Бахшҳо

Мулло Хайриддин: Дар бораи ваҳҳобиву салафӣ, рақсу бозӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Мулло Хайриддин Абдуллоҳ, роҳбари Кумитаи дин дар назди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия иддао дорад, муассиртарин роҳи мубориза бо гуруҳҳои тундгаро таҷрибаи Рамзан Қодиров, райиси ҷумҳури Чеченистон аст, на “сиёҳкуниву намоиши фосиқону ҷодугарони дар лиқои муллову ҳоҷӣ даромада” дар садову симои давлатӣ. Ӯ дар матлабе менависад, “Қодиров барои сарнагун кардани гуруҳҳои ваҳобияву салафияи дар кишвараш буда, телевизору радиёву матбуотро дар ихтиёри мулоҳову донишмандон дод, барои мардумро огоҳ кардани ин гуруҳҳои хатарнок ва исботи ноҳақ будани он гуруҳҳо. Ва баъдан он касонеш, ки саркашиву нописандӣ карданд ба зиндон шинонд”. Ҷаноби Абдуллоҳ ин матлабро унвонии “Озодагон” ирсол кардааст, ки ҳоло пешниҳоди хонанда мешавад.

Ҳар кӯдаки тоҷик муалими пирони дигар миллатанд

Аз арзи ҳастии дини мубини Ислом то ба кунун анқариб понздаҳ қарн паси сар шудаву бо покиву зебоипарастияш одамиро ба дунёи одамдустӣ ҳидоят кардаву пайдоиши инсонро дар зиндагонии имрӯз чун дурри гарон ва зиндагиро неъмати бузург аз даргоҳи иллоҳӣ ба бандагонаш тақвият додааст. Дини Ислом шариъати Муҳаммад (с) ба сифати як дини ваҳдонӣ маншаи ифтихори ҷаҳонист. Ва миллати азизи форсизабони ориёнаҷоди тоҷикаёни эронманиш дар ин дини муқаддас ҷойгоҳи хосеро дорад, ки тамоми мусалмонони ҷаҳон ба ин қоиланд. Зеро чӣ дар илми Ислом ва чӣ дар илми дунявӣ асосгузораш форсизабонони тоҷиканд. Ба мисоли Салмону Ҳусайн Воизи Кошифию Табарию Фахри Розӣ дар илми тафсири Қуръон, Бухориву Муслиму Тирмизӣ дар илми ҳадис, Имоми Аъзам, Шофеъӣ, Абуюсуфу Ғазолӣ дар илми фиқҳ, Фарасӣ, Ҷомӣ дар илми сарф, Наҳвӣ, Мотурудиву Таҳовӣ дар илми ақида, Баҳоуддин Нақшбанд, Абдулқодир Гелонӣ дар илми тариқат. Инчунин дар илмҳои дунявӣ Сино дар тибб, Хаёму Ҷобир дар риёзӣ, Закариёи Розӣ дар кимиё, Берунӣ дар илми нуҷум, Форобӣ дар фалсафа ва ҳазорон олимону шоирону нависандагони дигар аз ин миллати мо, ки дар осмон мисли ситора медурахшанду дар замин мисли сутун то ба даври мо чун сарпаноҳ. Ногуфта намонад, ки ҳарчи ёфтанд неъматашон аз давлати Қуръон буд. Ҳамаи инҳо дар хурдӣ ҳофизи Қуръон ва олими дини шариъат гашта ва баъд олими дунявию шоиру нависанда шудаанд.

