Ҳамзамон дар сари ин даъвои худ собит ҳам буда наметавонам, чун дар миёни ин насл ҷавонҳои зиёде ҳастанд, ки бо ишқу алоқае, ки ба адабиёт доранд ва алакай мусаллат ба хати ниёгони худ ҳастанд, ҳатман Симинро мешиносанд. Вале насли даврони Шӯравии тоҷик бо ташнагӣ дунболи шеъри шоирони порсигӯ мерафт ва тавассути нафароне, ки дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва ба сифати сарбоз хидмат мекарданд, шеъри навини форсӣ ба Тоҷикистон меомад. Касоне, ки дар матбуоти он даврон дасти дарозе доштанд, агарчи ба шакли маҳдуд ҳам буд, шеърҳоеро аз Симину Ахавони Солис ба такрор чоп мекарданд. Яке аз ғазалҳои қадимии Ахавони Солис, ки он вақт чоп шуда буд, дар Тоҷикистон хеле машҳур аст:

Ҳамин аз ғам на танҳо чашми хунполои ман гиряд,
Ки ҳамчун нахли борон хӯрда сар то пойи ман гиряд.


Ин аз ғазалҳоест, ки аз даврони Шӯравӣ ба Тоҷикистон ворид шуд ва бо садои овозхони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабеки Мурод забонзади хосу ом шуд.”

Озодагон: Аммо, осори Симин дар миёни пажӯҳишгарону адабиётшиносони тоҷик то чӣ ҳад ба миён кашида шудааст?
Исфандиёри Назар: “Шахсан аз адабиётшиносоне, назири Абдунабӣ Сатторзода, Раҳими Мусулмониён ё Худойназар Асозода ё касони дигаре, ки ба адабиёти Афғонистону Эрон сару кор доштанд, мақолаи мукаммале дар бораи Симин ва эҷодиёти ӯ нахондаам. Ҷуз ин ки пораҳое дар маҷаллаҳои адабии замоне машҳури “Фарҳанг” ва “Садои Шарқ” чоп мекарданд. Аслан дар Тоҷикистон ковишу пажӯҳише дар мавриди осори Симин нашудааст.”

Озодагон: Мехостем, рӯи шеъри “Дубора месозамат Ватан, агарчӣ бо хишти ҷони хеш”-и Симин ва шеъри “Дубора созамат Ватан, ба хишти ҷони хештан” -и Бозор Собир суҳбат кунем. Дар миёни дӯстдорони шеъру адаб баҳсҳое сар мезанад ва бархе аз онҳо Бозор Собирро ба “шеърдуздӣ” муттаҳам мекунанд ва бархеи дигар ҳам бар инанд, ки Бозор Собир танҳо дар пайравии Симин шеър сурудааст. Назари Шумо чист?
Исфандиёри Назар: “Наметавонам устоде чун Бозорро ба дуздӣ айбдор кунам, вале инро ҳам набояд аз хотир барорем, ки устод Бозор Собир дар даврони Шӯравӣ бе он ки ишорае кунад, ғазале маъруфро аз худ гуфта буд:

Боз шире бо шакар омехтанд,
Ошиқон бо якдигар омехтанд.
Рӯзу шабро аз миён бардоштанд,
Боз шеде бо қамар омехтанд.


