Баҳси маъракаи “Ҳаҷ-2015” дар суҳбати Азим Иброҳим бо вазири ҳаҷҷи Саудӣ
Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Арабистони Саудӣ бо Бандар ибни Муҳаммад Ҳаҷҷор, вазири ҳаҷҷи ин кишвар мулоқот кардааст.
Тавре расонаҳои саудӣ хабар медиҳанд, вохӯрии оқои Иброҳим бо Ибни Муҳаммад Ҳаҷҷор рӯзи 28 январ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, дар ин мулоқот, ҷонибҳо масоили марбут ба маросими “Ҳаҷ-2015”, аз ҷумла иштирок, макони иқомату интиқоли зоирини тоҷик дар ин маъракаро баррасӣ кардаанд.
Муовини сарвазири Тоҷикистон дар навбати худ аз номи сокинони кишвар дар робита ба даргузашти Абдуллоҳ ибни Абдулазиз - шашумин шоҳи Арабистони Саудӣ ба вазири ҳаҷҷи ин кишвар ибрози тасаллият намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |