Бахшҳо
17 апр 2015 16:22Тоҷикистон / Сиёсат

Ирсоли парвандаи саркардаи сарбурҳои Салоҳиддин Азизов ба додгоҳ

Додситонии генералии Русия айбнома алайҳи Иля Горячев, яке аз роҳбарони ташкилоти экстремистии “Созмони ҷангии миллатгароёни рус”, ки аз дастандаркорони сарбурии Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири тоҷик арзёбь мешаванд, ба додгоҳ ирсол намудааст.

Тибқи иттилои додситонии Русия Горячев, ки баъди кофтукоб дар Австрия боздошту ба Русия истирдод шуд, дар куштор, ташкили созмони мусаллаҳ, экстремизм ва ғайра гунаҳкор мешавад. Тибқи иттилои тафтишот Горячев ва Никита Тихонов, саркардаҳои гуруҳи экстремистии “Созмони ҷангии миллатгароёни рус” дар даҳҳо куштор даст дошта, қатли пурсарусадои шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 низ кори дасти гуруҳи онҳост.

Ин гуруҳ ҳамчунин дар куштори ҳуқуқшинос Станислав Маркелов, рӯзноманигор Анастасия Боборова, додрас Эдуард Чувашов, вакили дифоъ Станислав Меркелов, ҳомиёни ҳуқуқ-Федор Филатов, Иля Ҷапаридзе, Иван Хуторский, қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси таиландӣ Муслим Абдуллоев, узви гуруҳи “Черние ястреби” Расул Халилов даст доштаанд.

Қаблан додгоҳи вилояти Маскав Тихоновро бо ин ҷароим ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда, дар назар аст, ки мурофиаи додгоҳии Горячев низ ояндаи наздик оғоз шавад.

Куштори Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири меҳнатии 20-солаи тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус, ки ба таври ваҳшиёна сараш аз тан ҷудо шуда буд, моҳи декабри соли 2008-ум дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба миён овард. Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як нотаи эътирозӣ аз мақомот таҳқиқи ин қазияро талаб карда буд.

Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта Муҳаббатшоҳ Азизов, падари Салоҳиддин аз қотилони писараш се миллион рубли русӣ товони зарари маънавӣ талаб кард.

Муҳаббатшоҳи 60-сола гуфт, бо гузашти шаш сол ҳанӯз ҷасади сар аз тан ҷудои писараш аз пеши чашмони ӯ дур намераваду руҳан азоб мекашад. Ба гуфтаи Азизов, ӯ аз боздошту ҳабси омилони эҳтимолии куштори писараш қаноматманд нест: “мехоҳам ин талаби ҷуброн барои дигар қавмгароён ва мақомоти тафтишотии Русия панд шавад. Сахттарин ҷазоро нисбат ба онҳо раво бинанд. Ҳар як муҳоҷири кушташуда падару модар дорад, хоҳару бародар дорад”.
Мӯҳр
ин милатгароихоро хукми катл даркор ба милсли худашон вахшиёна катл кунанд ана бад кам мешаванд.Мардуми бесохиби точика ёфтият чихеле ки хоханд издиватся мекунанду мекушанд а шумо журналисто хукуматдоронро таърифу тафсиф карда шинед онхо харсола садхо точики бесохибро ба таври вахшиёна катл мекунанду хукуматдорони мо бошад дар минбар баромада худашонро таърифу карда шиштиян. хамара ку ба русо додед акалан хукуки шахрвандони миллати худатона хафз намекнед бадбахтхо. имруз тамоми русхо ба хазур хоб мекнанд барои он ки давлати онхо ором аст ин ороми аз худи точикисон аст ки стансияи кайхони ОКНО-ро бо пули хандовар додеду имруз ки россия бо кадом давлати дунё ки чанг кард аввал душмнанои россия точикисонро бомбаборон мекнанд аниктарашстансияи кайхони ОКНО-ро а дар ончо ГЕСи норак аст ки худо накунад агар уро зананд заёда аз 3,5 миллион шахрванди точик зери обмонда халок мешавад 3,5 миилион точик харруз дар як сол 365 руз чони худро дар хатар мемонад, ки то рузхо ором хоб кунанд он бошад моро тахкиру катл мекунанду масхара мекунанд агар ман бачои ин хукуматдорони худамон мешудам номусам намебардош худамро мекуштам.

Хуни Точики (Кулоби)-ам мечушад вакте нисбати як Точик чунин берахмиро мефахмам . Афсус Афсус Афсус......

ПЕШ АЗ ХАБЗАШ ЯК МЕРАФТ
МЕДИД ВАРЗОБА СОХИБИ ЧОМАВУ,
ЛОКИ МЕШУДУ .ИНТИЛИГЕНЦИЯ ТОЧИКОН
ХУШ ОМАД МЕГУФТАНАШ.МОНАНДИ ТЕСАК В ТАДЖИКИСТАНЕ
ГУФТИ БЕНОМУСОНИ ТОЧИКОНИ БО ГАЛСТУК МОРО ДИГАР,
НАКУШЕД.МО МИЛАТЕМ..БАД МАХБАСИ МЕШУД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)