Бахшҳо

Мансабдорон ба Эмомалӣ Раҳмон боз хиёнат мекунанд?

Иршод СУЛАЙМОНӢ, рӯзноманигор

Аз он чӣ Эмомалӣ Раҳмон 17-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар гуфт ва аз фаъолияти роҳбарони аввал ва кормандону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шадидан интиқод намуд, як хулоса ба зеҳн меояд. Ин интиқодот аз ҷониби ҳар рӯшанфикр, коршинос ва ё рӯзноманигоре дар расонаҳо садо медод, мақомот агар нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз намекарданд, ҳатман хоини миллату Ватан ё дастнишондаи хоҷагони хориҷияш мехонданд. Хушо ба ҳоли ҷаноби президент, ки пешаш дасти мақомот кӯтоҳ аст ва барои интиқодоташ хоини Ватан эълон намешавад.

Аллома Аҳмади Дониш дар бораи як вазири ҳукумати Манғитиҳо гуфта буд: “Агар вазир бетадбир бошад ба ҳоли миллату давлат бояд гирист”. Интиқоде, ки ҷаноби Раҳмон аз вазирони ҳукуматаш кард, моро ба ёди ин гуфтаи ҷононаи Аҳмади Дониш мебарад ва мегуйем, ки дуруст гуфтааст. Э. Раҳмон дар Шӯрои амният бо овардани омори таҳлилӣ эътироф кард, ки вазирон, шахсони мансабдор, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни давлатӣ, идораю кумитаи замин ва дигар мансабдорон камтар аз дигар шаҳрвандон дуздӣ накардаву ба буҷаи давлат зарари молӣ расондаанд. Баъди чунин фошкориҳои ҷаноби президент касе, ки мафкураи солим дорад, ҳатман ба ин андеша мувофиқ мебошад: “Курсӣ ба инҳо василае барои дуздӣ, тасарруфи маблағҳои давлат ва сӯиистифода аз он аст”.

То имрӯз интиқодгарони ҳукумат ҳамеша мавриди таъқиб, фишорҳои равонии ошкору ниҳонии мақомот қарор мегиранд. Фақат барои як кор. Ифшои камбудии онҳо пеши мардум. Ошкор кардани чеҳра ва ҳайсияти нолоиқи онҳо ба мансабҳое, ки инҳисор кардаанд. Барои ошкор кардани ин, ки кори худро дурусттар иҷро кунед ва ё мансабро ба каси аз худ сазовортар вогузоред. Дар ҷомеаи солим аз ин суханҳо бояд истиқбол шавад, на ин ки хиёнаткор биҷӯем.

Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансабдорон гуфт, ки шумо “ҳазорҳо нафарро аз сиёсати давлату ҳукумат норозӣ мекунед”, “дар ҷойи холӣ, дар ҷомеа ва авзои ором кормандони низомӣ, коррупсия, милитсия ва прократура ва дигар хизматчиён барои як касофате, ки манфиати шахсияшро аз манфиати давлат боло гузоштааст проблема мекунед, бо рафтори ғайриинсонии худ мардумро ба по мехезонед” (ишора ба сардори собиқи ШВКД-и шаҳри Истаравшан). Айнан айберо, ки мақомот иҷборан мехоҳанд ба мунтақидон, мухолифин ва баъзе аҳзоби сиёсӣ бичаспонанд. Аз ин як хулоса метавон кард: Президент ба ин назар аст, ки ба мардум беҳуда зулм накунед, ки косаи сабри миллат як рӯз лабрез мешавад!

Далелу арқоме, ки Президент аз камбудии роҳбарон дар мудирияти ниҳодҳояшон ва дуздиҳову сирқату истифодабарии нодурусти маблағҳои буҷавӣ ошкор кард, бояд ин мансабдоронро во медошт, ки даст дар сина гирифта, мегуфтанд: Мо дуруст кор кардан наметавонем. Бонки миллӣ дар замони “салтанат”-и Муродалӣ Алимардонов низ ва ҳоло ҳам пули давлатро ғорат мекунад, аммо роҳбарон ҷазо намебинанд. Як духтур ва як муаллим, ки тамоми сол шабу рӯз ришвахорӣ кунанд, ба андозаи 15 миллион сомонӣ зарари Бонки миллӣ намешавад. Ин ду боздошт мешаванду аз Бонки миллӣ, ки ба гуфтаи президент “ягон ҳисобу китоби хоҷагидорӣ надорад” касе не. Вақте президент медонад, ки як шуъба 1 ё 1,5 миллиард сомонӣ масраф дошта, аммо ниҳодҳои масъул дар ин бора намедонанд ё дақиқтараш “хап” мекунанд.

