Бахшҳо

Оғози тафтиши “порагирӣ”-и ноиби директор: Дар конверт пул не, сурат буд!(ВИДЕО)

Додситонии шаҳри Душанбе ба оғози тафтиши “порагирӣ”-и ноиби директори мактаби рақами 78-и пойтахт оғоз кардааст, ки НАВОРАШ ҳафтаи равон дар интернет нашр гардид.

Саодат Шукурова, мудири мактаби рақами 78-и Душанбе мегӯяд, муаллимаи муттаҳам дар порагирӣ иҷрокунандаи вазифаи муовини директор буда, феълан мавриди бозпурсии муфаттишони додситонии Душанбе қарор дорад. Шукурова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муовинаш даст доштан дар фасодро рад мекунад: “Ӯ мегӯяд, дар асл дар дохили конверт пул не, сурат ва маълумотнома буд. Айни ҳол тафтишот идома дорад ва асли воқеаро тафтишот муайян мекунад.”

Шукурова нашри навори гӯиё порагирии муовинашро як иқдоми махсуси ғаразнок арзёбӣ кард, ки аз ҷониби афроди наздик ба яке аз роҳбарони қаблии мактаб роҳандозӣ шудааст, ки ба ҳамин минвол ду директори баъд аз худаш таъиншударо низ барканор намудааст.

Навори “порагирӣ”-и муовини директори феълии мактаби миёнаи 78 аз ҷониби як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардида, дар шарҳаш навиштааст, “муовини директори мактаби №78 барои қабули ҳуҷҷатҳои ду кӯдак 450 сомонӣ пора мегирад”.

Лола Абдуллоева як корбари фаъоли Фейсбук ба “Озодагон” гуфт, ӯ ва чанд волидони дигар, ки фарзандонашон бояд ба синфи якум бираванд, бар ивази қабули санадҳо 150 сомонӣ пардохт кардаву “квитансия” гирифтаанд. Вай мегӯяд, видеоеро, ки дар Фейсбук нашр шуд, модари як кӯдаки дигар гирифтааст. Хонуми Абдуллоева афзуд: “Бори аввал нест, ки дар ин мактаб аз волидон пул мегиранд. Дар охири соли хониш ҳам барои таъмири мактаб пул гирифта, аммо “квитансия” надоданд”,-гуфт вай ва илова кард, “як гуруҳ аз падару модарон тасмим гирифтаем, дар робита ба ҳолатҳои пулситонӣ ба раиси шаҳри Душанбе шикоят бубарем”.

Аммо Саодат Шукурова, мудири мактаби рақами 78-и Душанбе ин иқдомро ғаразнок хонда, афзуд, баъди сабти навор афроди дастандаркор онро дар телефонҳо паҳн намуда, аз ӯ талаб кардаанд, маблағро баргардонад.

Хонуми Шукурова, ки тариқи озмун ба роҳбарии мактаби №78 расидааст, изҳор медорад, дар пайи чунин иқдоми ба гуфти ӯ, ғаразнок, давоми 1,5 соли роҳбарияш се бор аризаи истеъфояшро ба раёсати маориф пешниҳод кард, аммо қабул нагардидааст.

Директори мактаб мегӯяд, Лола Абдуллоева ҳам ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша аз ӯ интиқод мекунад, дар гуруҳест, ки зидди вай кор мебарад. Ба қали Шукурова, пас аз эрод гирифтанаш дар мавриди подомани кӯтоҳи духтари Лола, ки дар синфи 10 таҳсил мекунад, Абдуллоева эътироз кардааст: “Як фарзанд ва се ҷияни Лола Абдулоева дар мактаби мо таҳсил мекунанд. Ӯ пеш аз оғози дарсҳо ба наздам даромада гуфт, “духтари ман сарафан намепушад”. Пушидани сарафанро бо қарори раиси кумитаи падару модарон тасдиқ намуда будем. Лола инчунин изҳор намуд, ки “сарафане, ки шумо ба духтарони пойтахт пешниҳод намуда, қабул кардаед, либоси кӯҳна ва “қишлоқӣ” мебошад. Духтарони пойтахт бояд, подомани кӯтоҳ пушанд”. Гуфтам, бигзор духтари ту пушад, вале дигар духтаронро аз роҳ назанад. Дар рӯзи дуюми дарс тамоми духтарони синфи 10, ки духтари Лола онҷо таҳсил мекунад бо подомани кӯтоҳ, нохунҳои лакзада ва муйҳои сардода ба дарс омаданд. Ин ҳолатро дида, аз роҳбари синфашон хоҳиш кардам, Лола Абдуллоеваро барои суҳбат даъват намояд”.

