Бахшҳо

Алим Шерзамонов: Ҳукумат омода нест ба таври қонунӣ ҳокимиятро тақсим кунад

Ҳавзаи якмандатаи “Хоруғ”, 41 дар интихоботи якуми март аз ҳавзаҳои доғ ба ҳисоб мерафт ва бештари коршиносон бар ин буданд, шояд Алим Шерзамонов, яке аз пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ва раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар ин вилоят пирӯз шавад. Аммо натиҷаҳои эълоншуда нишон дод, ки Шерзамонов ҳамагӣ 17 дарсад раъй гирфтааст. Коршиносон бо ишора ба амалиёти ҳукумат дар июли соли 2012 дар пайи қатли сардори Раёсати Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар Бадхшон -- Абдулло Назаров ва ҳодисаҳои моҳи майи соли 2014 ва ба дунбол муколамаи ҳукумат бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки Алим Шерзамонов эълон кард, ҷониби мардумро роҳбарӣ менамояд, тарафдорони ӯ дар ин ҳавза бештаранд. Шерзамонов баъди интихобот дар як суҳбати кӯтоҳ гуфт, дар ин рақобат натавонист баранда шавад. Хонадаҳои зиёди “Озодагон” суол мекарданд, чаро Шерзамонов сабабҳои бохташро дар ин интихобот шарҳ надод? Хабарнигори "Озодагон" бо чанд суол ба оқои Шерзамонов муроҷиат намуд, ки ҳоло пешниҳоди Шумо мегардад.


Озодагон: Ҷаноби Шерзамонов чун ҳавзаи Шумо як ҳавзаи доғ номбурда мешуд, таваҷҷуҳи бештареро ҳам ҷалб карда буд. Аммо интихобот гузашту Шумо хомӯш ҳастед. Оё воқеан Шумо ин сабқатро бохтед ва ба таври демократӣ шикаст хурдед?

Алим Шерзамонов: “Не, албата. Агар ин интихобот мебуд, ман шояд шикаст мехӯрдам ё пирӯз мегаштам, вале ин интихобот набуд. Ин як маъракаи тарҳрезишуда буд. Вале мо бояд бидонем, ки ин дафъа мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Бадахшон аз воситаҳое дигаре истифода бурд, ки мо омода набудем”.

Озодагон: Кадом воситаҳо?

Алим Шерзамонов: “Аввалан ин ки дар тӯли 2 моҳ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар деҳот ҳеч коре ба ҷуз фишороварӣ болои мардум накарда будааст. Фишор ба ин маъно, ки ба номзадҳои ҳизби ҳоким агар овоз надиҳед, муносибатамон бо шумо тағйир меёбад. Яъне, бо интихобкунадаҳо аз василаҳои нодурусти фишор ва ҳатто шантаж истифода бурдаанд. Мо ҳарчанд бо интихобкунадаҳо вохӯрӣ мегузарондем ҳам натиҷа намедод. Бубинед, яке аз василаҳо ин аст, ки ҳар номзад дар миёни интихобкунандаҳо ҷонибдори худро дорад ва ӯ метавонад нафарони дигарро ба ҷонибдории номзади мавриди алоқааш ҷалб намояд. Аммо дар деҳот касе, ки дар мавриди интихобот гап мезадааст мавриди фишори сахт қарор мегирифтааст. Мо мушоҳида ва кашф кардем, ки дар деҳот дар бораи интихобот қариб сухане набудааст. Боз як аҷобати кор ин аст, ки дар натиҷаи ҳисоб кардани овозҳо чунин ба назар мерасад, ки аз ҳама бесавод дар Бадахшон сокинони шаҳри Хоруғ будаанд, чун тарзи нави овоздиҳиро нафаҳмидаанду бисёре аз баргаҳои райъ беэътибор шудаанд. Яъне, ба ин маъно, ки дар баъзе мавридҳо ба ҷойи ҷамъ аломатҳои дигар гузоштаанду ва ҳанӯз ҳам хат мезадаанд. Вале ҷолибияти кор дар ин ки дар деҳот аз ҷавонон то калонсолон чунон хушрӯй аломати ҷамъ гузоштаанд, ки гӯё дар ин масъала семенар гузашта бошанд. Ва аз ҳама ҷолибаш ин ки дар ҷойе, ки зарур будааст дар ҳамон ҷой гузоштаанд. Ҳоло он ки Хоруғ шаҳр асту шаҳр ҳамеша аз деҳот пешсафӣ дошт.

