Бахшҳо

ВИДЕО: Сабти нахустин ҳолатҳои “облава”-и баҳорӣ дар Тоҷикистон

Нахустин ҳолатҳои “облава”, ё худ ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе охири ҳафтаи гузашта ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳошим, як ҷавони тоҷик, ки меҳмони шаҳри Душанбе шудааст, бо "Озодагон" дар тамос шуда, изҳор дошт, ки шоми шанбе дар хатсайри рақами 28 ҳадафи “облава” қарор гирифтааст: “Як мошини “старекс”-ро, ки рақами 28 дошт, манъ карда, савор шудам. Баъде, ки савор шудам, ҷавони дигаре дар паҳлӯям буда гуфт, “ака ин облава аст”. Аммо ман чун хидмат карда будам, чизе нагуфтам ва вақте ба ҷои лозимӣ расидам, гуфтам, ки ман хидмат кардаам. Баъди пурсупос маро раҳо карданд, аммо ҷавонони дигарро бурданд”.

Ин дар ҳолест, ки аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, ки дар мавриди "облава" то ҳол расман шикояте дарёфт накардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар гузашта борҳо барои қатъи ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дастур дода буд, аммо “облава” аз байн нарафт.

Дар ҳамин ҳол қаблан ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо пахши як изҳороти муштарак таъкид карданд, ки қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи хидмати ҳарбӣ метавонад, “облава”-ро қонунӣ гардонад.

Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқ дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки феълан аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар сомонаи Вазорати адлия нашр шудааст, қисми 5-и моддаи 36 баҳсбарангез аст. Ҳомиёни ҳуқуқ муътақиданд, ки қабули ин лоиҳаи қонун “облава”-ро қонунӣ мегардонад: “Дар қисми 5-и моддаи 36 лоиҳаи қонун дарҷ гардидааст: «Дар ҳолати рад кардани гирифтани огоҳномаи даъват аз ҷониби даъватшаванда, падар ё модар, аъзои ба балоғатрасидаи оила ва/ё бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини ҳозиркунии ӯ ба зиммаи мақомотҳои корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссариати ҳарбӣ гузошта мешавад».


ВИДЕОИ “облава” дар Тоҷикистон, ки қаблан ба интернет роҳ ёфт:

Мӯҳр
Истиклол
Бисер чавононе, ки ба сафи Куввахои Мусаллах даъват мешаванд, варакаи даъватиро мегиранду гурехта мегарданд, барои хамин хам онхоро аз руи маълумотхое, ки нозирони минтакавии милитсия дар якчояги бо корм. ком.харби кофта ёфта ба комиссариати харби гирифта меоранд.Чихеле, ки дар акс Шумо шохид мебошед ин облава не балки хамон чавоне, ки повестакаро гирифтааст, вале ба ком.харби хозир нашудааст.Чавонони хозира акли рафта хизматкуниро надоранд, онхо вакат як корро нагз мебинанд бекордар кучахо гаштанро ва дар кучо оши нахор бошад, ки рафта чаранд.

навезали сотрудникам что кто здаст оружие и во время призива доставит в воений коммисарият 10 призивнико то получат звание в Горном Бадахшане сотрудники сыловых структур покупают у Афганцев оружие разного калибра и сдают после чего получают очередное звание или же обеспечут боле 10 человек в военый комисарият тоже получают звание.Эти бессовестные сотрудники в 2014 году сдали оружие более 200 стволов разного калибра при чем министр МБ вступая по телевидение

шоди
Аз Аллох тарсен инкадар мардума зулм накунед шумо адолатро барпо кунед ами мардуми камбагал худаш ба пои худаш хизмат меравад мухтарам президент хохики гапта гиран авал хизмати харбиро бачаи мансабдоро раванд бад мардуми камбагал

Tajik
Вой бар холат артиши милли!

Сино
Ин дар замони хукумронии пешвои миллат!

Салом хабаргузории "Озодагон" ман тасмим гирифтам чизеро баройи Шумоён бирасонам. Ин видеое, ки дар ин ҷо гузоштед ин видео дар ноҳияи Исфара, ҷамоати Сурх, кӯчаи Б. Ғафуров сабт шудааст ва он занҳое, ки писарашонро ҳимоят мекунанд онҳо модари ин хона буда писари ин зан Бобохон ном дорад ва падари Бобохон Аҳадҷон мебошад. Ин кор соли 2010 сурат гирифтааст ва ин бачае, ки дар навор мебинед бемор буду инҳо маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ гуселаш карданд ва дар онҷо бемориаш авҷ гирифту инро пас аз 1-сол ҷавоб доданд. Наворгирандаи ин видео Муаззама Назирова муовини раиси ҷамоат мебошад. Бо умеду орзуҳо як мухлиси шумоён Маҳзуни Мейҳан

Кани як нафарро номбар кунед аз фарзандони макомдор ки хизмат карда бошанд. Хозир армияи мо мардака нигодный мекунад. Хатто мекушад. Конечно ин модарон намегузоранд, ки фарзанди онхо курбони давлати диктатори шавад

Чалилбой
Дар Ленинский район кудакхои бечораро аз хона зада зада дасту почашонра ба кафо, ранги чинояткор аз шахри сомони бурдан военкомат, 11. Апрел 2015 ум сол ин кор шудаги ,

Муштари
Э манеж ба ин холатон!!!

мамлакат
чаро чомеаи шахрванди хомуш аст? кучо шуд омбудсмен??
ин одамдузди одамрабои аст ки худи макомоти хифзи конун мекунанд!!
ба кучо барем шикоят? ба ки кунем фаред?

шоди, шароити чизе? армиянда капуста метиян обу нони кок - гушта хов мебинан

Облава омад шоду газалхон,
Дингуз бзанен харсу чавонон.

Облава омад шоду газалхон,
Дингуз бзанен харсу чавонон.

модар
бечора чавонон ахволи Шахбол барин аскаронро дида албатта ки аз хизмат саркаши мекунанд. ина бинед о наход ки давлат гуфта бошад ки хамин хел аблавахоро анчом дихед. хайфи хамин хел чавонмардоне ки мушт бар сари зан мебардоранд, акнун худ казоват кунед ки фардо ахволи фарзанди у дар он чо чи гуна хохад буд

Падар
Чавоб ба модар, модари азиз ман шахсан солхои 1993-1994 хизмат кардам,ки он вакт хизмат кардан осон набуд. Хозир хизмат райский наслаждения шдай.

и бесаросомони да кчохай камбагалора гам метан роста

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)