Бахшҳо

Муроҷиати Муқимов барои кор ва шарти раиси “Сафина”

Лутфулло Давлат, раиси муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина”, имрӯз, 7 январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе эълон кард, расман Талабшоҳ Муқимов, яке аз барандаҳои ин шабакаро аз кор озод кардааст.

Лутфулло Давлат дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ба далели ҳозир нашудани Талабшоҳ Муқимов ба кор ӯро аз кор озод намудааст: “Машғули наворбардориҳои филмаш будааст ва натавонист тайи се моҳ ба кор биёяд. Дар ҳоле, ки як вақтҳо танҳо барои се соат ҳозир нашудан одамонро аз кор озод мекарданд. Ахиран мо ҳам расман озодаш кардем.”

Раиси телевизиони “Сафина” илова намуд, Муқимов ахиран боз ба ин шабака муроҷиат карда, хоҳиши кор намудааст. Раҳбарияти “Сафина” гуфт, ба ӯ шарт гузоштаанд, ки агар лоиҳаи наверо пешниҳод кунад, метавонад дубора дар “Сафина” фаъолият кунад: “Як лоиҳаро пешниҳод кард, ки бо ҷалби донишҷӯёни донишгоҳҳо бояд роҳандозӣ мешуд. Ба барномаи “Бустон” монанд буд, аммо он қабул нагардид. Агар ягон лоиҳаи дигаре пешниҳод созад, метавонад кор кунад.”

Талабшоҳ Муқимов аз барандаҳои маъруфи “Сафина” буда, барномаҳои “Мумтоз”, “Паймон” ва чанди дигарро таҳия кардааст. Ӯ ҳамчунин дар соҳаи истеҳсоли филм низ фаъолият кардааст. “Беҳуда хорам мекунӣ” яке аз онҳост, ки ба интиқоди зиёди мунақидони синамо рӯбарӯ шуд.
Мӯҳр
Талабгор
Талабшоя бехуда хору зор накунед. Ба у имконият ва чанс бояд дод, то ки кобилияташро сайкал дихад.

Тароша
Рост меги Озодагон. Талабшоҳ Муқимов ҳамиқа машҳурай ки ҳатто одамхурҳои Африка ҳам балелшики ваянд ))

хакикатгуй
хазорон истеъдодхо бе чои кор хастанд. талабшох аз онхо бехтару болотар нест, ки ин кадар реклама мешавад. вай як корманди мукарари аст. хар каси дигар хам аз у бехтар баранда мешавад.

точдор
Талабшо як маслихат: бигу ки агар корам надодед рафта дар ХНИТ кор мекунам, зуд кабулат мекунанд.

ю
Рафти, мардакча барин рафтан гир. Боз чи обратна омада сари хамаро гаранг мекуни? Давай до свидания!

Озодагон !!! Шумо бо Талабшох ягон доду гирифт доред ???? Хар бор аз у ситораи осмони месозед: СИТОРИ МАЪРУФИ ТЕЛЕВИЗИОН, БАРАНДАИ МАЪРУФИ ТВ САФИНА, КОРГАРДОНИ МАЪРУФ!!!!Айба намедонед? На хурдагири ва на бахили! Аммо барои касе пушида нест, ки филмхои Талабшох Мукимов дар асл, маъние надоранд! Ба гайр аз занхои хонашин дигар диккати касеро чалб намекунанд! Кани маъни ? Кани номус ! Кани касбият ???
Озодагоне , гофиле бо чопш накуни, бо дар хаки шумо баъд дар хаки Мукимов яке "УБОЛ" нашава...

Дуруст кардааст Л.Давлатов.дар Сафина журналистони боистеьдод кам нестанд.Барномахои солинавии гурухи эчодии Сафина хело чолиб буданд.

Дуруст кардааст Л.Давлатов.дар Сафина журналистони боистеьдод кам нестанд.Барномахои солинавии гурухи эчодии Сафина хело чолиб буданд.

Ин хабар тамоман нодуруст аст. Зеро дар нишасти хабари твс дар бораи аз кор рафтану нарафтани Талабшох сухане гуфта нашуда буд. Лутфан хохиш дуруг нагеед " Озодагон" . Бисер сайти шуморо мехондам акнун фахмидамки матлабхои шумо баъзан дургам чоп мешудаанд. Айбай бахудо айб .... Лутфан Озодагон чоп кунед....

Боврар кунед ягона пжурналисти зодандешу хам зеби телевизон босавод филамхояшро нкцамегукенд интизорихо мекашидем ки кай серияи наваш мебарояд илтимос бахили накунед чиавони боистеъдод арст мануро дар. Тв мебчиаму тамОшо мекунам илтимос неш назанед озодагон хохиш мекунам !

Бехтарин барномахои солинави!Шабакаи аввал ед гиред.Накши дасти Ш.СУЛАЙМОН барьало намоен аст.Офарин!

Азим
Аз як барандаи нимсавод чи сохтан мехохед????

Салом ба кулли хонандагони ин сомона! Аз кулли хонандагон хохиш мекунам, ки гапхои бе сару садои дуругин нанависед.Як назар кунед ба хатхои худатон ки хатто аксарият (узр ба изати нафси касе расидани нестам, лекин мачбур шудам ки гапи хакро гуям) дуруст навишта наметавонед...Пас Шумо як касе, ки алакай мухлиси худашро дораду дар байни мардум эхтиром дорад, хаки тахкир кардани уро надоред.Талабшо бисёр бачаи чолоку чакон, ухдабаро, дилёбу корбудкун ва хушсимову хушсадо аст, ки талаботи асосии сохаи ВАО хамин асту халос...Дар давраи донишчуй хатто ёд дорам, ки устод Саъдулоев хамеша мегуфт.. "Журналисти хакики ки шудан хохед, мабодо хар кучое ки бошеду кору фаъолият кунед аз дар ки пешатон карданд, хатман аз тиреза дароед, мана мисли Талабшо" ....Хама ин гапхо як рашк аст, як бахели аст нисбати ин бача...У аллакай чойи худро дар чомеа, дар ВАО ёфтааст, ки касе дигар инро инкор карда наметавонад...Хубтараш худатонро гунахгор накунед...Худо хофиз...

Дар назди конун хама баробаранд. Дар асоси моддаи 46 Кодекси мехнати шартномаро бекор кардани Давлатов Л. дуруст аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)