На танҳо гузаштаи мо мояи ифтихор аст, балки боиси сад ифтихори дигар даврони муосир аст. Зеро он модаре, ки ин бузургони моро ба дунё овард, ҳанӯз зиндаву бо бузургии онҳо миллати сар ба афлоки тоҷик вуҷуд дорад. Ва то ба ҳол ҳар кӯдаки тоҷик муалими пирони дигар миллатанд. Дар байни мусалмонони Русия моро аз рӯйи диндониамон мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Пӯшида нест,ки дар тамоми масҷидҳои ин кишвар мушовири имомҳо, муаззину муддарисҳояш ва аз 100% 70 дар сади намозгузорон дар масҷидҳо тоҷиконанд. Ва инҷунин дар ҳар озмуни Қуръон дар ҷойи аввал тоҷиконанд. Теъдоди тоҷикони ҳофизи Қуръон дар ин кишвар аз ҳазор ҳам гузаштааст.

Аммо дар Ватан... касеро ҳарфе аз Қуръон омӯхтан ҷиноят аст

Шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар дар ҳар ҷое, ки бошанд, дар байни худ баъди соати корӣ ҳалқаи дарси қуронхониву маснавию гулистону ҳофизхонӣ доранд. Ва на танҳо дар Русия, балки дар Эрон, Арабистон, Туркия ва дар ҳар кишвари дунё, ки ҳастанд чунин фаъолиятҳоро доранд. Аммо афсӯс, сад афсус, ки дар кишвари худ чунин фаъолиятҳоро кардан номумкин мебошад. Касеро ҳарфе аз Қуръон омухтан ҷиноят аст, касеро хатӣ форсӣ, Ҳофизу Бедилу фиқҳи Имоми Аъзам омухтан ҷиноят аст. Рафтани кӯдакон ба масҷид манъ аст. Рӯймол ба сар кардани ҷавондухтарон дар мактабу корхонаҳо манъ аст. Хутбаи озод барои имомҳои масҷиди ҷомеъ манъ аст. Риш гузоштани ҷавонон манъ аст. Омухтану омӯзондани Қуръон, омухтану омӯзондани хату фарҳанги гузаштагони худ, рӯ ба масҷид овардани ҷавонон ё рӯймол бастани занон, ҳиҷоб ба сар кардани духтарон чӣ бадие ба миллату давлат меоварда бошад, намедонам.

Таҷрибаи райиси ҷумҳури Чеченистон...

Агар ҳукумат хавф аз гуруҳҳои террористии ваҳҳобияву салафия дошта бошад, бо ин роҳ пеши инҳоро гирифтан номумкин аст. Дар ин кор бояд аз раиси ҷумҳури Чеченистон ҷаноби Рамазон Қодиров ибрат гирифт. Қодиров барои сарнагун кардани гуруҳҳои ваҳҳобияву салафияи дар кишвараш буда аввало телевизору радиову матбуотро дар ихтиёри муллоҳову донишмандон дод барои мардумро огоҳ кардан дар бораи ин гуруҳҳои хатарнок ва исботи ноҳақ будани он гуруҳҳо. Баъдан, он касоне, ки саркашиву нописандӣ карданд, ба зиндон шинонд. Ва худ дар садову симо ошкоро гуфт, дар кишвари ман набояд як нафаре аз ин гуруҳҳои ваҳҳобиву салафия бошад. Мардуми ин кишвар пайрави суннату ҷамоат ва дар тариқат тасаввуф мебошад. Ва имрӯз кишвари Чеченистон дар ҳайати русҳо ҳам ки бошад, шукри Худо дар ин кишвар масҷидҳояш ҳама обод, ҳалқаи дарсӣ вуҷуд дошта ва худаш раиси ҷумҳур махсус ҳофизони Қуръон аз миёни тоҷиконро ҷамъ оварда, дар масҷиду мадрасаҳои сохтааш мударрис гузошт.

