Бахшҳо
05 сен 2014 15:32Тоҷикистон / Акс

(АКС) Кохи Наврӯз: Шаҳомату шукуҳе, ки мояи ифтихору ғурур мешавад

Зафари Сӯфӣ

Оё эҳсосро чи рангеву чи бӯест? Оё ҳеч тавонистаед эҳсосро бибинед, ламс кунеду бишамед? Ва беш аз ин, эҳсоси шукуҳро дар рагу мӯйрагҳои худ таҷриба кардаед? Соле чанд муқаддам, вақте барои аввалин бор дар харобаҳои Тахти Ҷамшед зери бори сангини эҳсос вуҷудам меларзид ва дар баробари он шукӯҳу шаҳомат, он салобату бузургӣ, ки пас аз 2500 сол ҳамчунон ману мисли ман ҳазорон танро шефта ва ҳайратзада мекунад, моту мабҳут будам, гӯӣ фариштае ин мисраъҳои парешонро дар гӯшаи ёдам наҷво кард;

... Эҳсосро чи гуна метавон ифода кард?
Эҳсосро магар чи таъму рангу буст,
ҷуз таъми як шикаст,
дар арсаи набард
(дар арсаи набарди нур алайҳи тирашаб),
ҷуз таъми ашки шӯри як ғариб
дар сарзамини худ
аз ғурбати мудом....

Эҳсосро магар чи гуна таъму рангу бӯст
ҷуз ранги хуни шед
дар лаҳзаи ғуруб
дар зери панҷаҳои хунчакони золи шаб.

Эҳсосро магар чи гуна таъму рангу бӯст,
ҷуз бӯи яъсу ғам
ҷуз бӯи гарди дард...

Эҳсосро чи гуна метавон ифода кард,
Эҳсоси сангро,
Он лаҳза, ки ба рӯи ҷисми сахту сарди ӯ
Муъҷиза ханда кард...

Оё ҳайрат чи ранг дорад; сабз, сурх, сафед ё арғувонӣ? Оё ҳеч ба худ андешидаед, ки рангҳо ифодагари хеле мафҳумҳоест, ки сухан дар гуфтани он оҷиз аст ва ё ҳадди аққал ба он камоле, ки ранг ифода мекунад, он мафҳумро дар худ гунҷоиш дода наметавонад. Беш аз ин, оё ҳеч дар баробари шаҳомати рангҳо ва тавони зеҳну дастони ҳунарофари инсон ҳайратзада шудаву дар ҷустуҷӯи худу оғозгоҳи худ барои худ ҷуғрофиёи ишқро кашф кардаед? Аммо ин ҳақир борҳо чунин ҳолатро таҷриба кардаам. Ҳангоме, ки дар масири шинохти хеш ва ҳуввияти худ ба гузаштаҳо аз кӯчаву паскӯчаҳои хотироту ёдҳо сафар мекардам ва ҳар бор бо диле моломол аз ғусса ва чашмоне гирён ба даргоҳи Шоҳи Валӣ - Исмоили Сомонӣ дар Бухоро мерасидам, беихтиёр ба ҷуғрофиёи ишқ меандешидаму аз ҷуғрофиёи ишқ мегуфтам. Борҳо дар зери бурҷу бораҳои Бухорои шариф дар ҷустуҷӯи худ дарун - дарун гириставу ҳайратзада аз сарнавишти миллати худ аз ҷуғрофиёи ишқ гуфтаам.

Он рӯзҳои хотирмонтарини умри худ, ки шарафи ба дида молидани хоки поки Бухороро доштам, аз қудрати зебоиофарӣ ва тавони зеҳнии мардумам ифтихор кардаву ҳайратзада аз ҷуғрофиёи ишқ гуфтаам. Ҳар гоҳ аз ҳавои шукуҳолуд ва осмонии Регистон дар Самарқанд нафас кашидаам ва ҳар шомгоҳ ғуруби беназирро аз ин майдони азиз ба тамошо менишастам, дар хаёли худ панҷаи эътироз ба гиребони торих мезадам. Бо ин вуҷуд ҳамеша аз ҷуғрофиёи ишқ мегуфтам ва ҳоло низ аз ҷуғрофиёи ишқ мегӯям.

Ман аз ҷуғрофиёи ишқ мегӯям,
Зи он ҷуғрофиё, ки дар ҳудуди он
Саҳаргоҳон
Ба он майдони пур аз нури яздонии Регистон
Канори он кабутарҳои бурҷу бораи зебои торихӣ
Басо мастона қум-қум карда метонам.

Ман аз ҷуғрофиёи ишқ мегӯям
Даме, ки дар Бухоро
Дар канори ҳавзи Девонбегӣ ё дар ҳуҷрае аз ҳуҷраҳои сокити Мири араб бошам,
Ва ё дар боргоҳи Шоҳи Валӣ аз ҷаври торих дар аҷаб бошам,
Ки тоҷикро
Чаро ин гуна аз ободиву аз шаҳрҳояш ҷудо карданд?...