Сарвари мактаб илова намуд, ки Лола Абдуллоева ба мактаб омада, гуфт, “ман бо ту ҷанг эълон кардаам, киноро тамошо кун”. “Субҳи 3 сентябр дар қатори пагоҳирӯзии мактаббачаҳо, вориди мактаб шуда, бо телефони дастиаш байни 2,5 ҳазор хонанда даромада, суханҳои муаллимаеро, ки барои тартиботи мактаб ва либоси ягона сухан мекард, ба навор гирифт, бо ҳаракатҳои беҷо даст афшонда ба тамоми хонандаҳо мегуфт, “ягон хел либоси мактабӣ нест, ҳамаи духтарон бо подомани кӯтоҳ ба мактаб биёянд”. Баъди ин ором нашуда, ба синфхонаҳо даромада дарсҳоро вайрон кард, тамоми ҷойҳое, ки дар тобистони соли ҷорӣ таъмир карда будем, навор гирфт”,-қайд намуд ӯ.
Мӯҳр
Шохид
Саодат дар ТВТ журналист буд ва Убайдулев уро директори мактаб кард. Дар як сол хона харид, сар то пош валвали аст. Пас ин даромад аз кучот? Хозир хама манбаи даромад шудааст? гуй сумчамъкунии директорхои мактаб танхо аз онхо вобаста аст. Директорон муалимхои бечораро фишор меорнад ки пули мактаб чам кунед. Нимаша дар сочти бонки мегузаронанд нимаш мустаким ба кашилоки директор мераваш. Мактаб мурд,зинда бод пулчамъкуни!!!

Шохиди Шохид
Шохид ту медони ки Саодат пеш аз директор шуданаш хам сохиби хона буд? Ту медони ки уро Убайдуллоев не, раёсати шахр хангоми баргузории озмун директор таъин карданд?
Саодатро ман мешиносам ва медонам ки у аз ту дида чашмаш сер аст. Ва низ хама медонад ки Саодат аз аввал мисли як духтари дехоти буду мисли як духтари соф точики ки либоси точикона ба бар мекунад мемонад. Ё ту хам аз мафияи Лола хасти ки боз ба ту пул доданд, ки дар комент тарафдориашон куни?!?!? Худованд шохид аст ва иншооллох ки хар кас аз руйи амалу рафтораш подошашро мебинад!

Мухтарам Шохид!!! Маълум аст, ки шумо ба Саодат Шукурова гарази шахси доред ва дар пайи касос хастед. Ман хамчун як точик ва мусулмон аз икдоми Саодат Шукурова, ки бар зидди миниюбкапушихо дар мактабаш мубориза мебарад ва конунхо дар бахши маорифро амали менамояд, сад дарсад тарафдорам. Магар шарм аз он намедори агар духтари худат бо либоси аз зону боло ба мактаб рафта, диккати садхо писарбачаи дигарро ба худ чалб намояд, на ба дарс. Ахлоки чавонони мактабхони мо бе ин хам хеле бад гаштааст ва сатхи чинояткори дар мактабхо афзудааст. Агар сахтгирии чунин директорхои часуру богайрат набошад, шумо духтарони худро урён ба мактаб мефиристед. Шарм дореду андеша аз фардои фарзандони худ кунед. Саодат Шукурова, муаллимаи мухтарам, ба шумо дар кори худ муваффакият мехохам. Агарчи дар шахри Душанбе точикхои наву миниюбкапараст хеле зиёданд, ман бовари дорам, ки лоакал дар як мактаб шумо суннату оини точикона ва урфу одатхои миллиро чори карда, ба миллати худ ба ин восита хизмат хохед кард. Аз касе натарсед, мо бо Шумоем!!!

Вакте як нафар (Лола) болои директори як мактаб фишор меорад ва дар линейка тартиботро вайрон карда ба кавли худаш мачлис ташкил мекунаду устави Вазорати маорифро нодида мегирад, худ казоват кунед, ки у чи гуна модар аст… Раёсати маориф ва вазорат бояд тахкикот баранд ва хусумати шахсиро муайян карда вазъиятро ором кунанд. Директор, ки тарики озмун интихоб ё таъин шудааст ба ин тухмат зебанда нест. Просто ин чо ба фикри ман шикастани директори мактаб аст на чизи дигар. Наход аз либоси пушида дида либоси барахна бехтар бошад? Шахри будан маънои онро надорад, ки барахна гарди… Конверт ва дар дохилаш аксу маълумотхо будааст ва ин рохи подстава аст… Ман ба шантажи баъзе волидон нисбат ба директор бовар надорам…

Чи ин кадар дуруг мегуи Шохид!? Сад дар сад маълум аст, ки ин кори собик директор аст! Наход мо натонем, ки як зани махаллии ТОЧИКРО дида натонем ??? Саодат Шукурова хона надорад ! Бигзор тафтиш кунанд!

