Бахшҳо

ПРЕЗИДЕНТ: Ҷиянамро ҳам ҷазо диҳед, ҳама баробаранд (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амният, дар суҳбатҳои будуни коғазаш аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сӯиистифода аз номи Президент нигаронӣ карда, ба интихоби нодурусти кадрҳо ва исрофи маблағҳо дар Бонки миллии кишвар ишора кардааст.

Раисҷумҳур аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ҳатто агар хешовандони ӯ низ даст ба ҷиноят зананд, алайҳашон чораандешӣ шавад: “Ҳатто аз номи президент низ сӯистифода мекунанд. Ҷияни ман ҳам бошад, баред назди қонун ҷавоб гӯяд. Қонун барои ҳама як ҳаст.”

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, баъзан худхоҳӣ ва манфиатталабии худи кормандони ҳифзи ҳуқуқу мансабдорони давлатӣ боиси ноором гардидани вазъ дар ҷомеаи ором мешавад: “Баъзан дар ҷои холию ором ва аъзои ҷомеаи ором ҳам корманди низомӣ, хидматчиён, милитсия, коррупсия, додситонӣ ва кормандони дигар проблемма эҷод мекунанд. Барои як касофате, ки манфиатҳои худро аз манфиати миллӣ боло гузоштааст. Ин гуна ҳолатҳо ҳаст, шумо худ хуб медонед. Солҳое, ки мо сардори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Истаравшан ё Раёсати умури дохилии Суғд мондем, мардуми ороми вилоятро ноором карданд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа бештар аз ғайримақсаднок истифода шудани маблағи буҷаи давлат ва интихоби нодурусти кадрҳо нигаронӣ кардааст. Ба қавли ӯ, дар масъалаи шеваи интихоби кадрҳо бояд таҷдиди назар шавад: “Механизми қабул кардани кадрҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ин масъаларо бояд аз сари нав дида бароем. Тоҷикистон як кишвари хурд аст, агар саҳифаро варақ занем, ҳамаи мо якем, хиёнат кардед ба кӣ мекунед? Ба худ! Ҷиноят чизе аст, ки номи давлату кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст мекунад.”

Раисиҷумҳур инчунин аз фаъолияти Бонки Миллӣ ва раҳбарияти он ба шиддат танқид намуда, гуфтааст, ҳар тавре хостаанд, маблағи ин ниҳодро истифода кардаанд: “Вақте Палатаи ҳисоб фаъолияти Бонки миллиро санҷиш гузаронид, бонк ягон ҳисобу китоби хоҷагидорӣ надорад. Чи хеле хостанд, амал карданд. Бархе аз муовинҳо миллион барои қарзи чизе гуфта гирифтаанд. Бигир хона хар, хона харидааст. Мошин 100 ҳазор аст, 150 ҳазор ба қайд гирифтаанд. Ҳар сол бояд тафтиш шавад.”

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 17 феврал баргузор гардид, ки дар он асосан масоили марбут ба фасодзадагӣ баррасӣ шуд.


ВИДЕОИ ҷаласаи Шӯрои амният:

Мӯҳр
ы
Пеш аз хама бачаи Хукумовро чазо дихед, баъд ба ин гапхо бовар мекунем.

Интихобот
дар кучо кадри боинсоф доред ки хиёнат накунад. Инсонро имони комил ба Худо намегузорад ки хиёнат кунад, вакте худоношиносхои дуздро дар хамачо ба кор мегиред натичааш бадтар аз ине ки холо додувой доред мешавад.

АГАР ДОДАРАРУСАТОН БОШАД ЧИ???

Бузургмехр
Агар хохем, ки корркпсия решакан карда шавад, бояд аз бахри интихоби кадрхоь аз як махал гузарем. Бехраташ кадрхои масъулро аз вилоятхои Сугду Бадахшон интихоб кунем, зеро онхо хам донишманданду хам боинсоф

Аз маълумотхои ба Сардори давлат додаи ин сохторхо, ман як чизро нафахмидам, ки дар холати ин маблагхои муайян кардаи хамаи онхоро хисоб кунем кариб 50 фоизи даромади бучаро аз хисоби андозхои дохили ташкил медихад, хол он ки хамаи ин маблагхоро дар санчишхои якчоя муайян кардаанду, вале хар сохтор дар алохидаги як ракамро мегуяд.

ГАП САРИ ОН КИ АГАР БА МАКОМОТ ГУЯНД КИ ГУНАХКОР ХЕШИ ШУМОСТ, ИН МАКОМОТИ ЛАГАНБАРДОР ГУНАХКОРРО САФЕДУ ЧАБРДИДАРО СИЕХ МЕКУНАНД.

Сухроб
Наход ки то хамин вакта хамин гапхора гуфтан мумкин набуд? Е ин ки интихобот наздик шуда истодааст...

хисрав аз ш.Кулоб
Мухтарам Чаноби Оли аз шумо як илтимоси шахрванди хамин кумитаи андозро як фармон медодед аз тахти дил тафтиш мекардед бар манфият халк ва давлат нагз мешуд кумитаи андоз ба фикри ман корхояш гайри конуни бисьёр дорад илтимоси маро иншооллох ба инобат мегиред факат бовариямон бар шумо мондаст Чаноби Оли сарбаланду хонаобод бошед хизбам ХХДТ

Баъзеятон бовар кунед бисёр мардуми пастен ки ба Рохбари Давлат чунин гапхо мезанед, Ин мард инкадар хизмат мекунад
шумо баназар намегиреду ношукри мекунед, хаст дар хукумат одамоне ки ба Халк ба Рохбари Давлат хиёнат мекунад, лекин ба вакту соаташ чавоб мегуяд чантаашро хамаамон дидем ба чавобгари кашида шудаанд.Аллохи Мехрубон Рохбарони давлати моро имону инсофашонро зиёда гардонад,сарбаланду хонаобод бошанд, дар касбу корашон баракат бошад,барори кор Рохбари Давлати азизамон Точикистон.

Якумаш,,,писари Хукумов бояд чазояшро мегирифт,,дар соати 2_и шаб писар дар берун мегардад падараш намепурсад ки дар кучост,,,е ин ки конуни баровардагиатон Барои хукуматдорхо нест???карупсия бояд хозир додараруси президентро хам ба конуншиканиаш дар назди конун ба чавобгари кашида шавад,,,,Барои чи президент мегуяд ки конун Барои хама як АСТ,,,,агар як бошад ,,,карупсия кор кунед,,,,
[right][/right]

Чаноб чи хуб мешуд авал хешу табората айбошона гуфта аз вазифа озодшон мекардед? Чунки бовари мардумда медаромадед!! Соли 2009 хаминчунин чаласа Барпо кардабудед окибаташа дидем. Дигар боварии мардумда намондаед!!!!

аз кай боз конун барои хама як шудаст дар точикистон

Ч.О. афсус ки назорат нест. як бор аз чаноби Зокиров пурсидед ки заминхое ки барои худи коркунони амният чудо кардед кучо шуд??? кариб хамаи мухофизатчиёне, ки Шуморо мухофизат мекунанд дар ичора нишастаанд. вале заминхо обу лой шудаги.

озодагон барои чи суханони маро чоп намекунед.

афсус,
Аз 16 феврал то 1 март

Талошхои ХНИТ ва устод Кабири натича дода истодааст!
Иммунитети системаро бехбуд бахшида аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)