Хуб, се-чор байти ҳамин ғазал, ки бо номи Бозор Собир дар куллияи дафтарҳояш омадааст, аз они Мавлоно Ҷалолиддин мебошад. Вақте ки ҳамин ғазали маъруфи Симин «Дубора месозамат Ватан»-ро дар ҳама ҷо ба номи устод Бозор Собир гирифтанд, гуфтам имкон надорад, ғазали ба ин бузургиву маъруф, ки чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар Эрон ҳатто ба мисли як суруди миллӣ, суруди ҳарбӣ дар пояи адабиёти баланди «Шоҳнома» замзама мешавад ва ҳама кас аз он огоҳ аст, кори дасти хонум Симини Беҳбаҳонӣ аст, имкон надорад, устод Бозор онро ҳамин тавр осон гираду ба номи худаш нашр кунад. Аз рӯи шунидам як каму тағйироте дар мисраъҳои аввал овардааст, вале боз ҳам ойини ҷавонмардӣ талаб мекард, агар ҳатто як калима ҳам бошад, дар поварақи китоб ё дар мусоҳибаҳояш мегуфт, ин ғазал асолатан аз они хонум Симини Беҳбаҳонӣ аст ва ман чун хушам омад, аз он гирифтам. Бубинед, ҳатто устод Лоиқ вақте дар ғазали маъруфаш, ки гӯиё барои ҳамсараш пеш аз марг сурудаву бахшидааст, онҷо мерасад дар як байт ва мегӯяд, «Ҳамболу ҳампари ту, дидор дар қиёмат!». Дар поварақ мебиёрад, ки «ҳамболу ҳампар» таъбири шодравон Қутбӣ Киром аст. «Ҳамболу ҳампар», ки дар гуфтугӯи ом ҳам роиҷ аст, шоир метавонист, аслан аз Қутбӣ Киром ба ин васила ёд накунад, вале ҷавонмардӣ ин аст, ки гуфт: «Ҳамболу ҳампар» аз Қутбӣ Киром аст.»

Озодагон: Яъне, коре буд, ки Бозор Собир дар мавриди ғазали Симин накард?
Исфандиёри Назар: «Ин корест, ки бояд устод Бозор Собир мекард. Ҳам дар Мавлоно ва ҳам дар Симин бояд ин корро мекард. Хуб, шояд устод Бозор Собир барои худ далел дошта бошад, чун дар адабиёт боз як роҳи гурезе аз ин ҳама туҳматҳо ё аз ин ҳама интиқод аст. Гӯиё омадани як фикр тавассути фариштаи илҳом ба ду шоир ва ин дигар ба истеъдоди шоир аст, ки кадоме баландтар мегӯяд ва кадоме паст. Шояд устод Бозор Собир иддао пеши худ дошта бошад, ки ман бе он ки девони Симинро хонда бошам, ғазаламро гуфтам ва аслан метавонад гӯяд, ман Симинро ҳеч хуш надорам ва намехонам, чун ҳама медонанд, ки ман ғазалро бад мебинам. Борҳо дар мусоҳибаҳояшон гуфтааст, ки «анбор анбору ғор ғор ғазал дорему вале ҳеч кадомашон ғазал ҳам нест.»

Озодагон: Симини Беҳбаҳонӣ дар мусоҳиба бо Шумо дар мавриди баргаштан ба хатти форсӣ гуфтааст, ки: “Метавон барномаҳои камаҳамиятро ихтисор кард ва ҳамасола барои иҷрои ин манзур маблағи муайянеро ихтисос дод”. Манзураш чӣ буда? Зоҳиран, хонум Симин аз ҷашнҳое, ки мо дорем, бехабар набуда?
Исфандиёри Назар: “Фикр намекунам, Симин барномаҳои моро тамошо кардаву огоҳ бошад, чаро ки ба эътиқоди худаш чун ба ин хат ҳеч ошноӣ надошт ба ҳамин сабаб Симин дар тамоми умр натавонист, ки аслан аз кайфияти адабии Шӯравии тоҷик бохабар шавад. Натанҳо Симин, балки тамом он шоироне, ки дар он хитта зиндагӣ мекунанд, аслан ба ҷурми ҳамин хатти лаънатӣ натавонистанд, бо адабиёти мо шинос шаванд ва ману шумо низ ин зарари азимро таҳаммул кардем. Фикр намекунам, Симин аз барномаҳои, ки мо ҷашни харбуза мекунем ё як чизи дигар огоҳ бошаду ин гапро гуфта бошад, вале ду дидгоҳро метавон ҳаминҷо биёрам. Яке, вақте ки бо устод Аҳмади Қаҳрамон, аз шоирони бисёр қавӣ ва аз касоне, ки тавонист тамоми осори Соиби Табрезиро кор кардаву ба чоп расондааст, дар Машҳад суҳбат кардам, гуфт, зарурати бозгашт ба ин хатро надоред, чаро ки тӯли ҳафтод сол шумо корҳои зиёдеро ҳам анҷом додед. Албатта, гуфт ба ин кор метавонед баргардед, вақте ки кишвари шумо аз нигоҳи иқтисодӣ бисёр қавӣ шавад. Ин андешаи Аҳмади Қаҳрамон буд пеш аз он ки ман бо Симин вохӯрам. Вале, вақте ки ба Симин дар мавриди хат суҳбат доштам ва аз ӯ пурсидам, ки аз шоирони тоҷик киро мешиносад ба истиснои номи устод Лоиқ Шералӣ дигар номи ҳеч касро аслан набурд. Вале, дар мавриди хатти форсӣ Симин бисёр бо сароҳат таъкид кард, ки “чаро ба хатти форсӣ барнамегардед.”