Собик директор узбак аст! Мурдани мо точкион бех аст, агар ба корхои ташкил кардаи ин узбак ахамият дихем. Аз омадани Саодат Шукурова кори мактаби 78 бех шуду бад не. Хамин аст, ки собик директор наметавонад уро бинад

Чаро махлуи юридикии масъаларо ба инобат намегиред??? Порадихи низ чиноят аст !!! Ин хамаги сахнабози асту беш не ! Агар ин икдом чиноят бошад, кани аризаи шикояти??? Шахсе, ки пул медихад, дар сурате чун ПОРАДИХАНДА дониста намешавад, агар каблан ба макомотхои марбута мурочиат кунад ва макомот бидонад, ки у ба фалони пора медихад, чунки ФАЛОНИ тамаъ кардааст!

Хаммаш дуруг аст, директор бегунох аст!!!! Ин як подтсава, худи пул додаги гунахгор аст аввал уро пайдо кунед..........

аваал даруни канвета дидан даркор... ки пул дошт ё не..юШохид,

Лола Абдуллоева шарм дор! Хамаааш кори туст! Хамаи ин сахнабози аз пушти юбкапушии духтарат аст. Лола Абдуллоева, ки ин видеоро пахш кардааст дар фэйсбук, хамаи ин корро бахотири барканор кардани директори кунуни кардасст. Фарзандони ман ду тоаш дар ин мактаб мехонанд, калониаш хамин мактабро хатм кард. То омодани хамин директор мактаби 78 чои бесарусомони буд, талабахо, ба хусус бачахо нихоят беодоб буданд. Директори нав хамаи онхоро дафъ кард гуем мешавад. Ин чо хусумати шахсиаст.

директор шудани муалимаро як сол нашудаст чи хона мехарад муалима квартирант аст...

агар муаллимаи мактаб худаш пора хам гирифта бошад директор шояд бехабар аст.

Саодатбонуро мешиносам, бехтарин инсон, бехтарин журналист ва бехтарин муаллима аст. Бовар хам надорам, ки у порагир бошад ва ин корро у намекунад. Маълум аст, ки коргархо бе огохии рохбархо корхое мекунанд ки... хаминро мегуям, ки Убайдуллоев дар интихоботи директор хато накародааст.

пааато директора намехоханд, барои хамин хар руз як балоя ба сараш бор мекунанд, дар он мактаб узбеко мехонанд охир

мактаб мактаби узбакхо муалирамо чашми дидан надоранд се директори пешинаро хам хамиинхел карда буданд...

Student...UK
Saom aleykum. valo guftanium ki..hami Pora giri, ay rui islom mumkin nest ma rozi. Neki, agar hami gai, malim, yo digaru digar pora nagiran..ba 300 400 smono kati 4 5 kudak chixe zindagi kunan..????? agar hamara burda maxkam kadan giran, hichka gai namesha, hichka malima namesha, hichka, koroi davlatida kor namekuna.Baroi Hami boyad Tojikiston, Economikasha bolo bardora, Praivotsvo boyad ziyot shava, qurbi puli milli somoni boyad bolo shava...bad vaxteki olikora bardoshte, bad metonen, Karupsiatona, sar tien baroi shikor. Hozir chi bemanegi shudast ohir, malimai bechorara meqapan mebaran maxkam mekunan. Misol mebiorem, Singapore, Dubai, Qatar yo digar davlatoi taraqi karda, olikoi pastarinshon ba 6000 to 8000 somoni mo mebosha...baroi hami i odamo, xud metarsan pora girand, to ki ay joi kor namonandu, beobru nashavand. Baroi odamoni mo digar roi alternativa nest ba gair az pora giri..Muhtaram, davlati Tojikiston ma hamavaxt tarafdori shumoem, va mebiyoyem dar vatan xizmat mekunem, neki ilitimos, hami beinsofira ay bayin bubared..Tashakur

Ту директор боши барои худата нишон додан саводи талабагонро сахт кап. Хурмату иззати муаллимонро сазовор шав, гуё сурат будааст. О сурат бошад чиба дар як чои беодам ва инкадар паст гап мезананд, суратро хаминхелам бачо мекунандми???! Ин бо фармони директор шудааст, барои хамин хам тарсида инхел мегуяд.Шохид,