Ба ростӣ, тоҷик ҳеч гоҳ аз ҷуғрофиёи нафрат ва адоват нагуфта. Ба ҳеч ваҷҳ ин нишон аз заъф набудаву нест. Тоҷик ҳаммаъно бо муҳаббат ва бунёдкорист. Агар ҷаври торих буд, агар сарнавишти номард буд, агар бозиҳои душманон буд, агар содагии дӯстон буд, хуллас ҳар иллате буду азаш сохтаҳояшро рабуданд, тоҷик боз сохт ва хоҳад сохт.

Аз дирӯз ба худам каланҷор меравам ва дар гирдоби фикрҳои парешон гирифторам. Ҳамеша чунин буда, ки дар баробари шукуҳу шаҳомат ва кори бузурги ҳаммиллатонам барои ифодаи эҳсосу бардоштҳоям сухани муносиб намеёбам. Дар сояи сутунҳо ва деворҳои нимавайрони Тахти Ҷамшед, дар сояи девору бурҷҳои мадрасаву қасрҳои Бухорову Самарқанд ҳамеша дар баёни эҳсоси худ нотавон будаам. Инак, аз дирӯз то ҳол аз панҷаи чунин ҳолат наметавонам берун омад. Вақте порае аз шукуҳи Тахти Ҷамшед, гӯшае аз қасрҳои бобоии тоҷик дар Бухорову Самарқандро ин ҷо, дар Кохи Наврӯз дидам, он қадр ҳаяҷон ва шигифт саропоямро лабрез кард, ки дигар тавони баёнро аз ман гирифт. Ба роҳбалад, ки эҳтимолан гарони бори эҳсос бар вуҷудамро дарк кардаву пешниҳоди нишастан дод, гӯё аз дуриҳои дур гуфтам: Бародар, дар баробари ин зебоиву ин шукуҳ нишастан дар оини мо нест, бояд ин ҷо ҳамеша сари по истод...

Ҳама имрӯзҳо шоҳидем, ки тайи чанд соли ахир чеҳраи шаҳрҳои кишвари азизамон рӯз аз рӯз тағйир мекунад. Биноҳои бошаҳомат ва зебо, хиёбонҳову гулгаштҳо... Дар ин миён сабзшаҳри ишқу ҷавониҳои мо, пойтахти зебои кишвар - Душанбе бештар обод мешавад. Ҳоло ин ҷо овардани феҳрасти он ҳама бино ва умуман фаъолият дар самти ободии пойтахтро зарур намебинам ва бар тибқи ҳикмати аёнро чи ҳоҷат ба баён амал мекунам. Вале дар мавриди Кохи Наврӯз, ки воқеъан биное сахт шоирона ва бо шукуҳу шаҳомати бемисл сохта шуда, ба такрор зикр мекунам, ки тамошояш барои муддатҳо бинандаро мафтун ва ҳайратзада мегардонад. Ин биноро фақат бояд дид ва аз ҳунари дастони ҳаммиллатон лаззат бояд бурд. Он шукуҳу зебоӣ ва лаззат аз тамошои онро бо сухан тасвир наметавон кард. Ба ин умед, ки ҳар як аз хонандагони ин сатрҳо худ ба тамошои ин бинои воқеан зебо ва ёдгоре мондагор барои наслҳову асрҳо мушарраф мегарданд, ба таври умумӣ мегӯям, ки толорои гаҷкорӣ, мармару мунаббаткорӣ, толори чӯбӣ, ки кандакорӣ шуда, толорҳои оинабандӣ, сақфҳои наққошишуда, ки гулистоне шукуфтаро мемонад ва дил мехоҳад панҷаи меҳр ба рӯи ин гулҳо кашад, хуллас ҳар гӯшаи ин бино аз дигаре зеботару бошукуҳтар аст.

Огоҳона номи толорҳоро ҳам зикр намекунам. Намехоҳам бардошти ноқиси худро ба шумо таҳмил кунам. Охир зебоиро, шаҳомату шукуҳ ва офаридаҳоеро, ки мояи ифтихору ғурур мешавад, боястӣ ҳар инсон бо чашмони худ бибинад ва дарк кунад. Ҳоло бо ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин кохе ёдгор барои наслҳову асрҳо заҳмат кашидаанд ва бо сипос аз дӯстоне, ки барои тамошои ин камина аз ин бинои воқеан диданӣ замина фароҳам оварданд, гузориши тасвириро манзуратон мегардонем, то худ гувоҳ бошед, ки ҷӯши чашмаи эҳсоси ману ҳарфҳои ифтихоромезамро чи зебоӣ ва шукуҳ боис будааст.