Озодагон: Ҳоло биёем сари масъалаи Фаластин, ки имрӯзҳо сари забонҳост ва Шумо шеъре ҳам дар дифоъ аз онҳо навиштед. Назари Шумову хонум Симин дар ин маврид шабеҳи ҳам аст, на?
Исфандиёри Назар: “Тақрибан, фикр мекунам мо ҳамназар ҳастем бо ин ки нафарони алоҳида аз ман интиқод карданд, ки гӯиё назари хубе дар мавриди ин муноқиша надоштаам ва ҳамеша пуштибонии Фаластинро кардаам ва аслан дар фикри кушташудагони Исроил набудаам. Бубинед, агар инсофро ба кор гирем, ман ба муқобили мардуми оддии Исроил ҳарфе нагуфтаам. Ман чӣ гуна аз режими хунборе дифоъ кунам, ки ин ҳама кӯдак, зан ва шаҳрҳоро ба хун мекашад ва боз ҷиноёташро кишварҳои дигари абарқудрат бешармона пуштибонӣ мекунанд. Чаро кишварҳои гӯиё башардӯсту демократӣ дар қиболи марги ҳазорҳо тан садо баланд намекунанд? Чаро ман дар ин маврид ҷонибдори Исроил бошам ва барои 41 нафар сӯгнома нависам?”

Озодагон: Ин рӯзҳо аз Шумо дар мавриди дар Ватан мондан ва ё тарки он зиёд суол мекунанд. Нороҳат нестед?
Исфандиёри Назар: “Хуб, тарк кардан кори осон аст. Ҳамин рӯз ҳам метавонем ин корро кунем. Дар дигар ҷой ҳам ҷойе барои тоҷикон сохта намондаанд. Вазъи ду миллион тоҷик дар Русия барои касе пӯшида нест. Мо, ки сару ҳисоби ин миқдорро намеёбем, ҳоло, бо рафтани Исфандиёр чӣ чиз кам ё зиёд мешавад? Хуб, ин ҷо мондану мушкилотро баён кардан ва мунтазир шудану пофишорӣ кардан, то ки мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад, омӯхта ва бартараф шавад, беҳтарин кор аст. Қатъан мегӯям, ки рафтану аз берун бо эҳсоси мардум бозӣ кардану онҳоро ба мубориза даъват кардан ба муқобили миллат аст. Набояд ҳар шахси огоҳ аз ин тариқа кор бигирад. Вале, вақте дар ватан ҳам ҳеч ҷойи корат надиҳанд, ҳеч нафасат надиҳанд ва аз ҳар самт мушкил эҷод кунанд, ногузир мешавӣ, ки тарки ватан кунӣ. Ва як байти классикӣ ҳам аст, ки мегӯяд:

Ҳеч оқил ба ҷафо тарки ватан менакунад,
Магар оне, ки ҷафо дар ватан аз ҳад гузарад.

Ҳангоме ки ҷафо дар Ватан аз ҳад гузарад, натанҳо ман, балки дигарон ҳам тарки Ватан мекунанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дориюш

  • 25 август 2014 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар шабу рузи маросими фавти хонуми газалсарои зиндаёд Симин Бехбахони шеъри машхури "Дубора месозамат Ватан...." дар ичрои сарояндаи хушсадои эрони Дориюш мутантан аз телевизиони эронихои хорич тамошо карда лаззат бурдам ва ба сухани озодихохонаи ин зани бузург ахсант хондам.
Посух додан
  • Инсоф

  • 25 август 2014 14:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аксари шоирон гумроханд ва
моро низ гумрох мекунанд, илтимос аз онхоро таблиг накунед!
Посух додан
  • said