Сорбон
Аз рузи аввале, ки ин Шукурова директор таъин шуд, хар руз оби чашм дошт ва пинхони ашк мерехт. Мегуфт, хеч кор кардан намемонанд, бо хар роху восита фишорам меоранд. Мехохам корро бас кунам, аммо метарсам. ки бо ин корам ба холам механданд ва мазок мекунанд, ки кор карда натавонист. Хамчунин намехостам ба боварии Раиси шахр, ки маро ба ин мансаб интихоб карда буд ноумеди ворид созам, мегуфт директори имрузаи мактаб Шукурова. Хулоса ин муаллима бегунох аст, факат тухмат аст, тухмат.... Хамаи ин корхоро Лола бо тавсия ва дастгирии собик директори мактаб, карда истодааст. Мархамат хама тараф масъулини дахлдор тафтиш кунанд ва хакикатро руи кор биёранд. Наход нагзуоранд, ки як духтари точик дар ВАТАН-и худаш кор кунад ва пай васта зери фишори махаллпарастон бошад.............Вой дод..........

Ман модарам ва фарзандони ман дар хамин мактаб мехонан. Рости аз рузе ки хамин Шукурова директор шуд камтар мактаб ба тартиб омад, бачахо камтар одобу ахлокашон хубтар шуд. Мачлисхои падару модарон барои хондани хуби бачахо зиёд шуд, лекин бинен, ки боз ин хел одами хак коркунро кор кардан намемонанд, тухмат мекунан. Мо падару модаронро пурсанд, мо худамон дар бораи кору бьри директор маълумот медихем. Ин апаи Лола худаш як занаки чанчолкуну игоангез аст, шарм намедорад ки се фарзандаш адар хамин мактаб мехонад, ба чои дастгири кардан боз ба ин корхои паст даст мезанад. Аввал бояд худи хамин занаки шурангезро чазо бояд дод. Бовар дорем, хак ба хакдор мерасад. Лола бас аст, кина гирифтан ва аз пушти директори пешина давидан.... ба дод омадем аз суханхои шилкини ту....


Выпускники школы №78. Мы расстроились..((( ведь когда-то школа гремела. а что случилась теперь??? Куда смотрит отдел образования?? или они тоже в доли со взяточниками??? скорее да!

Бону
Ман намегуям ки директорони каллобу порахур вучуд надоранд. хастанд зиёд имруз ки бо хар роху восита аз 1 сомони пулчамъкуниро шуруъ карда ба чони волидон задаанд ва хатто дар аксар холат кудаконро дар назди хамсабакон шармандаву аз мактаб гурезон мекунанд. Чунин пораситони аз синфхои 1-ум дар хама мактаб хаст ва ин бевичдониву беимони сахтгирии кавитарро такозо мекунад. Аммо Саодат Шукурова аз бозе ки уро мешиносам хамеша паи талош аст, захмати зиёд мекашад ва кувваи худро барои ободии Ватан пеш мебарад. агар имруз сарулибос ва ороишоти дигар дорад имруз хама занони хонашин хам доранд. Ин чи бади дорад? Аник аст, ки ончи ки дорад то ба вазифаи директори расидан онро бо маош ва мехнати содиконааш харидааст. Аз бадкинии собик директори мактаб нафрати кас меояд. У шояд имруз аз хурдан мондааст барои хамин ин кадар мубориза мебарад. Магар ба зан, боз собик омузгор, хамин гуна рафтор зебендааст ё кахрамонист, ки номаш то Озодагон расид? Аз бадкирдории чунин директорон хама ба чон омадаанд. Курбу манзаллат ва эхтироми чунин нафарони бадкин дигар дар кучо боки монад?

дар чо ба чо кардани директор Раёсати маорифи шахр ба хатогихо рох додааст, зеро як озмуне,ки бо ду се савол чамъбаст мекунанду истеъдоди рохбарикунандаи шахсро намесанчанд ба вазифа таъин мекунанд ва дар натича аз бе саводиву нодониашон ба чунин холатхо меафтанд. ДАР ШАХРИ ДУШАНБЕ ПЕДАГОГХОИ АСИЛ НАБУДАНД,КИ ЯК ЖУРНАЛИСТРО ДИРЕКТОР ТАЪИН КУНАНД.

Ман дар мактаби №78 мехонам ва оилаи апаи Лоларо хуб медонам. Он чизе,ки дар бораи духтару оилааш менависанд махз дуруг аст. Директорамон Шукурова С.бошад бо муалимону хонандагон муомилаи хуб надорад, яъне адаби гап намезанад. Аз гуфтору рафтораш мо шогирдон шарм медорем, ба мактаб бо либосхои рангорангу зардор, худи либосхои ракосахо меояд.