Азон дар ин кишвар бо баландгӯяк озод буда, дар садову симо аз Қуръону суннату тариқат пайваста гуфторҳо пахш мегардад. Занҳо дар кӯчаву корхонаҳо ҳама сатр доранд, хусусан хонадони раиси ҷумҳураш. Аммо афсус, ки мо гарчанд давлати соҳибихтиёр ҳам бошем, наметавонем аз ин сарчашмаи озодӣ баҳрае бардорем. Дар садову симо номе аз Ислому дин нест, ҷуз сиёҳкуниву намоиши фосиқону ҷодугарони дар лиқои муллову ҳоҷӣ даромада, ки ҳеч рабте ба дини поки Ислом надоранд. Яқинан, ҳадаф аз ин намоишҳо мардумро дур кардан аст аз дину фарҳангашон. Зеро агар ҳадаф аз ин намоиши фосиқон барои сиёҳкунии дину муллоҳо намешуд, дар баробари инҳо боз ҷинояту фосиқии ҳукуматдоронро ҳам бояд намоиш медоданд. Ва аз манфиати дину манфиъати уламо ҳам ҳамарӯза дар садову симо мегуфтанду намоиш медоданд. Аз таърихи уламои бузург ва инчунин аз китобҳояшон ба мисоли Маснавӣ, Бустон, Гулистон, ғазалиёти Ҳофизу Бедилу Хайём мегуфтанд, на танҳо рақсу бозии занҳои нимбараҳнаро нишон медоданд.

Ҳар миллате, ки санъатро аз маърифат боло донист, ҳеч гоҳ обрӯманд намегардад

Бояд дониста бошем, ҳар миллате, ки санъатро аз маърифат боло донист ҳеч гоҳ обруманд намегардад. Агар мо имрӯз хоҳем гуруҳхои ваҳҳобиву салафиро аз Тоҷикистон дур кунем, аввал бояд ҳар ҳукуматдор аз хонадону авлоди худаш сар кунад, зеро пушида нест, ки баъзе хешу табори кормандони давлат салафиянд. Инчунин аксари хатибону фарзандони онҳо, ки дар кишварҳои арабнишин таҳсил кардаанд. Хулоса, то замоне худи масъулони дину давлат худ ва авлоди худро ислоҳ накунанд, дар хар мавзӯе бошад, ҷомеъа аз зулму ситаму хориву зориву дарбадариву ихтилоф раҳо намешавад.

Дар интиҳои андешаҳои хеш нигоҳамро ба сардори давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон равона мекунам, ки эшон бо вуҷуди дастгириҳояш ва нигоҳҳои созандааш нисбати дини мубини Ислом, ки худ мусалмонзодааст, дар атрофаш соҳибмансабонеро рӯи кор овардааст, ки баъзеашон ба боварии сардори давлат даромада, сиёсати ӯро миёни халқ ба дарёи нобоварӣ равона мекунанд. Аминам, ин навиштаҳои ман то муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намерасад, лек қоилам ба он ки ба мафкураи баъзе “соҳибмуҳтарам”-он мерасад. Ва то куҷо сари ин гуфтаҳо андеша мекунанд, Яздон медонад”.

Мулло Хайриддин Абдуллоҳ, роҳбари Кумитаи дин дар назди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Диловар
Хоинхой миллат аз дур истода худатонро шайху олим мегирен тамоми мардуми Точикистони азиз медонад ки шумо кати пири Сайдюнус Истаравшаниатон сари мардуми Точики маскавро тоб дода гаштаед бо радиой зелотон хамай мардуми Точик медонад ки шумо дар кадом дин астен дини ШИЪАГИДА АСТЕД ШУМО Аз Аллох тарсен фардо дар пешгохи киёмат чи чавоб метен ба ин фитнакоритон

ганда
ИНХОРА КИ ИЧОЗАТ ДОДААСТ КИ АЗ НОМИ МУХОЧИРО ГАВ ЗАНАНД ТУ КУДАК БА ЭМОМАЛИ ЧИ КОР ДОРИ НАМОЗОТА ХОН КОРХОИ БАД НАКУН ЯК ЧОИ ВАТАНА ОБОД КУН 1 ГА БОГ БУНЕД КУН 4 КАСА КОР ТЕ МАХСУЛОТИ СОДИРОТИ ИСТЕХСОЛ КУН ИСЛОМИИ АСОСИ ШАВ БА ДИГАРОН НАМУНА ШАВ ХАМА АЗ ОКИБИ ТУ ИСЛОМИ ТОЗАРО ПАЙРАВИ КУНАНД. БА УМЕДИ ПУЛХОИ ШАЙХОНИ АРАБ НАШАВ@

АсСафох
Дар вокеъ донишмандона ва родмардона ва харчи таакул кардед бар нафъи миллат буд.Ахсан бародари арчмандам.