  • 25 август 2014 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Исфандиёр. Дар масъалаи иди харбуза ман хушнудам ки дар мухити идона бо фарзандон сайру гашт намуда харбузахои арзону ширин мехарем. Баъдан шумо барин хабарнигоре ки ватанро ба сар задани чангу чидолхо оварда мерасонеду баъд кучо мешавед ки аз шумо хабаре намерасад, монанди солхои 1992 калламушбарин ба замин даромада меравед. Худо нишон надихаду кишвари мо дар холати чанги бошад шумо ба таги замин гурехта ба хорич меравед. Боз хамин халки камбагалу камсавод ба дифои ватан бармехезад. Илтимос монед тинч зиндаги кунем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал ба "Саид" ном кас: Дустам, медонам ки номи худат нест-ман бо номи Исфандиёри Назар мусохиба додам-хамчун адиб ё рузноманигор. Аммо шумо кистед? Агарчи медонам ки аз кадом мушхона садо баланд мекунед- боз хам ба шумо посух медихам. Исфандиёр хеч гох тарафдори чанги шахрванди набуд ва тарафдори иди харбуза хам нахохад шуд-иллатро худ медонед-аммо наметавон хамаро бо камтарин айб гунахкору муттахам кард. Ва дар сухбати ман сухани чанг аз кучост?! Дар чанги шахрванди низ Исфандиёр чое нагурехта ва баъд хам аз Саидхо нахохад гурехт. Албатта - ман умедворам, ки дигар мардуми точик хеч гох ба чанг намеандешанд-он мусибатро таърих боре барои дарси ибрат овард. Аммо агар бозингароне бузург чунин бозиро оранд-онгох на "Саид" кор карда метавонаду на Исфандиёр. Ва инчо бояд ба ин андешид, ки "чанг"-ро ки мехохад? Ононе, ки мардумро ба танг меоранд ё Исфандиёре, ки чун садхо хазор нафар мумкин аст аз зиндагии бад ба танг ояд? Шумо бо шиками сер иди харбуза мекунгед- аммо садхо хазор нафар тавони харидани харбузаро надоранд. Бо посухнависие инчунин хизмати хирсона накунед. Худ хуб медонам, ки чи гуфтаам ва барои гуфтаам чи далеле дорам. Дар зимн, окои "Саид" бе он, ки тарсе аз Исфандиёр дошта бошад- метавонад мустакиман ва ру ба ру ба ман биншинаду харф бизанад то бубинем ки то кадом хадд у хак аст ва ки то кучо мегурезад!
Ба нафаре бо номи Мунис: Дар хар кучо бини халонидан ва аз Каздон ном дехаеву "чанг"-и он ёд кардан худ мерасонад, ки одами кучо хастед. Бо ин хама, ман хамчун рузноманигор аз тамоми ниходхову вазоратхо аснодеро овардаам, ки дар 45 сантиметрии канори мактаб гуронидани часади одамонро мамнуъ медонад! Шумо бехтар бул рафтаву бубинед, ки дар кучои Точикистон - дунёро намегуям - дар кучои ин кишвар канори мактабро, замини обиро, сохили дарёро - он хам дар дехаи дигар!!! - кабристон кардаанд ва мутаассифона Карори Хукумати чумхуриро бо татбики нодурусти он далел овардаанд! Каздон кабристони худро дорад ва зарурате ба бурдани ачсодаш ба дехоти дигар надорад! Ин ду деха аллакай - ва албатта сахми ман дар баёни иштибохоти афроди онхо хаст, - ба мувофика расидаангд ва ман аминам, ки дигар Мунисхое миёни он ду оташи хусумат намеангезанд. Бехтар буд барои вокеиятро баён кардан, руи Худоро дидан ба масъулоне чун Турба Бердиев, Шукур Хокироев, Бахриддин Назаров ва... мурочиат мекардед. Нахустин маколаро дар ин самт Исфандиёри Назар нанавишта ва посухро ман навиштааму касе хам тавони чавоб доданашро наёфта!
Посух додан
  • Тохир