Падар
Салом,
Се фарзандам дар ин мактаб тахсил мекунанд. Бояд кайд намоям, ки аз ин пеш фарзандонам дар дигар мактабхо илм меомухтанд ва нихоят хурсанд шуда будам, ки чои хубе пайдо намуданд. Ва инак ин амали нангин аз чониби ин модар. О худ казоват кунед, агар талабот барои ин мактаб бошад, ин худ гувохи мактаби хуб будан аст ва агар чунин аст, бешак сахми директор беандоза бузург аст. Гузашта аз ин хамеша аз ташаббускории рохбари ин муассиса огохам ва кофи аст агар шахс боре хам вориди ин даргох шуда, ба кори ин рохбар бахои вокеи дихад. Барои чунин зани чавон, ки хастияшро барои ин мактабу фарзандонамон медихад, магар хамин аст изхори миннатдориямон? Бо гуфтахои боло ман ба хеч вачх порагириву порадихиро талкин кардани нестам. Вале, ба фикри банда аз руи адолат нест шикастани ин чавонзан бар ивази хама он бехбуде, ки он кас барои фарзандонамон ва ояндаи ин миллат оварданд.

Саодату папа подарила 1-квартиру 2008-ом году,тогда она работала в №35-школе завучом.Между прочем её папа работал зампредом Восейского района при советсом союзе и она выросла в семье гос служащие. Я сама закончила школу которая она руководит, и при советском союзе и после расспада там курировали узбеки и нам таджикам никогда повода не давали для чего-то.Час настоящая таджичка руководит и ее подставили. А Лола сама из семьи где никто неработает и по нации узбечка она.Саодат-апа всех благ вам в дальнейшем работе.

Ба маълумоти хамватанонамон мерасонам, ки Лола Абдуллоева як нафар зане мебошад, ки бо игвою дуруггўихои хеш то сатхи Раиси шахри Душанбе ва дар байни кормандони макомоти амнияти пойтахт аллакай маълуму машхур гаштааст. Ёдовар мешавем, ки соле кабл Лола Абдуллоева кариб хамарўза ба воситаи сомонаи «Фейсбук» ба шахрдори мактубхои хусуматангез навишта, бо истифода аз тамоми имкониятхо мехост сохтмони як бинои чахорошёнаи замонавиро дар пахлўи бинои истикоматии чойи зисти хеш (шахраки 65) монеъаги намояд. Зеро, дар худуди китъаи замини сохташаванда чойи махсуси «гайбатхона» кушода, атрофи онро ба воситаи симтуру буттахои дарахтони ихотакунанда гайриконуни махкам намуда, бо хамсоязанони ўзбекзабони аслан зодаи Чумхурии Ўзбекистон, ки баъдан мукими шахри Душанбе гардидаанд, мунтазам сўхбатхо гузаронида, худро шахрию дигаронро кишлоки ва бегона хисоб карда, доимо ба почтаи Раиси шахри Душанбе маълумотхои танкидию беасосу фтнаангез ирсол менамуд. Масалан, боре навишта буд, ки мо-истикоматкунандагони ин биноро шахрдори ва сохторхои он «террор» намуда, бо шиносбозию хешутабори ба вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Ватанов Махмадали китъаи замин дода, мехоханд бо зўровари дар чойи майдончаи бозии кўдакон бинои нави истикомати созанд. Бо супориши шахрдори комиссияи махсус тартиб дода шуда, холати вокеиро санчида баромаданд. Маълум шуд, ки китъаи замин на дар чойи майдончаи бозии кўдакон, балки дар китъаи замини бо симтурхо махкамнамуда, ки дар ин мавзеъ кати махсус гузошта шудаю бо бехбуттахо гайриконуни махкамгардидаю бо ташаббуси Лола Абдуллоева ва хаммиллатони ў «гайбатхона» кушода шудааст, чудо гардидааст. Дар ин «гайбатхона» ба чўз 5-6 нафар хамакидахо дигар хамсояхо даъват намешуданд.

Самад
Ин Лола чи хак дорад ки ба мактаб омада игво меандозад. Саодат ба органхои дахлдор мурочиат кунад... Лекин рости ин директорхои мактабхои шахр аз хад мегузаронанд..

Костя
Хамватанони азиз- Чунин рохбаро кумаки сохторхои дахлдор лозим аст, то, ки дар оянда дигар рохбарон тахтм фишору тахкири бадхохон карор нагиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)