Бахшҳо

"Маҷнунҳо"-и муосир

Атохон ҒАНИЕВ

Ҷунун як навъ беморист ва мубталои онро “маҷнун” ё “девона” меноманд. Гирифтори ин беморӣ худ ба худ ҳар гуна сухан мегӯяд ва механдад ва амалҳое аз ӯ содир мешавад, ки хоси инсони солимақл нест.

Гуфтугӯи баланду садои хандаи қаҳқаҳаи духтаре дар як кӯчаи Душанбе таваҷҷуҳи роҳгузаронро ҷалб мекард. Духтар бе он ки ба касе таваҷҷуҳ кунад, гоҳе чунон баланд механдид ва гоҳе худро ба ин сӯ ва он сӯ такон дода баланд фарёд мезад. Ҳар касе аз дур рафтори духтарро мушоҳида мекард, шояд беихтиёр мегуфт: “Ҳайфи духтари барное! Бечораро шояд ҷин сироят карда бошад?” Аммо чун духтар наздик омад, маълум шуд, “ҷунун”-и ӯ на аз таъсири ҷин, балки телефони мобилӣ будааст ва фарёд задану хандаҳои баланду бемаънии ӯ таъсири тарбияи дуруст нагирифтанаш.

Аслан ин мушоҳидаи банда аст ва шояд хонандаи муҳтарам, рӯзе чанд маротиба чунин аҳволро шоҳид гардад. Гап сари он нест, ки истифодаи телефони мобилӣ дар кӯчаву хиёбонҳо нодуруст аст. Сухан сари масъалае меравад, ки мардуми мо одоби истифодаи телефони мобилиро намедонанд. Агар шумо ҳар рӯз ба воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор ё дарс ё меҳмонӣ меравед, ба хубӣ эҳсос мекунед, ки чӣ гуна ба таъбири як дӯсти олими мо “сокинони пойхтахт” аз телефонҳои мобилӣ истифода мекунанд. Ба дараҷае баъзе аз эшон беадабу тарбиятнодидаанд, ки ҳатто вақти суҳбат фаромӯш мекунанд, ки дохили нақлиёти ҷамъиятианд ва ғайри онҳо дигарон низ ҳузур доранд. Лафзи кӯчагию аз доираи адаб берун, нозу ишваҳои бемаънӣ, дашному ҳақоратҳои қабеҳ-ҷузъе аз ин “саҳнаи дилошӯб” аст.

Тарафи дигари масъала зарари воқеии моддию маънавӣ ва ҷисмонӣ ба худи истифодабарандагони телефонҳои мобилист. Мо дар ин маврид муфассал сухан намегӯем, аммо таъкиди як нукта бамаврид аст: исрофи вақт ва молу саломатӣ дар Ислом ҳаром буда, ҳар инсон барои вақти беҳуда зоеъкарда, пули бемаврид истифодабурда ва саломатии беасос аз даст додааш ҳатман посух мегӯяд.

Табиист, ки бо ин чанд сатр дарҳол вазъият ба куллӣ дигар намешаваду ҳама одоби истифодаи телефонро (ва зимнан одоб бо ин маҳдуд намешавад) ёд намегиранд ва ба қавли як мақоли тоҷикӣ “олам гулистон” намешавад, аммо навмед ҳам нестем. Умедвор мешавем, оҳиста-оҳиста чун дигар мушкилоти ҷомеа ин мушкил низ ҳал мешавад.
Ҳамин тавр не, дӯстон?
Мӯҳр
87
Хама сархуй шудаги як кишри чомеъа аз хисоби пули бедарди миену бурун аз андозбанди фарзандони худро чунон чунун кардаги ки хисобаш гум.Хусусан дар пойтахт ки ба як кишлоки калон монанд аст мухити ахлоки тамоман костааст кариб ки хурмату эхтиром намон дааст.

Dust
Hazor rahmat baroi makolai navistaat. Suhanhoyat durust meboshad. Mo har ruz ehsos mekunem va dar daravu kuchahoi Dushanbe mebinem in manzararo. Agar iloj boshad yak makolai digar baroi odamone ki dashnomhoi kabeh medihand navised. Tashakur.

Дарди миллат.
Дарди ман аз дарди миллат,
Дарди миллат, дарди ғафлат,
Ҷо ба мағзаш шуд ҷароҳат,
Ӯ намехоҳад табобат.
Душмани худ, душмани хеш,
Дур аз меҳру рафоқат,
Бесаводи, номуроди,
Дур шуд аз мо садоқат,
Дар сарои бесароён,
Дар қатори бенавоён,
Нораво бар мо раво шуд,
Шуд раво аз норавоён,
Туркхуи, тундруи, тундгуи,
Пеша карданд порсоён,
Он расое, ки расо бӯд,
Он ҳавояш, ки сафо бӯд,
Ман з-у будам, ӯ зи мо бӯд,
Ӯ ҳамонест, порсо бӯд,
Бар ӯ мегуи чиҳо шӯд?
Аз замири хеш ҷудо шӯд,
Дар ғарибиҳо фидо шӯд,
Бевафо шӯд,
Бенаво шӯд,
Бе саро шӯд,
Бе садо шӯд,
Нораво шӯд,
Нораво шӯд.

(Шаҳоб Ҳикмат)

Нозир
мухтарам кормандони Озодагон ин шармандашеърро аз коментхоятон гирифта партоед буи ганди шурави бар димогам зад дилам тоза шурида рафт.. бандаи фарчу шикам будан хуи узбаку араб буд ва афсус ки ба бархеи мо сироят кард ягон панфлет ё фелетоне дар мавзуи фарч,и беназорат ва дахони пур аз хакорати баъзе аз шахрвандони мо навишта пешкаши хонанда кунед

било
акидаатон дуруст аст чунин як сахнахо факат дар Точикистони мо аст лекин агар хамватанони мо авал ба худашон ва баъд ба ватанашон ехтиром гузоранд баъди хондани матни шумо хатман ислох мешаванд


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)