  • 25 август 2014 19:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кани он меросхурои Симини Бебахони ки Бозор Собирро ба суд диханд барои дузди. Мувофики конунгузории Чумхурии Точиикстон Бозор Собир барои дуздии моликияти зехнии шахси дигар бе овардани иктибос аз 2 то 5 сол аз озоди махрум карда мешавад. (нигар ба кодекси чиноятии ЧТ ва конуни чумхурии точиикстон "дар бораи хукуки муаллиф")
Посух додан
  • Nikolo

  • 25 август 2014 19:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
said,
мунис,
Фикр намекунам ки Исфандиёр тарсу бошаду калламуш......танхо тарсу дигаронро тарсу мебинад ва калламуш фикр мекунад ки хама калламушанд.....Исфандиёр аз нафаронест ки хамеша суханашро рост мегуяд ва тарсе надорад! .....Окои Мунис маълум аст ки шумо то хол аз дехаатон берун набаромадаед....афсус....Чун коре натавони кард бахили ба чи боядат?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мунис ту касе боши худатро хурмат кун ба Даргу каздон чи кор дори ё каздонии
Посух додан
  • Муаллим

  • 26 август 2014 19:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозор Собир фикр мекард ки Шуравь боқӣ мемонад ва мо ҳеҷ гоҳ аз эҷоди Симин ва дигар ҳамзабонони худ баҳравар намешаваем ва намефаҳмем, ки ин ғазал моли кист. Барои ҳамин ҳам Бозор Собир ғазали мазкурро аз худ кардааст. Вале ин тавр нашуд. Ҳама медонад, ки ин ғазал аз Симин аст! Шарм доштан даркор, Бозор Собир. Ҳоло ҳам дер нашудааст! Иқрор бояд шуд!
Посух додан
  • Парвини Озод

  • 26 август 2014 19:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исфандиёр сохибкалам аст ва шоистаи эхтиром мебошад. Аммо Сайфи Сафар саволгузориро дар бораи шеъри Бозор нодуруст рохандози кардааст. Бозор Собир дар китоби "Хуни калам"-аш ишора ба Симин кардааст(сах. 21, шеъри "Дубора созамат Ватан"). Мутаасифона Исфандиёр хам аз ин ишора бехабар будааст, ки хам дар чавоб азоб кашидаасту хам бехуда далел кофтааст, афсус...
Посух додан
  • Ahmad

  • 27 август 2014 15:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одами бе ақида ҳеҷ гоҳ як роҳро пешаи хyд намекyнад ва аксари шоирон ҳам ақидаи комил надоранд ва ҳар чизе дар дилашон омад гуфтан мегиранд. Бозор Собир ҳам ақида ба ҳеҷ чиз надорад вай на камyнист астy на мусалмон. Ба сояаш ҳам ҷанг мекyнад ва ба ҳеҷ раҳбаре пешвое аз таҳти дил бовар надорад ва раҳбар метавонад инхел одамҳора бо маблағе истифода бараде худ ва ҳyкyмати хyдро мустаҳкам кyнад. Ба ҳамин Исфандиёр ва шер гуфтанаш дар мавриди Фаластин бовар нест шояд бади чанд сол тағири андеша кyнадy гуяд ҳамин исроилиҳо ҳақ бyданд чyн инҳо бояд пеш аз шер навистан ақидаи Комил ба Аллоҳ дошта бошанд
Посух додан
  • Хамдард