Президент ба Абдуфаттоҳи Ғоиб, директори Оҷонсии зидди фасод гуфт, ки “камбудиҳо бениҳоят зиёд аст, дар 5 сол бештар аз 300 нафар, қариб 80%-и коргарон иваз шудаанд. Барои чӣ иваз шудаанд? Ҳамин 300 нафар ба камбудӣ роҳ додаанд (агар президент мегуфтанд, ки кадом камбудӣ, хубтар мешуд), механизми интихоби кадрҳо ба талабот ҷавобгӯй нест. Ин ҷинояте ҳаст, ки (фасод ва ба фасод даст задани кормандон дар назар аст) дар арсаи байналмиллалӣ бениҳоят обрӯйи давлата коста мекунад. Аз номи президент истифода мебаранд, аз номи ҷияни президент истифода мебаранд. Баред маҳбас кунед, назди қонун ҳама як аст. Рости гап, ман на он қадар аз фаъолияти Шумо қаноатманд ҳастам”. Ин як нуқтаназари коршиносонаи ҷаноби Президент буд.

Бо ин ки президент намехоҳад муовинони прокурори генералӣ дигар сари мансаб бошанд ва вазири дохила бояд ҳузури мардум биравад ва ба ҳар мансабдори сатҳи аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, ки “агар хиёнат кардед, бозор кардед, огоҳ мекунам, даҳ унвони қаҳрамонӣ дошта бошед, назди қонун ҷавоб медиҳед, ягон бахшиш намешавад”, инро бояд ҷиддӣ гирифт. Агар президент онҳоро хоин нагуфт, вале дар забони тоҷикӣ ибораи “агар хиёнат кардед” хитоб ба хиёнати дубора аст.

Вақте президент бо хитоб ба роҳбарони сатҳи аввал гуфтанд, ки “маошотон бад нест, боз аз аввали сентябр баланд мешавад, ҳамин хел не?” ва онҳо бо аломати “ҳа” сар ҷумбонданд, маро ҳайрон кард. Ин ба он маъно буд, ки онҳо аз сатҳи маоши худ қонеъанд ва даст ба фасод намезананд. Вале агар мансабдоре, ки дар Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби маошаш зиндагӣ мекунад, пайдо шавад, баъди Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум сазовортарини шахс ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

Мардуми кишвар мунтазир ҳастанд, ки мансабдорони нолоиқ, ки муъҷиби бадбахтии шаҳрвандон ва ақибрафти давлату миллатанд барои ҳар як амал пеши миллат посух бигӯянд. Агар президент чунин вазирону кабиронро намехоҳад мардум ҳам намехоҳанд. Пас мақомот ба ин интиқодоти президент чӣ посух доранд? Оё боз хиёнат мекунанд?
Мӯҳр
Cалом бародари азиз. Харчи навишта кардед айни муддао ва кобили мулохиза аст. Аммо, танхо чизе, ки бояд аз ин мулокот бардошт кард ин аст ки дар пеш маъракаи интихобот аст ва хамаи ин мазхака ба хотири ин маърака аст на чизе бешу кам. Бо ин чаласахову сахтгуихову гиру нагирхо танхо ва танхо мехоханд зехни мардумро гич кунанду баранд пояи сандуки раъй то барои 5 соли дигар ба хизбу номзадхои мавриди назарашон хакки эътимод гиранд. Инро ба ибораи дигар политтехнология мегуянд, ки давоми "Лахзахои гуворост":
- Тагйири вакти ироаи Паёми Президент;
- Аз вазифа сабукдуш кардани Прокурори генерали;
- Пешниходи номзадхои "чавон" аз руйхати хизби;
- Аз вазифа сабукдуш кардани масъулини Прокуратура;
- То пас аз интихобот мавкуф гузоштани мухокимаи парвандаи З.Саидов;
- ....