Дигар чизе, ки ба назари мо дар деҳот тақаллуб буд, дар участкаҳое, ки ҳудуди 300-400 интихобкунанда доштанд гӯё наздики 50-130 нафар ба интихобот ҳозир нашудаанд. Аммо ман ба ин чиз розӣ шуда наметавонам ва ягона коре, ки мардум дар ин рӯз дошт, рафтану райъ додан буд. Чун дар ин зимистони Бадхшон мардум тақрибан дигар коре надоранд. Ман мутмаинам, ки бештар аз 90 дар сад ба интихобот омаданд, лекин рӯйхатҳо ба назарам аз будаш бештар нишон дода шуда буд. Масалан, дар яке аз қитъаҳо, ки худам ҳамчун нозир иштирок доштам то соати 16:00 қариб 130 одам наомада буд, вале дар муддати кӯтоҳ гуруҳ-гуруҳ одамон омадан гирифтанду овоз доданд. Аз нигоҳи ман, ки мардумро нағз намешинохтам онҳо (муттасадиёни интихобот) мардумро такроран меоварданду ба тарафдории одами даркорӣ овоз медоданд.

Дар деҳот тақалуби аз ҳама густурда овоздиҳии такрорӣ буд, яъне як нафар ду се бор омада овоз медод. Гапи асосӣ ин аст, ки тайи ду моҳ бо мардум кор кардаанд ва фаҳмондаанд, ки ба кадом одамро бояд райъ дод. Ба мардум гуфтаанд, ки дар блютени ҳизбҳо аз поён дуввумро овоз медиҳед ва аз рӯйхати нозадҳо ба Маҷлиси намояндагон ҳам ҷойи даркориро бисёр хушрӯй ба мардум фаҳмондаанд”.

Озодагон: Дар мавриде, ки аз тақаллубҳои зиёд суҳбат мекунед, оё тавонистед, чунин мавридҳоро бо санад асоснок намоед ва ба ниҳодҳои зарурӣ муроҷиат кунед. Ва дақиқтараш чаро ба КМИР, суд ё ниҳодҳои дигар муроҷеъ нашудед?

Алим Шерзамонов: “Ба судҳо мо зарур нашумурдем, ки муроҷиат кунем. Модоме, ки тамоми мақомот бевосита дар тақаллуб даст доштанд боз чаро муроҷиат кунем? Нозирони мо аз ин мавридҳо санад тартиб дода ба ҳавза ирсол карданд, аммо бояд бигӯям, ки ҳавза аз раванди интихобот худро комилан дар канор гирифта буд. Интихоботро ҳавзаҳои шаҳру ноҳияву вилоят пурра ҷамъбаст намуданду рисолатро ба дӯш доштанд. Мисли интихоботҳои пештара. Он протоколу санадҳое, ки мо ба онҳо додем ягон қувва пайдо накарданд”.

Озодагон: Бо вуҷуди ҳамин қадар фишору тақаллубе, ки Шумо мегӯед, фикр мекунед, чанд дар сад раъй гирифтед ва КМИР теъдоди раъйи Шуморо чӣ қадар эълон намуд?

