Бахшҳо

Маҳфили “Ҷаҳони андеша”: Ин бор рамзи Рустам

Масъулини маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзода, файласуфи тоҷик, ки ба дунболи нашри як китобча дар бораи бехудоӣ муваққатан баста шуда буд, мегӯянд, ин навбат “Рамзи Рустам дар тасвири Фирдавсӣ - андешаи нав”-ро ба баҳс мекашанд.

Ба қавли онҳо, маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” рӯзи 19 ноябри соли равон баргузор мешавад. Баргузоркунандагон бо эълони соати оғози маҳфил ва ҷойи баргузории он (15:00, бинои Акадеияи улуми Тоҷикистон) аз ҳаводорони маҳфил даъват кардаанд, дар он иштирок намоянд.

Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти “Кайҳон” ба табъ расонданд, ки аз чиҳил саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзӯъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон ва Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошанд.

Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, баҳори соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ҳадаф аз таълифи “Ҷаҳонбинии оянда”, ки бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуда, ҳатто худи ӯ мавриди танқид қарор гирифтааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, балки он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.

Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо афзуд, мақолаи “Ҷаҳонбинии оянда” маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Дар ин раунди навбатии “Ҷаҳони андеша” Бекзода бо рамзи Рустами Достони Фирдавси, дар разм мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)