ора
ганда,

Чи мардумро ба шиаги муттахам мекуни мухтарам Фабрикаи чавоб? Шумо доимо душманони сиесиатонро тухмат мекунед. Инаш ваххобюби, инаш зинокор, инаш шиа, инаш салафи. Адолатро чори кунед, фиску фасодро аз байн баред. Дахони мардумро пушида наметавонед. Мардум кур нест, хама дида истодаанд

лра
Диловар,

Хтон меге ки Точикистон давлати демократии хукубунедай. Давлати деморатида хар кас хукуки гав задан дора. Так что дамта бгир.

Муҳоҷир
Ин кундукриш боз кӣ бошад? Кадом кумитаи дини Ҷунбиши муҳоҷирон?!
Ҳар хел мақсадҳои нопоки худатонро ба сари муҳоҷиро бор накунед!
Проблема дар ҳукумат нест, проблема дар ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳама худашро доно меҳисобад, дар асл чаласавод ҳаст.

Дустдори хак
Ба бародар Диловар ва Ганда хар кас аз сухани хак харф зад хоин аст?о дар инча мегуфт рост паси панчара мебурдеш ё аз ин бехабаре! Худо чазои хайрат дихад биродар хело бо маврид сухан гуфтед!

хочи
хуб навиштааст

Пуштибонхои Салафия шумо душмани Точикистон ва сохтори Конститутсионии он мебошед.Диловар,
Диловар,


Собир
инхо муллохои фалшивий хамаашон хатар барои Точикистонанд. бояд инхоро ичозат надод ки ба ватан баргарданд. бигузор дар хамон Чечня зиндаги кунанд. чи хеле ки худашон мегуянд "Ислом миллат надорад ва мусулмон бародари мусулмон аст". так что хамрохи хамон бародарони чеченатон зиндаги кардан гиред. ба Точикистончони мо наоед дигар

Яъкуб.Душанбешахр.
Ахсан бародар.Дуввум онки онхо на хоин балки дустдори ин сарзаминан

Бобочон
, ......... бале дуруст мегуед дар баробари инҳо боз ҷинояту фосиқии ҳукуматдоронро ҳам бояд намоиш медоданд.

ганда
МАН ФАБРИКАИ ЧАВОБ НЕСТАМ ЛЕКИН МАН САБУС, ЧАВ ,НАХУДА ОРД КАРДА ХУРДАГИЯМ АЗ ДАСТИ ШУМО ИСЛОМИХОИ ...... АЗ ОРДИ ЗАХРНОК ХОХАРИ 20 СОЛААМ МУРД МАН ВА ПАДАРИ 60 СОЛА ВА МОДАРИ 56 СОЛААМРО ГИРИФТА ПОБЕЛИ ГАНДУМ МЕКОШТЕМ МЕХУРДЕМ АЗ ДАСТИ ШУМО ИСЛОМИХОРА

дигар каси гап зану сухангуй пайдо нашуд як галуи шиа гапзан шудаву ба мардум рох нишон медиахад аввад ин ки ту акл медошти шиа намешуди дуввумаш ин ки номи олимони ахли суннатро ба забонми нопоки нпгиоу такия накун борохо туро исбот кардем ки шик хасти бо воситаи вахобив салафи ахли суннатро санг мезани вахобиву салафи хатаре надорад лекин хатари бузург шиаи аст ки имруз олами ислом дар дастм ин равияи ранч мебарад баьдан Мухаммад инби Абдулваххоб б як олими мувахид пст ки бкр мукобили ширку бидьат ва тафриеав мубориза бурдаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)