Алим Шерзамонов: “Агар ҳама чизро сарфи назар кунем, танҳо дар шаҳри Хоруғ интихобот гузашту тамом. Дар дигар минтақаҳо интихобот набуд, балки як интихоботи тарҳрезишуда буд. Агар бовар кунем, ки мардум ба дили худ овоз дод, пас ба гуфти нозирони созмони ИДМ тақаллубҳо ба натиҷаи интихобот таъсири калон нарасонданд.

Раъйи маро КМИР 17 дарсад ҳисоб намуд. Агар ҳамин фишору тақаллуб намебуд, ман миқдори кофии ҷонибдоронро дар тамоми қаламрави ҳавза доштам. Мутаассифона мардумро нагузоштанд, ки худашон интихоб кунанд. Ҳатто зимни яке аз вохӯриҳо яке аз муттасаддиёни интихобот баъди баромади ман хеста гуфт, ки анна барнома доред, номзадҳоро мешиносед, худатон дар кобинаи овоздиҳӣ медароеду касеро хоҳед интихоб мекунед, лекин ба дигарон гап назанед, дигаронро роҳбарӣ нанамоед. Ман хестаму эрод гирифтам, ки шумо на танҳо ҳуқуқ доред, балки вазифаи шаҳрвандиятон ҳамин аст, ки шахсеро, ки ҷонибдорӣ мекунед ба тарафдорияш метавонед дар тамоми минтақа ташвиқот баред. Фишори мақомот ба дараҷае буд, ки шахсе, ки дар расонаҳо, дар интернет хондаасту моҳияти интихоботро фаҳмида буд, барои ба дигарон гуфтани фикри худ тарс дошт, меҳаросид”.

Озодагон: Коршиносон таҳлил мекарданд, ки Шумо шояд иҷборан пирӯз шавед. Мардуми ҳавза ҳам ин фикрро доштанд. Худи Шумо чӣ? Ба пирӯзӣ эътимод доштед?

Алим Шерзамонов: “Мо ҳам боварӣ доштем, ки имкон намедиҳанд, то ин дараҷа фасодкорӣ бо раъйи мардум шавад. Вале баъди эълони натиҷаи умумии интихобот, ки дидем ҳатто Ҳизби наҳзат ва Ҳизби коммунистро ба порлумон роҳ надоданд, иловатан боварӣ ҳосил карадам, ки нақшаи тарҳрезишуда буд, ки дар натиҷа чӣ номзади якмандатаи ҳукуматӣ -- А. Фелалиев ва чӣ ҳизбашон дар ҳавзаи 41 ҳамон овозеро гирифтанд, ки КМИР барои ҲХДТ дар тамоми кишвар эълон кард. Ин нишон медиҳад, ки миқдори фоизҳо пеш аз интихобот тақсим шуда будааст. Навобаста аз мубориза ва талоши мо ҳамин дарсадиро инҳо медоданд ба номзади худ”.

Озодагон: Бо ин нокмӣ, фишорҳое, ки мегӯед ва заиф кардани тарафдорони Шумо, тасмиматон чист? Фаъолият ва муборизаи сиёсиро идома медиҳед ё?

Алим Шерзамонов: “Албатта, муборизаи сиёсиро идома медиҳам. Ва он бархӯрде, ки имрӯз ҳукумат нишон дода истодааст, чунин ба назар мерасад, ки ҳамин ҳукумате, ки мо дорем омода нест ба таври қонунӣ ҳокимиятро тақсим кунад”.
Мӯҳр
Мамадасен
Бародари азиз Алимҷон, ман сокини шаҳри Хоруғ астам, то ҳатто бо худат як пайванди хешутаборӣ ҳам дорам. Лекин бародарҷон мард шудан даркор ва мардонавор гап задан даркор. Вақте, ки дар Донишгоҳи Хоруғ таҳсил мекардам (1992-1997) рақибат Устод Фелалиев Акрамшо низ ба мо дарс мегуфтанд. Он вақтҳо ҳамаи мо ҷавонон ба донишу инсондӯстиву маърифату втанпарварии Устод Акрамшо тан дода будем ва он кас ҳамаи моро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия менамуданд. Имрӯз бошад Устод алаккай Академики Академияи илмҳои ҶТ, ду маротиба вакили Парламент интихоб шуданд. Дар муддати 10 соли вакилиаш аз Мурғоб сар карда то Дарвозу Ишкошиму Хоруғ бо мардуми Бадахшон вохӯриҳо гузаронида ба мардум хизмат кардааст. Лекин Алимҷон имрӯз ту худат бо як ду пули пучаки хоҷагонат худро бо ин гуна шахсони бузург баробар карда истодаӣ.

