Бахшҳо

Фатвои Эшони Нуриддин дар пайи баҳси ҷонибдорон ва мухолифони Ақиқа

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо мегӯяд, тарк кардани “ақиқа” инсонро гунаҳкор намекунад.

Ин нуктаро руҳонии тоҷик дар посух ба корбари торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо, ки “агар имконияти “ақиқа” кардан набошад, чӣ бояд кард?” баён доштааст. Эшони Нуриддин гуфтааст, ҳар нафаре имконияти кардани ақиқаро надошта бошад, барои ӯ иҷрои он лозим нест: “Вале агар рафту шароит хуб шуд, ақиқа кунед, асли суннат ба ҷо меояд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ақиқа яке аз суннатҳои паёмбари Ислом (с) аст, вале бо тарк кардани он шахс гунаҳкор намешавад: “Аслан ақиқа суннат аст, ҳар кӣ анҷом диҳад савоб мегирад ва агар тарк кунад гунаҳгор намешавад.

Ақиқа яке аз суннатҳои Муҳаммад (с) - паёмбари Ислом ба шумор рафта, бар асоси гуфтаҳои саҳобагон, ҳар тифле дар хонадони ӯ таваллуд мешуд, барои писар ду гусфанд ва барои духтар як гусфанд мекуштанд.

Иҷрои ин суннати паёмбари Ислом вақтҳои охир баҳсеро дар ҷомеаи мазҳабии Тоҷикистон ба бор овардааст ва бархеҳо аз он ҳамчун омили дигаре барои зиёфатхурӣ ном мебаранд. Аммо масъулини Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯянд, он яке аз расму ойини исломӣ мебошад. Беҳрӯзи Сатторӣ, мутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломи кишвар гуфтааст, ақиқ ба монанди гирифтани мӯйи кӯдаку хатнасур кардани писар яке аз ҳуқуқҳои фарзанд болои волидайни хеш аст. Ӯ таъкид кардааст, “ақиқа мустаҳаб аст ва мустаҳаб, яъне кори писандидаро гӯянд. Агар касе инро анҷом надод, ҳеҷ гуноҳе намегирад. Ақиқаро аз қадимулайём дар сатҳи оилавӣ баргузор мекарданд. Дар рӯзи 7-уми пас аз таваллуд ё рӯзи 14 ва ё рӯзи 21-ум баргузор мекунанд. Агар касе ҳам баргузор накард, ҳеҷ гуноҳеро муртакиб намешавад.

Дар пайи ин баҳсҳо Абдуалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ низ ба ин масъала дахл карда, гуфт, Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ, ки аз сӯи Имом Тирмиз (р) ривоят шудааст, мегӯяд: "Тифле, ки таваллуд мешавад дар гарави ақиқаи хеш аст". Ба гуфтаи ӯ, манзури Паёмбар (с) аз ин гуфтаҳо ин аст, ки саломатӣ ва рушди кӯдак дар гарави ақиқаи ӯст.

Руҳонии тоҷик аз фаромуш шудани ин суннати Муҳаммад (с) дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон ибрози нигаронӣ карда, ибрози таассуф намуд, ки мардуми тоҷик ҳоло суннати Памёбарро канор гузошта, ҷои онро ба гаҳворабандону ҷашни зодрӯз додаанд.
Мӯҳр
Durud ba haiati Ozodagon!
Digar hama masoil hal shud. In ba istiloh "ruhoniyn'' -i mo dar masiri ta'rix az pai reshakan namudani arzishhoi milli budand.Faromush nakuned mo Tojikem va tojik memurem,na arab! Gahvorabandon in sirf asolati tojikiyat i most.Zodruz ham suunati derin ast.Shumo xudbegonagon to kai alaihi arzishhoi milli jang menamoed.IN insunnathoi xotirai ta'rixii most.Faromush nakuned mardum ru ba sui Mirrix dorad> na sui arabi biobongargu susmorxur.
Ba shumo rosgui xononem>hazar az riokoron!

Агар аз дуур истода мушохида куни гуфтаи суханони мардум, Дар назар чунин менамояд, ки кори муллохо хамин выступат кардан ба максади шикамсеркунии худашон мебошад. Доимо бахс дар сари хамин маракааатро ду бор кун як бор кун се бор кун я гусфанд куш ду гусфанд куш ширини дар дастархон мон ширини намон. Ин муллохои шикамдам мисли Хамин эшони Нуридинай киай дигар ба гайр аз шикамчарони кор надоранд. Руза гуфтааанд. Агар ин кадар хак мусулмон бошед, аз рафтори паёмбаронамон ибрат гиред.Хамаи онхо рузагири омухтаанд ба мо.

ШАХСАН МАН АЗ ГИРИФТАНИ ЧУНИН МАЪЛУМОТ ХУРСАНДАМ ВА МЕХОХАМ БЕШТАР АЗ ИН АКИКАХО БОЗ МАЪЛУМОТ ПАЙДО БИКУНАМ, ЧУНКИ МО ТОЧИКОН МУСАЛМОНЕМ ВА ВОЛИДАЙНИ МО ДАР ГУШАМОН АЗОН ВА ДАР ВАКТИ МУРДАН ЧАНОЗА МЕКУНАНД. ТАШАККУР БА МУХТАРАМ ЭШОНИ нУРИДДИН, САЛОМАТ БОШЕД.

