Бахшҳо

ВИДЕО: 13 соли зиндон барои марде, ки ҷиянашро бо зарби як мушт куштааст

Нурализода Сафар Маҷид, судяи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини 54-солаи пойтахтро дар куштори ҷиянаш муҷрим шинохта, ӯро барои 13 сол равонаи зиндон кард.

Қутбиддин Ятимов, сокини шаҳри Душанбе дар куштори Назрулло Ятимови 37-сола, писари бародараш муттаҳам мешавад. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Ятимов 14 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда, гуфт, аз 4 як ҳисаи ин ҳукм тибқи қонуни афв сабук шавад. Наздикони Назрулло аз ҳукми додгоҳ изҳори норизоӣ карда, онро “сабук” хонданд.



Тавре аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” хабар доданд, шоми 20 сентябри соли равон Қутбиддин ва писари бародараш – Назрулло дар назди шиносҳо ва ҳамосояҳояшон бар ивази 50 сомонӣ бо ҳам сабқати дастхобонӣ мекунанд ва аввалӣ мағлуб мешавад: “Қутбиддин оби ҷав нушида будааст ва ҷиянаш низ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Вақте ҷиянаш ду маротиба дасти амакашро мехобонад, одамони атроф ба Қутбиддин мегӯянд, “сину солат рафтааст, дигар қувваи ҷисмоният барои муҳориба намондааст”. Қутбуддин аз ин кор ба ғазаб омада, 48 сомонии бо худ доштаашро ба Назрулло медиҳад”.

Манбаъ меафзояд, Қутбиддин тахминан соатҳои 12:30- и ҳамон шаб назди манзили бародараш омада, Назруллоро “дар паст задани шаъну шарафаш назди одамони бегона” айбдор кардаву ӯро як мушт зада, аз он ҷо ғайб мезанад. Аз ин зарба ҷавон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҷасади ӯро субҳи 21 сентябр дар танкӯчаи назди хонаашон, воқеъ дар кӯчаи Заҳматободи пойтахт пайдо мекунанд.

Қутбиддин Ятимов аснои ироаи сухани охирини худ дар толори додгоҳ, аз додрас хоҳиш намуд, манзили истиқоматияшро ба номи ҳамсараш гузаронанд, то 3 фарзандаш дар кӯча намонанд.

ВИДЕОи сухани охирини Қутбиддин Ятимов дар толори додгоҳ


Мӯҳр
Ситора
120 сомони Чарима кунедаш Хеч кор накардааст ку Чиянашро куштааст Дар Чумхурии Точикистон Саг кадр дорад Одам кадр надорад Илтимосчоп кунед

Аличон
Гапа росташро гуфти апаи Ситора кадом руз Шуморо хам барои гапи Хакро гуфтан ба фикрам Мисли Зайд Саидов Сохибкори шинохта 26 сол хукм накунанд Ба ин Хукуматдорон Гапи Хакро Гуи Зиндони мешави

Ин Одамкушро акалан 20 сол Хукум кунанд Чунки ин шахс Гусфандро не Одамро куштааст Барои Одамкуши бояд Авф набошад илтимос чоп кунед


Хай хамин бечорая рангу хамун коргари Прократура аф кунан намешад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)