Бахшҳо

Муҳоҷирони “Роғун”: Дар сармо моро аз хонаҳоямон ронда истодаанд! (ВИДЕО)

Гуруҳе аз оилаҳои муҳоҷир, ки аз маҳаллаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба ҷамоати “Роҳатӣ”-и ноҳияи Рӯдакӣ бояд кӯчонда шаванд, аз он изҳори норизоӣ мекунанд, ки масъулин дар ҷои нав шароитро фароҳам накарда, онҳоро аз иқоматгоҳи пешиашон дар фасли сармо ронда истодаанд.

Маҳмадӣ Кабутов, сокини деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод мегӯяд, раҳбарияти ноҳия қариб ҳар рӯз омада оилаашонро маҷбур дорад, ки ҳар чӣ зудтар ба ҷои нав кӯч банданд: “Аммо хонаҳои навсохт ҳанӯз омода нестанд. Дару тиреза надоранд. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш дорем, ки ҳадди ақал то баҳор муҳлат диҳанд, чун хонаҳои нав барои зиндагӣ дар фасли зимистон омода нестанд.”

Кабутов афзуд, ки “дар як оилаи калон шаш хоҷаги зиндагӣ мекардем, маблағи ҷудокардаашон барои сохтмони шаш хоҷагӣ 260 ҳазор сомонӣ буд, ки ин барои сохтмони манзил ба шаш хоҷагӣ хеле ночиз аст. Хонаҳоро танҳо пӯшонидем вале таъмир нодидааст. Аз ҳукумат хоҳиш мекунем, ки барои таъмири хонаҳо ба мо ё маблағ ва ё масолеҳи сохтмонӣ кӯмак кунад.”

Ба гуфтаи ин сокини Нуробод дар минтақае, ки онҳоро ҷой кардаанд на ҷойи гаштугузори кӯдакон ҳасту на обу барқ: “Аммо то ҳол ягон масъул ҷои навамонро хабар нагирифтааст. На аз ноҳияи Нуробод ва на аз ҳукумат аз ҳоли мо хабар нагирифтаанд, ки дар чӣ шароит зиндагӣ дорем”.

Забеҳулло Эшонов, сардори умури муҳоҷирати ноҳияи Нуробод ҷой доштани мушкилоти обу барқро таъйид карда, афзуд, “масъули об, ки худ аз деҳаи Чорсада мебошад ба кӯчондани хонаводааш машғул буд ва бо ҳамин сабаб ҳамагӣ 10 ё 15 рӯз об нашудааст, мушкили барқ бошад ба наздикӣ ҳали худро меёбад.”

Аммо Саъдӣ Кабутов, як муҳоҷиршудаи дигар мегӯяд аз 30 сентябр ин ҷониб оби нушокӣ қатъ шудааст ва онҳо оби нӯшокиро аз ҳамсояашон, ки алоҳида аз дигар ҷой об кашидааст мегиранд: “Он ҳам тавассути барқ дастрас мешавад. Барқро бошад дар як шабонарӯз ҳамагӣ чор соат медиҳанд.”

Дар ҳамин шароит ин нафар низ муҳоҷират дар фасли зимистонро номумкин хонд: “Барои зимистонгузаронӣ умуман захираи сузишворӣ надорем. Масъулини дирексияи Роғун ҳафтаи гузашта дар маҷлис қайд карданд, ки мушкили барқро ҳал мекунем. Агар ин мушкил ҳал шавад аз плиткаҳои барқӣ истифода мекунем ва агар на ангишт бо нархи арзон ёфтем, мехарем”.

Сокини дигари деҳаи Чорсада, Суҳбатулло низ аз он мегӯяд, ки хонаҳои наваш барои зимистонгузаронӣ омода нестанд ва аз масъулин хост, ҳадди ақал то фасли баҳор муҳлат диҳанд: “Мо дар он ҷо истоданӣ нестем, аммо шароити моро ҳам бояд бифаҳманд, ақалан то баҳор бароямон муҳлат ва қарзҳои имтиёзнок диҳанд хонаҳоро обод карда мекӯчем”.

Аммо Зебеҳулло Эшонов, сардори бахши муҳоҷирати ноҳияи Нуробод таъхири муҳоҷирати оилаҳоро аз Чорсада ғайриимкон хонд, зеро ба гуфтаи ӯ аз 148 хоҷагии ин маҳалла алакай 132 тоашон муҳоҷир шудаанд, мактабу бунгоҳи тиббӣ кор намекунанд ва агар кӯч набанданд, фарзандони онҳо дур аз таълим мемонанд.

Деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод дар қатори чанд деҳаи дигар бо сабаби дар минтақаи зериобии Роғун ҷой доштанашон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи 2009, №47 «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерўгоҳи барқи обии Роғун кўчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод» ба мавзеи Теппаи Самарқандӣ муҳоҷир карда шудаанд.


Мӯҳр
ватаншо
Биёед эй мардум Рогунро бисозем бо чи азобе набошад хатман куч бандед вагарна душмани миллатед як бор ба сарамон омада буд модари миллат бо ном даъвои кабри падар кард чанд сол азобро тамоми миллат мекашад

Muslim
Худовандо оқибаташонро ба хайр бигардон....

Нодон
Ман нафаҳмидам, барои шаш хоҷагӣ 260 ҳазор сомонӣ, грубо говоря, ба курси ҳамон рӯзу шаба 56 ҳазор доллар ҷудо карда будаст ҳукумат. Ба сари ҳар хоҷагӣ қариб нуҳуним ҳазор долларӣ мерасад. Дар ин маблағ озод мешавад, ки як хонаи чаҳорҳуҷраӣ бисозӣ.
Ин мардум серӣ надора, тавба кардам!!
Ҳамон сумора гирифта, ҳукумат хона медохт арзонтараш меафтид.
Ин одамо ҳамаш дасисабозанд!! Мардуми чашмгурусна.

Агар 10% аз суми чудо шудаи солона барои хамин дехахои зери об мемондаги сарф шавад хама хуб хуб мешудагист? Агар хиенаткори нашавад.

Мухтарам Кабутов, то имруз дар як оила шаш хочаги зиндаги кардед, шуд. Ба маблаги 260 хазор сомони, ки муодил ба 50 хазор доллал аст, мисли хонаи шумо (похсадевор) дахто сохтан мумкин. Хукумат вазифадор нест, ки шаш хочагии шуморо шаш хона дихад. Дар Рудаки хам як хавлии калон барои шумо кифоя. Чи мехохед, ки аз хисоби мухочират ба чои як хавли 6 хавли дошта бошед. Ягар хамин нозу нузи номардонаи шумо намешуд мо 30 сол пеш рогунро сохта будем, афсус...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)