Бахшҳо

Таҳдиди то 5 соли зиндон ба Хайрулло, писари калонии Зайд Саидов

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидов аз рӯи моддаи 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст, ки аз 2 то 5 соли зиндон ё то 36 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ намудааст.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, айбнома алайҳи Саидов рӯзи 27-уми октябр дар ҳузури вакили дифояш Исҳоқ Табаров эълон гардидааст. Моддаи 340 қисми 2 айбдорӣ барои тақаллуби такрории шиноснома бо маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз техникаи компютериро дар бар гирифта, ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол пешбинӣ кардааст.

Ин ниҳод Зайд Саидовро низ аз дастандаркорони ин қазия хонда, таъкид мекунад, ки барои ниҳон доштани манфиатдории шахсӣ саҳмияҳои бархе корхонаҳоро ба номи фарзандаш Саидов Хайрулло, ки дар шиносномааш санаи таваллуд «25 апрели соли 1978», яъне 4 сол калон қайд шудааст, ғайриқонунӣ сабт кардааст.

Аммо Хайрулло Саидов қисман гуноҳашро эътироф карда, даст доштани падарашро дар ин қазия қатъиян рад кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки шиносномаи тақаллубиро ҳанӯз соли 1995 замони гуреза будани падараш дар Маскав гирифтааст ва ҳадафи калон нишон додани синнаш дар шиноснома ҳар чӣ зудтар пайдо кардани ҳаққи таҳсил дар Эрон будааст.

Аммо Оҷонсии зиддди фасод талош дорад, ки санаи тақаллубкориро соли 2000-ум, замони вазири саноат будани Зайд Саидов нишон диҳад ва ҳамчун далели дигар зидди ӯ истифода кунад.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи 24-уми октябр бо пахши як иттилоия хабар додааст, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист.

Дар иттилоияе, ки ин ниҳод нашр намудааст, таъкид шудааст, ки дар робита ба парвандаҳои Зайд Саидов алайҳи 14 нафари дигар, аз ҷумла 4 нафар масъули ширкати сохтмонии “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, 6 мутасаддии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва 4 масъули ширкатҳои дигари тиҷоратӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мӯҳр
Хамин оиларо ин кадар азоб додан.наход ин кадар беадолати бошад дар ин дунье.

ҳамватан
ин номардист! номардӣ ва нотавонии ҳукумат! вақте ки ҳукумат бо ин ҳама тавон натавонист ҷурмеро исбот кунад ру ба номардӣ, бешармӣ, дасисабозӣ, найрангбозӣ ва дуруғпардозӣ овард
инхел рафторро мо дар китобҳои таърих хонда будем ки дар истилоҳ БАРБАРИЯТ мегуянд
дар Фаронса қабл аз инқилоб касе ҷурме мекард(ҷурми исботшуда!!!) илова бар худаш аъзои хонаводааш ҳам муҷозот мешуд ва хонааш оташ зада мешуд. Зайди мазлум ҳарчи дошт кашида гирифтанд лошахурҳо ва тибқи шунидаҳои мо байни худшон барои таракаи моли ҷаноби Зайд ҷанҷол ҳам шудааст. фақат ҳамин мондаст ки охирин доштааш хонаи чанд метраи хурдакакашро оташ зананд
инҳо аз Фаронсаи 3 аср пеш ҳам бадтаранд. Чун онҳо ба ҷурми исботшуда ва муҷрими воқеӣ ин корро мекарданд аммо инҳо ҳеҷ ҷурмеро исбот накарданд.Баракс ин парванда барои инсонҳои бошуур ва каме аҳли фикр ин масаларо исбот кард ки дар Тоҷикистони ғутавар шуда дар корупсия ба хусус дар кори тиҷорату сохтусоз ягон далели корупсиёнӣ ва тақалубкорӣ дар фаолияти Зайд наёфтанд ва танҳо ба ҷурмӣ таҷовуз ба зиндон фиристоданд, ки дар онҳам Худованди одилу қодир аз тариқи маркази биопапа Зайдро русафед ва душманонашро русиёҳ кард
Худоё ба додамон бирас!

