Бахшҳо
19 мар 2015 12:21Тоҷикистон / Сиёсат

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19 март дар мулоқот бо зиёиён адабиёти муосири тоҷикро қафомонда ва ихтирооти олимонро нокофӣ хонда, афзудааст, мутаассифона, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср воқеъбинона таҳлилу арзёбӣ нашудааст. Ӯ аз ҷумла зиёиёнро ба таблиғи таҳаммулгароӣ миёни мардум ва ба ҷасорату воқеъбаёнӣ даъват намудааст.

Раисиҷумҳур дар хитоб ба зиёиён гуфтааст, бояд бо дарназардошти дигаргуниҳои куллие, ки дар кишвари мо идома доранд, ба равандҳои ҷомеа аз диди нави таърихӣ баҳо диҳанд ва дурнамои рушди минбаъдаро муайян созанд: “Мутаассифона, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср ва умуман таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона таҳлилу арзёбӣ нашудааст ва навиштани таърих, инчунин таҳқиқи таърихи адабиёт бо диди нав ҳанӯз оғоз наёфтааст”.

Эмомалӣ Раҳмон мақсади муроҷиат ба таъриху адабиётро дар он арзёбӣ намуд, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем: "Зеро эътиқодмандӣ ва эътимод ба таърих ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”.

Ӯ аз ҷумла таъкид намудааст, ки равшанфикрон бояд садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд.
Дар мавриди адабиёт раисиҷумҳур илова намудааст, ки “холисонаву мунсифона бояд гуфт, ки адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд. Оид ба мавзӯъҳои сохтмони иншооти бузургу тақдирсози кишвар ва умуман раванди ободкориву созандагӣ асарҳои бадеӣ кам таълиф ёфта, проблемаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва маънавӣ ҳамаҷониба инъикос намеёбанд. Вақти он расидааст, ки адибони тоҷик бештар ба таҳияи мақолаҳои публисистӣ ва очеркҳои проблемавӣ даст зада, мардумро аз рӯйдодҳои кишвар, дастовардҳои диёри азизамон, масъалаҳои рӯз ва хатарҳои даҳшатбори замонаи ноором огоҳ созанд”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ихторокории олимони тоҷикро нокофӣ хонда, изҳор доштааст, ки ихтирооти ба истеҳсолот алоқаманд барои мамлакати мо ниҳоят зарур мебошанд ва олимони соҳаҳои физика, кимиё, геология ва дигар илмҳои табиатшиносиву дақиқро зарур аст, ки тарзу усули фаъолияти худро ба замона мувофиқ карда, барои таҳқиқу омӯзиш ва кашфу ихтирооте, ки истеҳсолотро пеш баранд, саъю талош варзанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои олимони ҷомеашинос муҳим хондааст, ки барои рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пешниҳодҳои мушаххас ва таҳлилҳои саривақтӣ манзур намоянд, то мо барои пешгирӣ намудани ҳар гуна равандҳои носолим омода бошем ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизро таъмин гардонем: “Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди илму маориф ва санъату фарҳанг бояд вазифаи аввалиндараҷаи олимон қарор гирад”.

Раисиҷумҳур инчунин равшанфикронро вазифадор кардааст, ки ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд: “Мо бояд ойини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоя намоем. Вобаста ба ин, аз тамоми зиёиён ва умуман аҳли эҷод даъват ба амал меорем, ки арзиши таҳаммулгароиро бештар густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват кунанд”.


(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...

(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...


Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
тт
Бовар кунед ин зиёиен аз даврахои союз лаганбардор буданд ва мондаанд

Асилзода
Дар байни зиёиён шахсоне хастанд, ки дар хакикат метавон онхоро ЗИЁИ номид. Масалан олими саршиноси точик Акбар Турсон. Хато накунам порсол буд ё ин, ки ду сол кабл у нисбати забони точики ба мухтарам Президент фикрхои худро ироа карда буд. Устод нотарсона изхори назар карда буданд, ки "агар кассоб бисёр шавад, гов харом мемурад". Яъне нисбат ба масъалаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилохот ва Институти забон, адабиёт, шаркшиноси ва мероси хатти. Аз ин ду сохтор бояд яктоашон дар масъалаи забон кор баранд Мутаасифона пешниходхоии устод нисбати ин масъала дастгири наёфт.

Hamin surati Prezidentamon-ro bo yakjoyagi bo M.Kanoat va GULRUCHSOR didam az tahti dil chursand shudam.Hamakasa zindavu neknom boshed.

Робен Гуд
Бояд мисли Фирдавси зиёи бошанд на лаганд бардор мили Апаи Гулрухсор бояд бошад Ки Апаи Гулрухсор дар як баромадашон аз шабаки СМТ гуфтабд ки дар кадом кишваре зиндагим хуб дошта бошам хамончо ватанам аст яне Шоироне ки мегуяд БО ХОРУ ХАСАТ ЗИНДАГИ КАРДАН БАС АСТ ватан надоранд Агар бо хору хаси ватан зиндаг карда мешид зиёда аз 1 милён шарванди тчк мухочир намешуд

олга ты била права...

хонанда
Таърихашро аз китобхои Шумо хондем, Худо хохад адабиёташро хам нависед, мехонем

Анушервон аз Хоруг
Тули рохбарии Чаноби Оли Эмомали Рахмон мо ба бисёр пешрафтхо ноил гардидем. Имруз хамаро масъалахои ифротгарои ва терроризм дар ташвиш гузоштааст. Раисиҷумҳур дар ин мулокот низ ин масъаларо сарфи назар накарда, ба таври чидди зиёиён ва ахли чомеаро огох кард, ки ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд. Мо агар хохем, ки аз вартаи нобуди ву чахолат рахо ёбем, хатман бояд дастурхои Раиси Чумхуриро сармашки кору амали хеш карор дихем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)