Ба Мамадасен
Дуруггуи гунох аст, бародар! Касе имон дарад, мардигари дорад бояд аз дуруггухи пахрез бошад. Хакикати хол чунин аст аст Фелалиевро хатто дар макони зисташ на хама мешиносанд, аз 10 депутат буданаш хам бисёрихо нав хабар шудан. Барои пеши рохи бародар Алимро гирифтан хануз 2-3 пеш хамаи макомотхо вазифадор шуда буданд. Хатто сохторхои кудрати сафарбар шуда буданд, агар аз Хоруг бошед ягон коркуни амниятро пурсед, ки чи хел ба чидди фармон дода шуда буд, онхо бояд аз хама рохои конуни ва гайрикони истифода бурда пеши рохи пирузии Алимро гиранд.

Андарз аз Ишкошим
Бародари гироми, Алим Шерзамон! Рости ман аз кору рафтори Шумо дар хайратам. Ман худ ташрифи шуморо ба нохияи Ишкошим чандин маротиба шохид шудам. Гарчи маро хам як нафар таклиф кард, ки ба вохури ба назди шумо чамъ шавем, ман шарм медоштам.Барои он, ки шумо то хол барои мардуми мо чи кор кардаед.Ё дар умум барои Бадахшониён чи кори савобе кардед, Кучоро обод кардед ва дасти киро гирифтед? Бо бовари гуфта метавонам, ки дасти хеч касро.Чандин бор дар назди шумо ба зориву тавалло 10-15 кас чамъ мешуду халос. Баъзан ягон нафар хам ёфт намешуд, ки Шумо бо онхо мулокот кунед. Ин нишони чи аст. Мардум ба Шумо бовари надоранд. Ба гапфуруши намешавад дили мардумро ба даст овард. Шумо бояд бо гуфтору рафтори намунави ва амали созанда ва бегаразонаатон бояд коре мекардед дар дили мардум чой мегирифтед. Боварии мардумро ба даст меовардед. Вакте ки мардум худаш шуморо кабул кард, пас хеч гох ягон амниятиву милисаву дигар макомоти давлати пеши рохи онхоро гирифта наметавоистнад. Охир халк бузург аст-мегуянд-ку. Чи ки халк хохад хамон мешавад. Аммо Шумо бошед, интихобот баргузор нашудаву ба тамоми расонахои хабари чор мезадед, ки ман дар хар сурат голиб хастам, 80 фоизи мардуми Бадахшон барои ман овоз медиханд. Аз номи халк худро бахогузори мекадед ва холо хам карда истодаед. Даст ба гиребони макомоти кудрати бурдаед. ки садди рохи Шумо гуё шуда бошанд. Оё инро халк кабул мекунад? Мардона мегуям, ки хеч гох ва ба Шумо низ мурочиат мекардам, ки мард бошед,зеро:
Нокобилони дахр ба максад намерасанд,
Дунё хамеша дар талаби марди кобил аст.