Карими Аъзам
Президенти мухтарами мо бояд, ки як тахлили чиддиро руи даст гирифта хамин блоки макомоти хифзи хукукро тоза бояд кунад, дар вазифаи раису вазири ин ниходхо чавонони ватандуст, миллатпарвар ва асос точику симои миллидоштаро таъин кунад, ман бовари дорам, ки шахомати ватандори ва пояхои вахдати милли устувору кави мегардад. Агар як шахси ноарзанда дуру дароз дар вазифа нигох дошта шавад, аввалан дилбазану шумру мегардад ва баъдан аз худ рафта боиси сар задани коррупсия ва гурухбози мешавад. Кадом мансабдоре, ки зиёд лагандбардори мекунад, ин аломати заъифи ва ноухдабароии уст ва бо ин васила мехохад, ки мавкеи бешарафонаи худро дар зери чатри президент пинхон кунад.

Факир
Бародар! Офарин хакикат хамин аст, ки мегуи.Агар тамоми гуфтахо риоя шаванд давлати хурдакаки мо дар як кутохтарин муддат чои аввалинро ишгол мекунад. Локин хайхот он чохе (горе), ки онхо кандаанд харчанд пур кунанд пур намешаванд. Кош хамаи гуфтаи чаноб амали шаванд, э кош суду прокурор андозу чангандоз аз руи адолат кор мекарданд...

мухочир
Аз чаноби оли хохишмекардамки азои КГБрохом як тафтишмекард ман аник медонам ки аз хорич фармон мегирад пулхои зиед мегирад ман худам азои кгб будам

Хастан одамоне ки хиёнат мекунанд, эй кош хамааш монанди Рохбари Давлат хизмат мекарданд Точикистони азизи мо гулгулшукуфон мешуд, ИншоАллох хамааш хуб мешавад Аллохи Мехрубон барори кор дихад ба Рохбарони Давлат омин.

чинди
"Аз он чӣ Эмомалӣ Раҳмон 17-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар гуфт ва аз фаъолияти роҳбарони аввал ва кормандону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шадидан интиқод намуд, як хулоса ба зеҳн меояд. Ин интиқодот аз ҷониби ҳар рӯшанфикр, коршинос ва ё рӯзноманигоре дар расонаҳо садо медод, мақомот агар нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз намекарданд, ҳатман хоини миллату Ватан ё дастнишондаи хоҷагони хориҷияш мехонданд..."
БАЛЕ САД ДАР САД ЧУНИН АСТ!

Изхор
Салом бародарон! Рости дируз баъди тамошои чаласа дубора дилам ба зиндаги гарм шуд. Фарзанди дилсузи миллат хамеша дарди миллатро дарк мекунад ва барои ободии механ кушиш мекунад. Рости дируз масъалахое барраси шуданд, ки барои ман гайри чашмдошт буд ва масъалаи корупсия вокеан дар Точикистон як масъалаи мухим ба хисоб меравад. Холо хам бародарон сари вакт аст мо бояд якдилона дар пахлуи президент поквичдонона барои нест кардани ин зухуроти нанговари номатлуб саф занем. Агар имруз пешгири накунем ва ин хамчун одат ба насли наврас сироят кунад окибат дер мешавад. Бародарон алакай вакте кудакро мегуи ки бачам хон чавоб медихад, ки хони хам бе пул донишчу намешави, бе пул чои кор намеёби ин бе шак таъсири ана хамин ришвахорихо аст, ки таъсири худро гузоштааст. Бори дигар ба президенти мухтарам ташаккури худро мерасонам ва гуфтани хастам ки чавонони дилсузи ватан кам нестанд. Агар ин нафарони нав ба кор кабулшуда дилсузона ба модар ватан хизмат кунанд хеч гох халқ неки ва хизмати онхоро фаромуш намекунад. Бо хама инсоф ва адолат таманно дорам!!!!!!!!!!! мухочир,

Ba Irshod
мухочир,
Pesh az hama, on maglage ki az tarafi hukumat gorat shuda istodasdt, az khudi hukumat nest. on mablagi andozu az aholi sitonida shda, moli mardumi tojik ast, moli millati tojik ast! hukumat yagon pul nadorad, korash faqat nestu nobud kardani millat ast.