Асадулло
Барои дигарон ин оила дарси ибрат шавад Худо ки дот катаги ва такабурии кардан даркор нест баракс Шукронаи Олохро кардан даркор инчунин хоксор будан лозим.

ба Асадулло
Асадулло,
Аз худо битарс Асадулло ки тухмат мекуни! яке аз сифоте ки Зайдро дар назди мардум махбуб кардааст ин хоксории уст. чи кадр касиф ва номард хастед фабрикаи чавоб

Асадулло
Ман аввал ин ки аз Худо метарсам Алхамдулилох мусалмонам ва инчунин аз Худо метарсам. Дуюм ин ки ман касеро тухмат накардаам. Сеюм ки касиф ва номард ту хасти. Ман танхо барои дигарон гуфтам ки нагузаронанд ки холашон чунин нашавад фахмоооо!!!

Рустам
Асадулло шарм намедори бо ин дуругу тухматат. Зайд аз худаш сар карда бо хама фарзандонаш хоксору мардумдусторанд. Як чиз навис ки суханат ба хакикат каме наздик бошад. Ин бадбинии макомот низ аз он сарчашма гирифт, ки Зайд Саид азизи мардум аст ба хотири хоксориву фурутани ва мардумдустдорияш. Ба фикрам як инсони ноогох аз фабрикаи чавоб хасти ва факат супоришро менависи.

.
Асадулло,

Ту аз худо наметарси. Агар метарсиди гайбат намекарди.

ба Асадулло,

Бубахшед, дар Точикистон оилахое ки ибрат шуда метавонанд бисеранд, мисоли одди оилаи Хукумовхо- барои чи онхоро хукумат дарсе намедихад, ки барои мардум ибрат шавад..
Оилаи Зайд Саидовхо то хол барои кочоки мавводи мухадиру, парондан суи пулису, дар соати 2 шаб 3-4 нафарро пах кардан ва 10-хо хабари рейдерии ба хонаю амволи мардум кардаашон набаромадааст! Стыдно вам долно быть!!!!!!!

Асадулло дуруст мегуи, ин шахс 10 зан гирифтай, бо нафс баланди кардай ята чавонша грифтай. Хаму суми туёра нмеша бгира сагерахонахода бта. Ина Худо барои кори нобакориаш чазо дод. Дигар и кора намекуна, бо ай пушти падарашона фарзандош дар азобай, ин як.
Дуюм мо нмедонем и сумои Зайд Саид ай кучояй хама медонанд, так что бисёр тарафша нагирен.

e barodar agar az Khudo metarsidi tuhmat namekardi tu rui rost tuhmat mekuni hato az tuhmatot malum ast ki tu khudoda bovar nadori , agar bovar medoshti kamtar fikur mekardi bad menavisti be Khudo

корбар
Сомон барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов
https://zaidsaid.at/tj
имрӯз таъсис шудааст

аз ин бадтархо бо фарзандони носерамашон горат доранд кишварро, вале чаро ин кадар ба ин Зайду фарзандонаш часпидаанд?ведь это нечестная игра.

Асадулло
Ман гайбат ва тухмат накардам. Хамчун як шахрванд фикрамро навиштам, ки такрорам шавад мегуям аз рамка гузаронди ба чунин хол гирифтор мешави.

Т ва Т барино рост мегуенд бади боздошти Падаршон фазандош хоксор шидан

avalush 10 zan nadora tuhmat gar az Khudo bi tars , bad chand zane doshta bosha mardak bori nigohu binshon mekunad shumo barin dukhtarora istifoda namebara bad dar kadi kucha partova , khay be foida namegan dile ki Khudo parda pushona vay shakhs fikri kiyomata namekunad , Alloh hidoyat ton kunad az tahti dil megum!

Шояд 10 зан надошта бошад, вале то 10 зана аник дорад. Баъд Худо Зайд Саида бойгарира барои, ки зан гирифта хурда бгарда надодай, баръакс додай, ки камбагалодаю камбизиатода ва аз хамаш асос маъюбонда ёрдам дихад, ба мисли худаш. Кудрати тавонои Худора бубин, ки бандаи маъюбда боигарира додай, ки ба мисли худуш бандахода дасти ёри расонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)