Бахшҳо

Лоиҳаи ҲНИТ оид ба тағйиру иловаҳо ба қонуни хидмати ҳарбӣ рад шуд

Лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”, ки аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ, вакилони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои баҳсу баррасӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд, 26 сентябр аз тарафи ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон рад шудааст.

Вакилони ҲНИТ дар парлумон 25 апрели соли ҷорӣ бо ҳадафи пешгирии “облава”, таъмини бехтари даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, аз байн бурдани ришвахорӣ дар мавсимҳои даъвати ҷавонон ба артиш ва муҳайё намудани замина барои таъсиси артиши касбии кишвар лоиҳаи мазкурро ба Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кард, аммо хулосаи ҳукумати Тоҷикистон ба лоиҳаи мазкур (аз таърихи 1 агусти соли 2014) манфӣ буда, гуфтааст, “лоиҳа ба шакли пешниҳодшуда дар маҷмӯъ қобили дастгирӣ намебошад”.

Тарҳи Ҳизби наҳзати исломӣ оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ аз чаҳор пешниҳод иборат буд:

1. Шаҳрвандоне, ки бидуни доштани сабабҳои қонунӣ уҳдадории ҳарбии худро анҷом надодаанд ва ё тибқи талаботи лоиҳаи пешниҳодшуда, маблағи лозимиро ба буҷаи давлат насупурдаанд, ба хидмати давлатӣ ҷалб карда нашаванд;

2. Барои таъминоти молиявии беҳтари артиш, Хазинаи махсуси пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлат, маблағҳои шаҳрвандон, ки дар ивази нарафтан ба хидмати ҳарбӣ маблағи муайянеро пардохт намудаанд ва сарчашмаҳои дигар, таъсис дода шавад;

3. Шаҳрванде, ки ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд ё ихтиёрӣ меравад, бо музди моҳона, на камтар аз музди миёнаи шаҳрвандони мулкии кишвар, таъмин карда шавад;

4. Шаҳрванде, ки маблағи муайянро тибқи меъёри муайянкардаи мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ба ҳисоби Хазинаи махсуси пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон месупорад, бо ворид намудани илова дар моддаи 20, аз хидмати ҳарбӣ озод шавад.

Муҳиддин Кабирӣ ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаро дар яке аз ёддоштҳояш чунин шарҳ дода буд: “Тағйиру иловаҳое, ки мавриди назари вакилони Наҳзат қарор гирифтаанд, асосан ба хотири пешгирӣ аз “облава”, решакан кардани ришваситонӣ зимни даъват ба артиш ва таъмини беҳтари шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин гузоштани қадамҳои аввалин ба самти ташкили артиши касбӣ равона шудаанд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Это О
О, ин конун хуб аст ку?О,Чаро кабул нагашт.О,маълум ку!О,лоихааш аз хизби хукмрон нест ку!

Усмон (донишчу)
Чаро дар чт лоихаи конунхои бехтарин ба манфиати халку-давлат пешниходшуда аз тарафи хизбхои сиёсий амалй намегардад афсус

мемати аз Ленин
Коргарои военкомат хамаащ мошинхои кимат доранд, мохонаи хуб доранд значит! Камисари раён аз раиси нохия мегуи, ки зур бошад! Пулдор ки хаст катаги мега!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)