Бахшҳо
18 июл 2014 16:48Тоҷикистон / Сиёсат

Орумбеков дар бораи “Ҷаҳон...”-и Комил Бекзода: “Ӯ фикрашро ҳамчун атеист баён кардааст”

Шамсиддин Орумбекзода (Орумбеков), вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 18 июл мавқеи ниҳодашро дар робита ба китоби баҳсбарангези “Ҷаҳонбинии оянда”-и файласуф Комил Бекзода ва ёрони ӯ баён кард. Оқои Орумбекзода, гуфт, “мавқеи вазорат ин аст, ки ӯ фикрашро ҳамчун атеист баён кардааст. Касе, ки хоҳад, хонад ва агар нахоҳад, нахонад”.

Номбурда иброз дошт, вазорат ҳуқуқи маънавӣ надорад, китоби Бекзодаро танқид карда, хуб ё бад бигӯяд. “Ҳар кас барои изҳори назараш, агар барои ҷомеа мухолиф ҳам бошад, аммо зарар нарасонад, ҳақ дорад. Ин ҳуқуқи муаллифӣ ва мавқеи шаҳрвандии Комил Бекзода аст”,-афзуд ӯ.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, навиштани чунин китоб таҷрибаи ягона дар дунё набуда, дар бисёре аз кишварҳои дунё дар чунин самт китобҳо интишор мешаванд: “Як байти бисёр машҳур аст, ки мегӯяд, “Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки аст дар мусалмонии мост”. Устод Комил Бекзода самти худашро интихоб кардааст ва ин ҳуқуқи ӯст”,-илова кард вазири фарҳанг.

Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти "Кайҳон" ба табъ расонданд, ки аз чиҳил саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзуъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошанд.

Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, баҳори соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуда, ҳатто худи ӯ мавриди танқид қарор гирифтааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, балки он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад. Ӯ афзуд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шудааст.
Мӯҳр
Натуралист
Ҷаноби Комил Бекзода Наход ҳаминро дарк накунад, ки дар ҳамин 70 соли Шўравӣ ҳамиқа мақомотҳои пурқудрат ҷон кандан вале натавонистанд, ки ақидаи ин мардуми бузурги тоҷикро иваз кунанд. Акнун дар як давраи демократӣ зиндагӣ мекунему боварӣ ба дин озод мебошад, ин мардак мехоҳад мардум аз боварӣ руй гардонад. Дар ин кор ҳатман Китаец даст дорад.

Ман ин устодро аз айёми донишчуи мешиносам. Дар мавзуи таърихи дин рисолаи дипломии худро анчом дод. Академияи илмхои Точикистон уро ба шуъбаи атеизми илмии шуъбаи фалсафа даъват намуд. Дар чандин донишгоххои пойтахт устоди таърихи дин ва фалсафа буд. Соли 1988 рисолаи номзадии худро дар мавзуи "Таърихи дин ва фалсафа аз нигохи Мухаммад Шахристони (асри 12) дифоъ кард. Шахристони яке аз мутафаккирон ва мутакаллимони ахли суннат мебошад, ки мухимтарин китоби таърихи динро дар олами исломи бо номи " Ал милал вал нихал" ( "Чараёнхои фалсафи ва мазхабхои дини" ) ном дорад.
Рисолаи доктории худро бо номи "Таърихи равшанфикри аз замони Чамшед то Фирдавси" соли 2012 дар хачми 500 сахифа ба нашр расонид. Барои ман ачиб ин аст, ки хонандагони точик тааччуб мекунанд, ки ин Бекзода кист? Магар, инхо китоб намехонанд?!!!
Бекзода то имруз 12 чилд китоб ба нашр расонида зиёда аз 40 чилд китоби дигар аз мероси фархангии бузургони точик ва чахон дар матбуоти даври ба нашр расонидааст. Ах чумла. китоби " Икбол дар рохи Мавлави ( таълифи Саид Акрам)," Оини дустёби" аз Дейл Карнеги, Фалсафаи Шарк ( дар 700 сахифа) аз Мехрини Мехрдод ва ба таври дакик 37 китоб ва кисман порае аз онхо дар матбуоти даври ба чоп расонд. Кариб 5 чилд китоби дигарро маколахои эчоди ташкил медиханд, ки дар мавзуъхои фалсафа дин, равоншиноси, чомеашиноси, адабиёт ва гайра бахшида шудааст. Касе ки ба ин микдор асар ба нашр расонидааст ва дар радиову телевизиони Точикистон бардавом гузориш медихад чаро то хол ношинохта монда аст?
Ба андешаи ман Бекзода хамаи Шуморо хуб мешиносад. Ин Шумоед, ки Бекзода нашинохтаед!!!

Хонанда
Офарин ҷаноби вазир, хело хуб баҳо додед, самти худро Бекзода муайян кардааст. Аҷиб ҷавоби бомаъние додаед. Барои доно ҳамин ҷавоб басанда аст.
Аммо Бекзода бошад бечора бист сол заҳмат кашида хударо ба ин самти атеистӣ расонидааст, меҳнат кардааст, заҳматҳои шабонарузи кардааст, то ба ин сатҳи бехудоӣ расад. То барои худ исбот кунад, ки ақидааш дар бораи дунё ва моварои дунё ин аст. Бечора ошкоро худро ва назари худро баён кардааст, мунофиқи накардааст-ку. Балки дигарашро ихтиёр кардааст, ошкоро самти худро баён кардан, чигунае, ки вазири муҳтарам баён карданд.
Офарин вазири муҳтарам. Маълум аст, ки хело ҳаким мебошед.

Дахри
Комил Бекзода дуруст мегуяд, ки оянда аз чахонбинии илми аст. Дар ин асри дастовардхои беназири илми, ки шуури инсоният хеле пеш рафтааст ба афсонахои соддалавхонаи дини бовар кардан душвор аст. Ба чизхое, ки хеч кас онхоро надидааст, чи тавр бовар кардан мумкин аст. Чаро худо худашро нишон намедихад, то хама бинанд ва бовар кунанд. Ки кафолат медихад, ки пайгамбарон суханхои худоро мегуянд?Суханони онхо мазмуни замини доранд, хатто бихиште, ки онхо тасвир мекунанд симои замини дорад. Баъид нест агар дар дахсолахои наздик хамаи динхо ба бухрон дучор шаванд ва чои онхоро чахонбинии илми гирад.

Эшонхои ва муллохои мо моро ба асри дах ва торики бурдаистодаанд бо музокироташон ин худ Олимон ба ояндаи созанда нигаронанд ин бад.

Фикрхои рафик Ортумбеков вазир аз туйи усулу мантик меланганд. Ин бечора хамон китобчаро нахондааз руйи шунидааш бахо додааст. Ва бо собикаи тулонии комсомоли-коммунистиаш хостааст, ки фикрхояшро дар мачрои чомеаи "мардумсолори"-и демократи печонда баен кунад. Шакар ба тарозуи вазорат баркаш,Рафик Шамсиддин Ортумбеков

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)