Бахшҳо
14 апр 2015 16:13Тоҷикистон / Тема дня

Ҷаҳиши қурби $ баъди як моҳи “танаффус” дар Тоҷикистон

Қурби як доллари амрикоӣ, ки тайи як моҳи охир дар Душанбе ҳудуди 627-629 сомониро ташкил медод, субҳи имрӯз, 14-уми апрел дубора майли гаронӣ карда, ба 6,33-6,35 сомонӣ баробар шудааст.

Бонки Миллии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли равон қурби долларро 627-629 сомонӣ муайян карда буд, ки то ҳол дар нуқтаҳои мубодилаи асъор нигоҳ дошта мешуд ва гуфта мешавад, ки болоравии нави қурби доллар низ дар мувофиқа бо ин ниҳод сурат гирифтааст. Қурби рубли русӣ низ тайи як рӯзи ахир боло рафта арзиши 1000 рубл аз 119 сомонии рӯзи гузашта, имрӯз, 14-уми апрел ба 123-124 сомонӣ баробар шудааст.

Қаблан Ҷамшед Юсуфиён, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки минбаъд қурби долларро дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар, аз ҷумла нуқтаҳои шахсӣ ҳам ниҳоди зертобеяшон муайян хоҳад кард. Ӯ 13-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин иқдоми муваққатӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи саррофон аз вазъи мавҷуда дар бозори нақд роҳандозӣ шудааст: “Мо муайян кардем, ки фарқ миёни нархи харид аз нархи фурӯш набояд аз ду сомонӣ зиёд бошад. Саррофон ҳақ надоранд, долларро аз ин қиматтар фурӯшанд”.

Юсуфиён афзуд, ки масъулини Бонки Миллӣ дар як рӯз се бор-саҳар, нисфирӯз ва бегоҳӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор санҷиш мегузаронанд, то саррофон ба таври сунъӣ қурбро боло набаранд.
Мӯҳр
Хози дар нуктахои мубодмлаи асъор долар ба нархи 650 мефурушан ховай и бонки милли худаш ай дасташ ягон кор намиея

БОЗОРШИН
масъулини Бонки
Миллӣ дар як рӯз се бор-саҳар, нисфирӯз
ва бегоҳӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор
санҷиш ГУЗАРОНЕДУ лекин ФАҚАТ ҳамон таблоро ТАМОШО накунед фуруши реалнии доллар аз 655 кам нест ба гапҳоям ҷавоб мегуям

масъулини Бонки
Миллӣ дар як рӯз се бор-саҳар, нисфирӯз
ва бегоҳӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор
санҷиш ГУЗАРОНЕДУ лекин ФАҚАТ ҳамон таблоро ТАМОШО накунед фуруши реалнии доллар аз 655 кам нест ба гапҳоям ҷавоб мегуям

мухлис
Ваъди Юсуфиён (муовини аввали раиси бонк) кучо шуд ки як мох пеш Юсуфиён 13-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт курси баланди доллар 6:28 мемонад аз ин зиёд намешавад
маълум мешавад ки аз дасташон хеч кор намеояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)