Генпуркурор
Хамин прокурори нав худаш Камтар тагаша кобанд хамааш мебарояд, аммо холо нав таъин шудааст касе намерасадаш. Панч сол пас, вакте ки аз вазифа сабукдушаш карданд бубинед чи гапхо дар хакаш мегуянд. Ин як чархофалак аст

Асрор
Хамин гапхоро кадом вакт Додочон Атоулло низ гуфта буд

Мухочир
Эй мардуми Истаравшан чи ба ин хама хам Кабири Ва ХНИТ гунахкор аст, чи Кабири хамаи инхоро вазифа дода буд.

Дуруст кайт карди бародар,чуноне,ки Президенти Кишвар кайт намуданд аз бадкорихо ва ришвахурихои базе кормандони давлати дуруст аст, ин фирка одамон дар чомеай мо кам нестанд, онхо барои нафси худ ба чи корхое даст намезананд, ва ин ба монанди як бемориест ки дархол авч мегираду солхо давом мекунад, мо холо ба ин бемори гирифторем, ва ман бовари дорам ин бемори дармони худро меебад, дар охир бо камоли майл барои бародарон хушбахти ва дар корхои давлатдориашон мувафакиятхои беназирро орзумандам.

Дуруст кайт карди бародар,чуноне,ки Президенти Кишвар кайт намуданд аз бадкорихо ва ришвахурихои базе кормандони давлати дуруст аст, ин фирка одамон дар чомеай мо кам нестанд, онхо барои нафси худ ба чи корхое даст намезананд, ва ин ба монанди як бемориест ки дархол авч мегираду солхо давом мекунад, мо холо ба ин бемори гирифторем, ва ман бовари дорам ин бемори дармони худро меебад, дар охир бо камоли майл барои бародарон хушбахти ва дар корхои давлатдориашон мувафакиятхои беназирро орзумандам.

пирумшох
Иршод, хуб шуда, ки таваччух ба спектакли одати кардаед. Вале баъди Алимардонови ба кавлат "салтанат" карда Ш.Рахимзода раис шуд, боз баъди Рахимзода бошад, чанд солест А.Ширинзода раиси карда истодааст. Ё аз тарс салтанати хамшахрихои президентро намегуи. Пас кучост назари вокеъбинонаат, ки пешкаши марудум кардаи? Бароят мегуям, ки ин бозии навбаатии ба чашми мардум хок пошидан аст, аммо ту баринхо боз бештар хок пощидан мехохед.

МАН МОХИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2014 АЗ РУИ ЭЪЛОНИ РУЗНОМАИ "САДОИ МАРДУМ" БА КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМВОЛИ ЧУМХУРИ БАРОИ ХАРИДИ ИНШООТ ДАР Н.ХУЧАНД РАФТАМ.
ХОСТАМ БИНОИ ПОСБОНХОНАИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛИ ХИСОРРО ХАРАМ ЗЕРО ОНРО БОЯД 3 МАРТ ФУРУШАНД.

МАРО ДАР КОРИДОРИ ДАРОМАД КУМИТА КОТИБИ РАИСИ КУМИТА КИ ХУДРО ШИРИНБЕКОВ НОМИД ГУФТ НАЗДИ РАИС НАРАВЕД ВАКТ НАДОРАД ВА ГУФТ АВВАЛ НАЗДИ НАСРИДИН ДАВЛАТОВ НОМ САРДОРИ ШУЪБАИ ХУСУСИГАРДОНИ РАВЕД.
БОВАР КУНЕД МАРО РАНГИ БАЧАИ ХОЛААШ КАБУЛ КАРДУ ЛЕКИН БАЪД ИН КОРИИШКАМБАИ ДАВЛАТУФ ЯК СТАВКАЕ МОНД, КИ ХАНГАМ КАНД!
БАРОИ ИНШООТИ КУХНАЮ ФАРСУДА 15 ХАЗОР ДОЛЛАР ПОРА.
ХОЛО ОН КИ ДАР ЭЪЛОН НАРХАШ ТАНХО 20 ХАЗОР СОМОНИ АСТЮ
АНА ГАПУ МАНА ГАП! ФАТОХ ГОИБОВ ВА РАХМОН ЮСУФОВ ДАР КУЧО БОШАНД?

Иршод 10сол шуд аспиранти, кай рисолаи номзадита химоя мекуни? Мардума фанд карда гашти, пули донишгоха хурда... Аввал як кора то охир брасон. Баъд гап зан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)