Бародари гироми, Алим Шерзамон! Ман худ ташрифи шуморо ба нохияи Ишкошим чандин маротиба шохид шудам. Гарчи маро хам як нафар таклиф кард, ки ба вохури ба назди шумо чамъ шавем, ман шарм медоштам.Барои он, ки шумо то хол барои мардуми мо чи кор кардаед.Ё дар умум барои Бадахшониён чи кори савобе кардед, Кучоро обод кардед ва дасти киро гирифтед? Бо бовари гуфта метавонам, ки дасти хеч касро.Чандин бор дар назди шумо ба зориву тавалло 10-15 кас чамъ мешуду халос. Баъзан ягон нафар хам ёфт намешуд, ки Шумо бо онхо мулокот кунед. Ин нишони чи аст. Мардум ба Шумо бовари надоранд. Ба гапфуруши намешавад дили мардумро ба даст овард. Шумо бояд бо гуфтору рафтори намунави ва амали созанда ва бегаразонаатон бояд коре мекардед дар дили мардум чой мегирифтед. Боварии мардумро ба даст меовардед. Вакте ки мардум худаш шуморо кабул кард, пас хеч гох ягон амниятиву милисаву дигар макомоти давлати пеши рохи онхоро гирифта наметавоистнад. Охир халк бузург аст-мегуянд-ку. Чи ки халк хохад хамон мешавад. Аммо Шумо бошед, интихобот баргузор нашудаву ба тамоми расонахои хабари чор мезадед, ки ман дар хар сурат голиб хастам, 80 фоизи мардуми Бадахшон барои ман овоз медиханд. Аз номи халк худро бахогузори мекадед ва холо хам карда истодаед. Оё инро халк кабул мекунад? Мардона мегуям, ки хеч гох ва ба Шумо низ мурочиат мекардам, ки мард бошед.

Мамадасен
.Бародари азиз ба эҳсосот дода шуда навиштани номатро ҳам фаромуш кардаӣ, аз ин ҷо маълум ки ҳамаи гапҳоят подарҳавоянд. Фелалиев дар зодгоҳаш ҷамоати калонтарини ноҳияи Роштқалъа-Тусиён 99 фоиз ва дар ҷои таҳсилаш шаҳри Хоруғ 54 фоиз , дар Мурғоб 92, дар Ишкошим 80, дар ҷамоати Ванқалъа-83 фоиз овозҳоро соҳиб шуд. Дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ 41 мардум хато накарданд ва ба номзади арзандатарин Фелалиев овоз доданд. Барои ба дараҷаи Фелалиев, яъне академик расидани Алим камаш 100 соли дигар даркор аст. "Озодагон" агар озод бошӣ ҳамаи гапҳои маро чоп кунед.

Ин Ҳалим Шерзамоноваш ки боша, ки худуша ба олимон -академикҳо баробар карда истай? Ай афтуш маълум, ки иғвогарчопай, аз фарҳанг дури бадай.

гунг
Алимшо агар овоздихи тоза мегузашт бовар кун аз байни Шумо 4 номзад ягон нафартон намегузаштед. он вакт нафархои дигар номзад мешуданд. Ин тахлили дакики пешаки буд. Оянда дори агар бо мардум кор куни. Бехтараш бигу кадом вазифа лозим хатча навис. мешавад. Сурогаро медони.

Кулоббии
Биёед шукур кунен ки зиндаен саломат тамом

бе ном
Охир хамин Фелалиева хеч ки гуш намекард на дар университет на дар шахр. ВАй ки мешиносад. Бародар аз Хоруг Шумо университет солхои 92-1997 гуфта истодаед. Мо хам хамон солхо хондем. Дар кучо дарс буд и Фелалиева хеч ки намешинохт.

дипломат
мард будан лозим бохтед бо хама охангу санъаташ хомуш шавед бохти зебо низ санъат аст устодатон барин шумо рахмаТИЛО нестед, ку !!!!!

Маскан
Алим ака шумо худро барои чи бо Фелалиев мукоиса мекунед. То чое ба ман маълум аст Фелалиев як шахси олим ва чахондида, Шумо хам шахси мубориз, муааллим ва инсон хуб хастед. Аммо охангар бояд оханро гудозад, сиёсатмадор сиёсатро чори намояд ва муаллим дарсашро дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)