Чаноби Озодмард!! Точик-точик карда нагард!!!! Ин масоили динист!!! На арабию дигар!!! Ту агар мусалмон боши, ба ту мегуям! Агар гайри муслим боши, ба кори худат овора бош, ба масоили муслимин кор нагир!!! Кор гирифтан ба масоил ин кори уламо аст!!! Туву ман хохем, нахохем имруз ё фардо мемирем! Пас аз марг аз миллату урфу одатамон намепурсанд!!! Балки аз он чизе мепурсандамон, ки Паёмбари Ислом (с) ба мо таълим додааст!!!

дддд
Аз Худо тарс касе набоши хамаи муллохо бо максади ишкамсеркуни аз пеши худ фатво наметиянд, Эшони Нуриддинчон хакиката гуфтай

Ассалом...хуб мешуд мардуми точик дар чои себегахи чилу хафту сол ва дигар худоихо ва маросимхои хурофоти акикау валимау вакира ва узхия карор медоданд.

БА ШАНСЕ,КИ ЗИДИ ЭШОН АСТ.
ХАР ЧИ ДОНАД ,ХУРДАНИ
КАНДУ ,НАБОТ
ОХУРИ ТАНГ БОШАДУ, КУНЧИ ,РАБОТ
БОБОИ ЭШОН РАХМАТ БА ШУМО.

Мухаммад
Хитоб ба фозила! Вакте шахсро намедои ва намешиноси дар хаккаш тухмат накун. Ин гуна рафтораз бехудоию бединии инсон сар мезанад, ман бовари надорам баъди мурданат хешу таборат мурдаи туро бе чаноза гуронанд, боз ба сари ана хамон мулло медаванд. Мутаасифона имруз тамоми кушиш аз тарафи хукумат шуда истодааст, ки номи Ислом ва Мулло ба пасти бурда шавад, лекин ин як кушиши мувакати аст мегузарад , факат инсон тарзе рафтор кунад дар дуне ба касе зиен накунад, хусусан ба Ватан, Миллат, Дин ,ки рузи растохез чавоб гуфта битавонад. Агар мусалмон аст.

Кассоб
Офарин ба ин рухонии рушанфикр! Акика расми арабхои гуштхор аст барои точик ба чор нафар бенаво камтар кумак кунад хам шудан мегирад. Дар гузашта як рахи мардума горат кардан будааст ин акика имруз мардум ки доно шуданд магар беакл аст ки ба чор нафар шикампарвар ошу нони бепул медихад!!!

Эшони нуридинат барои ту барин бесаводу арабпараст гиромист барои мо точикон у мисли дигар муллохои "шлангбадаст" як машеник ва мардумфиреб аст. Хайфи хамон модари точик ки шумобарин арабпарастро таввалуд кардаст. Инкадар лофи исломгарои мекунед рафта дар какистони араб зиндаги кунеду саратонро ба куми сузон задан гиред.

umedjon_musalmon
Ин саволу чавоб ба ориехои оташпараст дахл надорад балки барои мусалмонон аст. Агар Худову Расулашро кабул надоред, хеч кас шуморо тахкир е танкид намекунад, биноан коре ба Олимони Худотарс надошта бошед. Дар сурахои охири Куръон Худованд ба мусалмонон мегуяд, ки ба онон бигуед ки дини мо дини мост ва дини шумо дини шумост.

Яъкуб. Душанбешахр.
Ачаб мардум чохил шудаанд. Вакте Эшони Нуриддин гуфт чилу хафту сол дуруст нест харом хаст, хама уро вахобби бароварда. Вакте аз як суннати Расули Акрам мегуяд он хам ки барои шахси тавонманд на камбизоат дар инчо хам хама ба у мечаспанд. Шахсе аз дин умуман хабар надорад бехтар он хаст ки дар ин бора сухан на гуяд. Шахсе камтар аз дин огах буда медонад аввалин коре, ки Пайгомбар дар хаки Хасану Хусейн кард ин Акика буд! !

мухочир
Ба соион аз шумо савол шумо дар кадом динро парастиш мекунед агар дар дини ислом бошед худвандо шуморо хидоят кунад агар дини масехи ё будои бошед ба шумо иан сухан надорам

Somon,
Ту баринхо агар мард мебуданд, забонхат ва ё васиятнома менавистанд, ки эй мардум, вакте ки ман мурдам, маро чаноза накунед! Чунки ман бовар надорам.

Бандаи Аллох
Хонуф фозила! Вакте оиди акика е дигар суннатхои мусалмонон хабар надошта бошед, ин мушкилии шумост ва хеч хакке надоред ки тухмат занед, ки шикампарастон инро бароварданд. Агар саводи кофи дошта бошед мефахмед, ки АКИКА мачбури ва хатми нест. Касе зураш мерасад кунад савоб мегирад накунад гунохе нест. Хамон зураш мерасидагиро хам шариат нагуфтааст, ки зиефат ороста куну мехмон даъват кун. Ихтиер дар худат аст, метавони хун куни ва бар хамсоягону бенавоен таксим куни ва е ягон хиссаашро худат пухта хури. Ман барои фарзандонам 3 акика кардаам, яъне 3 гусфанд харида барои як шиносам ки дар деха зиндаги мекарда ва факир буд додам, ки ба хешу таборонаш ва хамсоягонаш ки мухточ хастанд таксим кунад. Метавонистам худам ягон хиссаашро гирифта шурбо андохта ягон касро даъват кунам. Аммо накардам, чунки аз шурбо карда даъват кардан дида ба камбалагон садака куни афзалтар ва савобаш зиедтар аст. Худованд хидоятатон кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)