  • 27 август 2014 15:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То чое ки камина Исфандиёри Назарро мешиносам дар замони имруз яке аз сарсупурдатарин точикони чумхурии Точикистон аст. Ба хамин хотир ин гуна инсонхои камназир бояд чи аз чониби мардум ва чи аз чониби давлат кадршиноси шаванд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
савол ба озодагон. гуед ки бар ивази чи комментхои мунисро, ки рузи аввал пахш кардед поккори шуд. албатта бо илтичою таваллои исфандиер... собит кардед, ки кахрамонатон чи гуна шахсият аст, вале ба назари ман меистод бехтар буд. хам барои кахрамон хам барои озодагон. мефахмем руи одам ва пул ширин. танхо ба таваччухи шумо ва исфандиер мерасонем ки бояд номи М. Олими ва дигар шахсиятхоеро, ки дар комментхои мунис буд, тахаммул мекардед. вале хуб аст ки худро шиносонидед. ин навитшта барои худатон, на барои пахш ки боз номардона поккори кунед!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар охирин шарҳ "Мунис" ном кас, ки маълум аст аз деҳаи Каздон аст, аз кадом як "коммет"-ҳои худ ёд мекунад, ки нашрия онҳоро бо пулу илтиҷои ман поккорӣ карда... Ҳммм... шояд маро каздонӣ фикр кардааст, ки барои бадастории қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ва қабристон кардани замини пеши мактаб пулҳои ҳангуфт иҷтифода кардаанд. Аммо ман дар инҷо на аз маҳрум Махсум ОЛимӣ чизе хондаам ва на касеро ба поккории онҳо даъват кардаам. Олимӣ агар зинда мемонд шояд шоири хуб мешуд. Шуруъи кори ӯ хуб буд, вале натавонист - бо илаттҳое ва низ вазъи бади замон - ба кори шеъру шоирӣ идома диҳад. Равонаш шод. Аммо Мунис шояд ба хонанда бигӯяд, ки чи касе ашъори Олимиро пас аз маргаш "таҳрир" кардаву аз бархе шеърҳояш номи Дарғро поккорӣ кардааст? Ба такрор мегӯям: барои ончи дар қиболи мактаби ҳамагонӣ сурат гирифт - тамомии аснодро аз вазорату идораҳои марбута дар даст дорам ва то зиндаам он чиро ки Рустам Раҳматову ҳамтоёну балегӯйҳояш дар ин кор анҷом додаанд, маҳкум мекунам! Агар Мунис сари мғе ҳисси мардӣ доравд биёяд ба идораи рӯзномае, ки ман кор мекунам - Имрӯзнюс - ва бо ман рӯ ба рӯ ба баҳс биншинад то бибинем дар баробари асноди қонунӣ чи меоварад ва низ нашри аввалаи китоби Махсумро бо нашри ҷадидаш оварад. Ва... маро бо худу ҳамтоёнаш дар ришвадиҳӣ иштибоҳ нагирад! Ман аз ин ҳама палидиву палидандешиҳо мустағниям!
Посух додан
  • Саодат

  • 28 август 2015 13:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исфандиер, солхои 70-80 -90 мо китоберо бо номи "Амвочи корун" руи даст доштем. Дар он ашъори шоирони ирони аз чумла шеърхои хонум Симин низ чой дода шуда буданд..мабодо находа бошед , дастрас кунед. Дар китобхонаи милли хаст..

Чигуна , ки Симин аз шоирони точик касеро ба чузъ Лоик намедоанд мегуед..хонум Гулрухсор баен дошта буданд ки бо Симин хело карин хастанд..шеъре хам дар бораи Симин иншо карда..дар бораи шиносоиашон чи хел ва кай киссае хам карда буд..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"...Натанҳо Симин, балки тамом
он шоироне, ки дар он хитта зиндагӣ мекунанд,
аслан ба ҷурми ҳамин хатти лаънатӣ натавонистанд,
бо адабиёти мо шинос шаванд ва ману шумо низ ин
зарари азимро таҳаммул кардем."-ин суханони яке аз сарсупурдатарин адибони тоҷик дар бораи хатти тоҷикӣ, ки ин хат имрӯз ҳамчун муқаддасоти миллии мо (махсусан барои ман) дар арсаи байналмиллалӣ, мебошад. Ин гуноҳи хат будааст, ки дигарон аз навиштаҳои мо хабар нашудаанд, пас чаро мо хабардорем???? Ман ҳазорҳо китобу мақлаву шеъру длстонҳоеро дидаам, ки аз забонҳои ғайр ба хатти крилликии тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Дар ин ҷо хат, ба фикри ман, нақши муҳимтаринро намебозад, ҳар чанд, ки яке аз нақшҳои асосиро бозад дар омӯзиши адабиёту фарҳанги бегона. Як шиори барои худ аҷиб аз куҷое пайдо кардагӣ ҳастем, мо бояд хатти бегтнаро донем, аммо бегона на!!!Чаро?? Ман намедонам, шояд ҳувияти миллии адибони (на ҳама) мо дар асри ... давр мезанад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!