Бахшҳо
05 ноя 2014 09:53Тоҷикистон / Сиёсат

Суҳроб Шарипов: Бисёр корхонаҳо аз қабули афвшудаҳо худдорӣ мекунанд

Давоми ду рӯзи ахир дар доираи қонуни афв ду ҳазор маҳбус ба озодӣ баромаданд. Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ бар асоси қонуни афв, ки ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун эълон шудааст, ҳудуди 3500 нафар аз зиндонҳо ва 4500 тан аз колонияҳои маскунӣ раҳо шаванд. Дар робита “Озодагон” аз коршиносон пурсид, ки Барномаи мутобиқгардонии афвшудаҳо вуҷуд дорад?

Суҳроб ШАРИПОВ, вакили парлумон
Дар Тоҷикистон ин гуна барномаҳои мушаххас вуҷуд надорад. На танҳо дар давлати мо, балки дар бисёр давлатҳо вуҷуд надорад. Эҳтимол дар баъзе кишварҳо бошад. Дар шароити имрӯзаи иқтисодии мо мутобиқшавии иҷтимоӣ-сиёсии афвшудаҳо аз худи онҳо вобаста мебошад. Дар давлатҳои тараққикарда марказҳои психоаналитикӣ вуҷуд дорад, ки ба мутобиқшавии онҳо ба ҳаёти маъмулӣ кумак мекунад. Дар замони Шуравӣ ба ин гуруҳи одамон имкони кор намедоданд ва ин руҳия то ҳол идома дорад. Бисёр корхонаҳо аз қабули афвшудаҳо худдорӣ мекунанд. Се омил - психологӣ, иҷтимоӣ ва проблемаи иқтисодӣ вазъияти мутобиқшавии авфшудаҳоро муайян мекунад.

Фариддун ҲОДИЗОДА, таҳлилгар
Шояд ки бошад, мо хабар надорем ва ё шояд набошад. Вале аз рӯи ҳисобҳои оморӣ баъди амалӣ шудани афв ва озод шудани маҳбусон сатҳи содир кардани ҷиноят камтар зиёд шуда буд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ягон барномаи махсуси мутобиқ кардани маҳсбусони афвшуда ба ҳолати одии зиндагӣ мавҷуд нест. Масалан ду сол пеш вақте ба муносибати 20-солагии истиқлолият қонуни авф тадбиқ гардид, сатҳи ҷинояткорӣ зиёд шуд.

Комёб ҶАЛИЛОВ, ҳуқуқшинос
Ман намедонам, ки ягон барномаи махсус дар ин замина вуҷуд дорад ё на. Вале онҳо метавонанд худ ҷо ёфта, кору зиндагӣ кунанд ва аз гузашта фаромӯш намоянд. Барнома барои ҳама як чиз аст. Ончи ки ҳозир дар ҷамъият вуҷуд дорад, аз он истифода намуда, зиндагӣ кардан лозим аст, дигар роҳе нест.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Албатта, ки кабл аз озоди бояд психологхо бо онхо сухбатхои профилактики мегузаронданд барнома хатман бояд тархрези ва татбик мегардид шаби гузашта хонаи хамсоя касе гуфтугузор кардааст ва дар хавли чизе киммате наёфта онро тарк кардааст хушёр бошед мардум!!!

5
Кора худуш нестаю боз ин чи мега ?

Шояд тахлилгарону хукукшиносон хабар надоранд, чандин сол аст, ки барои авфшудагон карорхои махсуси хукумати чумхури ва ислохотхо дар конуни чумхури оид ба мусоидат ба шугли ахоли вучуд доранд, ки он имконият медихад собик махкумшуда 3 мох кумакпули дар хачми маоши хадди акал, то дарёфти чои кор гирад, инчунин имтиёзхо барои гирифтани карзхои бефоиз барои ташкили корхои сохибкори, харидории харгуна дастгоххо барои ташкили корхои хусуси дода шудааст. Назорат аз болои чунин карорхо дар души прокуратура буда, дар сурати ичро нагардидани он шахсони масъул ба чавобгари кашида мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки каме хам бошад онхо хатман аз чониби давлат дастгири меебанд.

Довар
Ин афкуни боз як хусусияти дигаре низ дорад.Холи кардани чойхо ва хамчунин кам кардани проблемахои чойдошта дар муассисахо то авфи навбати.Ин мардум бояд зери назорат бошанд ва кор кунанд,мисли тартиби замони шурави то чою мавкеъи худро ёбанд.Мутаасифона дар кишвари мо чунин нест!Ибораи аз гунохат гузаштам ин су гузар роичтар асту вассалом.

Ин масъалаи прокуратура нест..... сохторхо ин масаларо хал наметавонанд кард...ин кори чомеа..ва вобаста асть аз таффакури..чомеа...проблемаи бекори..маоши паст...ин асть мушкили....ба хама...аз он чумла ба онхое ки овф шудаанд...мухочират...рохи онхо..баъзеяшон боз бо рохи чиноят мешаванд...масъали мушкил..

гап дар бораи барнома меравад, чунин барнома вучуд дорад, ин барномаи мусоидат ба шугли ахоли буда, дар он махсус таъсиси квотахои чойхои кори барои шахсони барои дарёфти чои кор танкисидошта бо сабаби маъюби, модароне, ки сарвари оила надоранд инчунин собик махбусон мебошанд дарч гардидааст. гарчанде тадбики пурраи амалисозии ин барнома дар гумон аст, лекин он вучуд дорад ва аз руи он маълумот талаб карда мешавад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)