Бахшҳо
19 мар 2015 16:58Тоҷикистон / Сиёсат

Э. Раҳмон: Президентро не, кишоварзро тавсиф кунед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19 март дар мулоқот бо зиёиён дар Кохи Наврӯзи пойтахт изҳор дошт, ки аҳли зиё қаҳрамононашро аз миёни мардум, аз ҷумла кишоварзон пайдо кунанд.

Ӯ аз ҷумла таъкид кард, даҳҳо бор гуфтем, президенту мансабдорони дигарро таъриф накунеду қаҳрамонони худро аз миёни мардум ёбед. Раисиҷумҳур инчунин изҳор дошт, ҳарчанд бинои парлумону шароити кории вакилони мардумӣ ба талабот ҷавобгӯй нест, ӯ онҳоро канор гузоштаасту бунёди калонтарин театри миллиро дар меҳвар қарор додааст: “Дар ин театр, ки лоиҳаашро давоми 5 сол таҳия кардем, тамоми шароит барои ҳунармандон муҳайё хоҳад шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин Кохи Наврӯзро тавсиф кард, ки давоми 6 сол сохта шуда, дасти ягон хориҷӣ ба он нарасидааст: “Ин ҷо дасти ягон хориҷӣ нест. Тамоми устоҳои миллӣ аз Рашту Бадахшону Суғд дар ин ҷо ба кор ҷалб шуданд”. Раисиҷумҳур инчунин таъкид намуд, Кохи Наврӯз аз ҳисоби буҷаи давлат сохта нашуда, барои бунёди он соҳибкоронро ҷалб кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин зиёиёнро такягоҳи худ хонда, афзуд, ин қишри ҷомеаро аз аввал дастгирӣ кардааст ва дар оянда низ дастгирӣ хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома гуфт, дар кишвар Консепсияи миллии рушд барои то соли 2050 таҳия хоҳад шуд: “Бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад”.

Бо таъкиди Эмомалӣ Раҳмон вазифаи зиёиён дар таҳияи ин Консепсия аз он иборат аст, ки зимни пешниҳодоти худ ба ин консепсия прнсипи дунявиятро афзалтар бишуморанд ва барои рушди тафаккури милливу дунявӣ, забони давлатӣ ва фарҳанги пешқадами миллӣ ташаббусҳои ҷиддӣ роҳандозӣ кунанд:
“Ин консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд”.

Барои таҳияи ин Консепсия раисҷумҳури Тоҷикистон Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Марказҳои тадқиқоти стратегӣ ва милии қонунгузорӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва олимону донишмандонро дъват кард, ки ба ҳукумат назароти худро пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон интизороти худро аз ин Консепсия чунин шарҳ додааст: “Ин консепсия бояд ба бунёди ҷомеаи муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мусоидат намояд ва ояндаи рушди кишвари моро муайян гардонад”.
Мӯҳр
Бисёр суханхои хуб нисбати тавсиб кардани кишоварз аз тарафи сардори давлат гуфта шудааст, вале дар моён рости гап кишоварзони асил дар асл намондааст. Холо кишоварзони руяки мондаанд, ки факат барои худнамоитихи кор мекунанд, агар ин тавр набошад мо меваи чину, картошка ва пиёзи покистонро истеъмол намекрдем.

Офарин ба ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛИ РАХМОН! ЧАРО? Баъзехо як оилаи худашро идора карда наметавонад.Имруз ин халки 60% чохилро рохнамо будан аз бузургии Э. Рахмон аст! Табармусулмохо 70%-и Точикистонро ташкил медиханд, дакик аст!

чавоб ба хакикаипараст: чаро 60% халки шарифи точикро чохил ва 70шро табармусалмон мегуи ту худат ба кадом категорияи он дохил мешави? халк чаро чохил аст? барои он ки макотиб пулаки, медицина пулаки, кор нест, кашшоки ва проблемахои ичтимои мардумро чохил кардааст, барои он ки хукумат барои халли он ягон чорае намеандешад, е меандешадми, .кани бигу?

Фирдавси
Кишоварз, агар подшохи кунад,
Халоик аз ин пас, гадоги кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)