Бахшҳо
20 ноя 2014 11:19Хабарҳои ҷаҳон

ВИДЕО: Сами Юсуф аввалин бор дар зодгоҳаш консерт медиҳад

Самӣ Юсуф, овозхони номовари ҷаҳони Ислом ҳамроҳ бо падараш - Бобаки Родмандеш барои нахустин бор дар шаҳри Теҳрон – пойтахти Эрон консерт медиҳад.

Хабаргузории эронии “Донишҷӯй” навиштааст, консерти ин овозхони шинохтаи ҷаҳони Ислом охирҳои моҳи январи соли 2015 дар Бурҷи милоди Теҳрон баргузор мешавад. Манбаъ мегӯяд, дар сурати ҳамкории муносиби Вазорати иршоди Эрон, баргузории консерти Самӣ Юсуф дар се шаҳри дигари ин кишвар дар назар аст. Хабаргузории эронии “Донишҷӯй” гуфтааст, то кунун ин сарояндаи шинохта дар кишварҳои зиёд, монанди Миср, Арабистони Саудӣ, Русия, Олмон, Испания ва Амрико консерт додааст ва ин нахустин консерти ӯ дар зодгоҳаш – Эрон ба шумор меравад.

Самӣ Юсуф бештар ба унвони хонандаи нашид маъруф аст. Нахустин маҷмӯаи таронаҳои ӯ бо номи “Al-Mu’allim” 11 сол қабл нашр гардид ва ба вай шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Самӣ Юсуф соли 1980 дар шаҳри Теҳрон дар хонаводаи озарбойҷониҳои муқими Эрон ба дунё омадааст. Баъди се сол оилаи онҳо ба Бритониё куч мебандад.

Ӯро маъруфтарин ситораи попи Ислом мегӯянд. Ду албоми аввали Самӣ Юсуф бо теъдоди беш аз якуним миллион нусха ба фурӯш рафта, таронаҳояш дар феҳрасти сершунавандатарин сурудҳо дар ҷаҳони Араб ва Туркия мақом гирифтаанд.

Самӣ Юсуф 7 октябри соли 2010 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ҳам консерт дода буд.

Таронаи муштараки Самӣ Юсуф ва Бобаки Родмандеш


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)