Мӯҳр
45
Офарин ба хама касоне ки сохтаанду ва ин тархро ба миен гузоштаанд.Ба ояндагон едгори аз насли асри 21

Офарин Чаноби Президент!!!Точикистон хамеша обод бошад!

Ифтихор мекунам, ки ба чойхонаи бошукӯҳи "Ориён"- и Исфара монандии наздик дорад ва ҳамаи кандакориҳояш маҳсули дасти устоҳои гулдасти Исфараи бостонӣ мебошанд.

махина
Акаи Зафар Суфи чи гунае ки шумо ифтихор аз сохтани Кохи бохашамати Навруз кардед, ман аз шумо барин рузноманигори ки вокеан, хам ин кохро бо суханхои ширину дилчасп тасвир кардаед басо ифтихори бузург кардам . Офарин ба Шумо барои суханхои самимию тасвири шоиронаатон. хондани ин макола бароям хеле муассир буд ва барои худ бардошти ачибе намудам. ба мисли шумо кам рузноманигоронеро вомехрем, ки инкадар шукргузору ифтихорманд. Кош сафи шумо баринхоро Худованд зиёда гардонад. Чуноне ки дар урфият мегуянд, "шукр кун ки неъматат афзун шавад..." чунки баъзе нохалафони диёр ба ин неъмат шукрона намекунан, хеле дар газаб шуда, маро ба хайрат меорад... Иди истилолияти давлатии Точикистон бароятон муборак бошад!

Хонанда
Ачаб, ки ин интерьерхои бенамаки бо масолехи камсифати хитои сохташуда боиси ифтихори муаллиф шудаанд. "Шукуху шахомат"-и кишвари мардикорону гуломони русхо.

Душанбеги
Хайриятеееееееееееее, як маводи позитиви хам дар озодагон пайдо гардид. Мушудааст-ку, о барвакттар амун "Чумхурият" маводоша чоп мекард намешуд ми???

МУХОЧИР
ДАВЛАТЕКИ АКСАРИ КУВВАИ КОРИАШ ДАР МУХОЧИРАТ АСТ,ИН СОХТУМОНХОИ ГАРОН БА МАНФИАТИ ХАЛК НЕСТ,

Ай ин "показуха"-хотонда се -чор сохтмони хонахои арзону ба мардум дастрасро дар Душанбе ба рох монен, ки се чор маълиму духтур сохиби манзил шавад, хубтар нест? Ин хам кори савоб аст, хам обруи хукумат...

Салим
Хамин кохро якто общий план дуртар медодед, хуб мешуд.. Барои бисёрихо маълум нест, ки он дар кучост.

меъмор ва муаллифи ин кохи бузурги Точикон Самичони истаравшани мебошад, ки хамаи ин махсули эчодиёти уст. Кандакорию чубкорихо махсули мехнати Усто-Солехи истаравшани ва шигирдонаш ва устохои бузурги исфараги, гачкорихояш махсули мехнати устохои хучанди бостон. тамоми накшу нигораш махсули мехнати Усто Алишери Истаравшани, сангкорихояш бошад сангхои кухистони бадахшон мебошад

мухочир
Акои Зафар Суфи аз кадом гурур гап мезанед шарм надошта хайф сад хайф тахти навруз буи гуломи мекунад касри миллати бе миллат буи гуломи мекунад!Гурури точика 20сол пеш куштанд!45,
45,

Рустамзода
Барои душманони миллат гуфтаниам, агар дар Точикистон садхо иншоотхои бохашамат, заводу фабрика дигару дигар сохтумонхо сохта шавад, Шумо боз хам, хамон гапхои бугинатро гап мезанед, ки ин ба фоидаи халк нест. Гуфтаниам хар иншооте ки дар ватани азизамон сохта мешавад бехтарин кору савоб аст.

ИНШООТ ХЕЛЕ ЗЕБО СОХТА ШУДААСТ, АЗ НАКШУ МЕЪМОРИ МАЪЛУМ АСТ КИ ОНРО ШАХСИ МАРДУМИ АСИЛИ ШИМОЛ КИ ДАР РАГУ ХУНАШ ХАВОИ САМАРКАНДУ БУХОРО ХУЧАНДУ ИСТАРАВШАН ВА ПАНЧАКЕНТИ КУХАН ЧУШ ДОРАД, ДАСТ ДОРАД. ТАШАККУР, АКСХОРО ДИДА НОСТАЛЬГИЯ АЗ ВАТАНАМ СУГДЗАМИН ШУДАМ. ХЕЛЕ ОЛИ БАРОМАДААСТ. БА МЕЪМОР ТАШАККУРИ ЗИЕД.

БА ЧУНИН МЕЪМОРОНИ ВОЛОДАСТ УНВОНИ КАХРАМОНИ МИЛЛАТ ДОДАН ЛОЗМ! АММО БАЗЕ ТАНГБИНОНРО БА ДАРЕИ ЗАРАФШОН! ДАРХОЛ!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)